Ҳамкории Ўзбекистону Покистон ба дараҷаи сифатан нав мебарояд

2 марти соли равон дар Исломобод мулоқоти муовини Сарвазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Умурзоқов ва мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба тиҷорат ва сармоягузорӣ Абдул Раззоқ Довуд анҷом пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо рӯзномаи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба, омодагиҳо ба сафари дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ва чорабиниҳои дар ҷараёни ин сафар ба нақша гирифташуда, инчунин чораҳои минбаъда оид ба амиқсозии ҳамкориҳои шарикии ба ҳамдигар фоидабахши ду мамлакат баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки сафари сатҳи олӣ ба рушди муносибатҳои ду кишвар такони нави воқеӣ бахшида, имкон медиҳад, ки муносибатҳо ба сатҳи сифатан нав бароварда шаванд.

Дар мулоқот як қатор масъалаҳо дар соҳаҳои ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, нақлиёту логистика, фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуданд. Пас аз табодули афкор доир ба механизмҳои ҳалли онҳо ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ки нимаи дуюми рӯз доир мегардад, ба тавофуқҳои мушаххас бирасанд.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо пайравиашонро ба ҳамкории фаъол дар сатҳҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба пешбурди лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак, ки ба амиқсозии ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар нигаронида шудаанд, изҳор доштанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: