ҲАМКОРИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР ТАШКИЛ КАРДАНИ ТАФТИШОТ БО ИШТИРОКИ НОБОЛИҒОН

Дар пойтахт 22 октябр таҳти мавзӯи «Масъалаҳои таъмин кардани адолат ҳангоми пурсиши бачаҳо, ки қурбон ва шоҳиди ҷиноят гардидаанд» семинар-тренинги байналхалқӣ ташкил карда шуд.

Дар чорабинӣ, ки намояндагии Фонди бачагонаи СММ (ЮНИСЕФ) якҷоя бо Департаменти тафтишотии назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва созмонҳои дигар ташкил карданд, муфаттишони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорони Академияи Прокуратураи генералӣ, судяҳо иштирок карданд.
Мақсади асосии чорабинӣ аз  ҷорӣ кардани таҷрибаи байналхалқӣ ҳангоми пеш бурдани ҷараёнҳои тафтишотии ба бачаҳои қурбони ҷиноят гардида алоқаманд дар асоси тамоюлҳои адолат ва бо дарназардошти  ҳолати рӯҳии онҳо иборат мебошад.
Директори Маркази тадқиқотии омӯзиши мушкилоти адолати назди Шӯрои олии судяҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Д. Орипов, муовини аввали сардори Департаменти тафтишотии назди Вазорати корҳои дохилӣ И. Бобомуродов, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар мамлакатамон С. Грауман, Сафири Фавқулодда ва Мухтори конфедератсияи Швейтсария дар Ӯзбекистон О. Шав ва дигарон таъкид карданд, ки Ӯзбекистон бино бар таъмин кардани ҳуқуқ ва озодии инсон, ҳифзи модару кӯдак, ташкил кардани низоми суди одил ислоҳоти васеъмиқёс татбиқ менамояд.
Шарикии байналхалқӣ ҳангоми татбиқи дигаргунсозиҳои мусбат дар самти мазкур баҳои баланд гирифт. Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ дар тарбия намудани авлоди наврас, хушсифат ташкил кардани кор бино бар ҳифзи иҷтимоии онҳо, дар амал васеъ татбиқ намудани дигаргуниҳои ҷаҳон дар самти мазкур аҳамияти муҳим дорад.
Фармони Президент Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чораҳо оид ба куллан баланд бардоштани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, пурзӯр гардондани масъулияти онҳо барои таъмин кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи боэътимоди ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон» аз 10 апрели соли 2017 барои таъмин кардани бехатарии шаҳрвандон, рушди звеноҳои поёнӣ, ки ба мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ ташкил шудаанд, ҳамчун асоси муҳими ҳуқуқӣ хидмат мекунад.
Дар мамлакатҳои бонуфузи ҷаҳон таҷрибаи баргузор намудани суҳбат бо ноболиғон, ки қурбон ё ки шоҳиди парвандаҳои ҷиноӣ шудаанд, дар хонаҳои ҷудогонаи дорои  шароитҳои зарурӣ мавҷуд мебошад. Ба мақсади ҷорӣ кардани пурсиши ноболиғон дар низоми ватании тафтишот хонаҳои алоҳида ташкил карда шудаанд. Аз онҳо фаъолияти 3-тояшон якҷоя бо ЮНИСЕФ ба роҳ монда шудааст. 
– Иштироки бачаҳо дар ҷараёни тафтишот набояд ба руҳияти онҳо таъсири ногувор расонад, – мегӯяд роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Ӯзбекистон Саша Грауман. – Ин, дар навбати худ, пайваста баланд бардоштани таҷрибаи намояндагони тафтишотро дар масъалаҳои ташкил кардани пурсиши бачаҳо, ки шоҳиди ҷиноят гардидаанд, тақозо менамояд. Фонди мо ният дорад, дар самти мазкури ҷараёни баланд бардоштани малакаи кадрҳои Ӯзбекистон иштирок намояд. Бино бар ба роҳ мондани фаъолияти ба ин мақсадҳо нигарондашуда нақшаҳо таҳия мегарданд. 
Чи хеле, ки дар чорабинӣ таъкид гардид, омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар тафтишоти ба ноболиғон алоқаманд, ки қурбон ё ки шоҳиди ҷиноят гардидаанд, имконияти барвақт зоҳир намудани қонуншиканӣ, амиқ таҳлил намудан, ошкор ва барҳам додани сабаб ва шароитҳои содир намудани онҳоро фароҳам меорад.

Зуҳро МИРЗАБОЕВА, 
мухбири ӮзА. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: