ҲАМКОРИИ БА ДӮСТӢ ВА НЕКҲАМСОЯГӢ АСОСЁФТА МУСТАҲКАМ МЕГАРДАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бино бар даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27 сентябр бо боздид ба ин мамлакат омад.

Дар аэропорти байналхалқии Душанбе Президенти мамлакатамонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифт.
Президентҳо дар Душанбе мулоқоти дуҷониба баргузор намуданд. Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки вохӯрии мазкур идомаи мантиқии мулоқоти мунтазам дар дараҷаи олӣ ба ҳисоб меравад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва маданиву инсонпарварӣ баррасӣ шуданд.
Ба туфайли иродаи сиёсии президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон тӯли солҳои охир муносибатҳои дӯстӣ ва некҳамсоягӣ ба дараҷаи нав бардошта шуда, халқҳоямон боз ҳам қарин гардиданд.
Хусусан ташрифҳои давлатии Президентамон Шавкат Мирзиёев моҳи марти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи август ба Ӯзбекистон воқеаҳои таърихӣ гардиданд.
Муносибатҳои ошкоро, эътимодбахш ва дӯстонаи байни сарони давлатҳо на танҳо ба таҳкими ҳамкории Ӯзбекистону Тоҷикистон, балки таъмин кардани сулҳу рушди устувори тамоми Осиёи Марказӣ хидмат мекунанд.
Мамлакатҳоямон дар доираҳои СММ, СҲШ, ИДМ ва сохторҳои дигари байналхалқӣ самарабахш ҳамкорӣ мекунанд. Ҷонибҳо бино бар масъалаҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ мавқеи ба ҳам монанд доранд. Мубодилаи  ҳайати вакилони дараҷаҳои мухталиф ва равобити байниминтақавӣ фаъол гардиданд.
Бо ташаббуси сарвари давлатамон 7 марти соли ҷорӣ дар боғи марказии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд муҷассамаи мутафаккирони барҷастаи адабиёти ӯзбеку тоҷик Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ гузошта шуда буд. 
Ҷавобан ба ин ташаббуси нек дар шаҳри Душанбе боғи фарҳанг ва истироҳати  ба номи Алишер Навоӣ созмон дода шуда, дар он муҷассамаи ин шахсони бузург гузошта шуданд, ки таҷассуми навбатии таҳкими дӯстии байни халқҳоямон гардид.
Дар доираи ташрифи Президенти мамлакатамон маросими кушоиши боғи нав, инчунин муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ба амал омад.
Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон ба пояи муҷассамаи мутафаккирони бузург гулчанбар гузоштанд.
Боғи ба номи Алишер Навоӣ дар беш аз ду гектар доман густурдааст. Дар ин ҷо барои ташрифоварандагон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дар шафати нишастгоҳҳо ҳайкалчаҳое гузошта шудаанд, ки китобхониро тарғиб мекунанд. Асарҳои санъати мазкур, ки дар онҳо симоҳои падар ва писар, модар ва духтар, бобо ва набера инъикос ёфтаанд, ҳар касро ба ошноӣ пайдо намудан бо китоб водор менамояд. 
Шавкат Мирзиёев ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода ташриф овард. Ба шарафи меҳмони олӣ кӯчаҳои шаҳр идона зеб дода шуда, байрақҳои ду мамлакат алвонҷ мехӯранд, панноҳо гузошта шудаанд. 
Дар даромадгоҳи шаҳр ҳазорҳо нафар сокинон ҷамъ омаданд. Онҳо сарвари давлатамонро самимона истиқбол намуданд. Сурудҳои халқӣ садо дода, рақсҳо иҷро шуданд. 
Сиёсати рӯшод, ҳамкорӣ ва кушодадилии Президенти Ӯзбекистон нисбати давлатҳои ҳамсоя ба сокинони Турсунзода ҳам хушнудӣ бахшидааст. 
Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ ва Созишнома дар бораи равуои тарафайни шаҳрвандон, ки дар рафти ташрифи давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расиданд, дар ҳаёти халқҳоямон нақши муҳим бозиданд. Барқарор карда шудани кори нуқтаҳои гузаргоҳии сарҳадӣ, ҷорӣ кардани низоми бераводид ба муҳлати то 30 рӯз, ба роҳ монда шудани хатсайрҳои нави автобусҳо ва  нақлиёти ҳавоӣ барои одамон қулайиҳои васеъ фароҳам меоранд. 
Президентҳо ба Корхонаи воҳиди давлатии «ТАЛКО»-и шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Корхонаи мазкур ба қатори истеҳсолгарони азими ҷаҳонии алюминий шомил мегардад. Дар соли 2007 завод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик» («ТАЛКО») табдил дода шуда буд. Дар ин ҷо соле 105 ҳазор тонна алюминийи ибтидоӣ истеҳсол карда мешавад, ки асосан ба содирот нигаронда шудааст. Ба ғайр аз ин, корхона беш аз 70 номгӯйи молҳои истеъмолӣ истеҳсол менамояд. Дар айни ҳол дар завод қариб 8 ҳазор нафар меҳнат мекунанд.
Сарвари давлатамон бо ҷараёни рехтани алюминий шинос шуда, маҳсулоти тайёрро аз назар гузаронд.
Маросими тақдимоти корхонаи муштараки ӯзбекистониву тоҷикистонӣ дар шакли ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ТАЛКО-Крантас» бино бар истеҳсоли техникаи махсус ба амал омад, ки он моҳи июли соли ҷорӣ якҷоя бо ҶММ «Крантас груп»-и Ӯзбекистон ва ширкати алюминийи Тоҷикистон созмон дода шуда буд. 
Корхона автокранҳо, присепҳои тракторӣ, нимприсепҳо ва техникаҳои дигари махсус истеҳсол менамояд. Қисмҳои эҳтиётиро Ӯзбекистон расонда медиҳад, васлу насбро бошад, Тоҷикистон амалӣ менамояд. 
Қариб ними аҳолии 300 ҳазорнафараи шаҳри Турсунзодаро ӯзбекҳо ташкил медиҳанд. Хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр асосан бо токпарварӣ шуғл меварзанд. Токзорҳои ин ҷо токзорҳои ноҳияи Бешариқи Фарғона ё ки ноҳияи Паркенти вилояти Тошкандро мемонанд.
Роҳбари хоҷагии «Боғи сомон»-и ноҳияи Турсунзода Камол ҳоҷӣ Мадумаров дар асл фарзанди деҳқони ноҳияи Олтиариқи мамлакатамон мебошад. Вай аз пайи падар рафта, ҳамчун деҳқони меҳнатдӯст сазовори эҳтиром шудааст. Дар айни ҳол хоҷагӣ дар майдони умумии 500 гектар токзор дорад. Дар ин ҷо 1 100 нафар меҳнат карда, чунин навъҳои ангур, мисли «Ҳусайнӣ», «Ризамат», «Каттақӯрғон», «Келин бармоқ» ва дигарҳо руёнда мешаванд. 70-80 фоизи маҳсулот ба содирот бароварда мешавад. Дар айни ҳол дар анбори яхдонии ғунҷоишаш 1,2 ҳазор тоннаи хоҷагӣ корҳо бино бар бор кардани ҳосил дар ҷӯшу хурӯш аст.
Президентҳо бо кори анбори мазкур шинос шуда, дар токзорҳо шуданд. Шавкат Мирзиёев ба Камол Мадумаров автомобили «Captiva»-и истеҳсоли мамлакатамонро тӯҳфа кард. Сарвари давлатамон инчунин ба хоҷагии деҳқонии «Ватан»-и ҳамин ноҳия ташриф оварда, ба роҳбари он Неъмат Усмонов автомобили «Captiva» тӯҳфа кард.
Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Шавкат Мирзиёев 28 сентябр дар ҷамъомади Шӯрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе иштирок менамояд. 

ӮзА.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: