Бо ташаббуси бахши вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон дар шаҳри Риштон семинари вилоятии кормандони матбуоти даврӣ баргузор шуд.
Дар семинар масъалаи фаъолияти журналистони даврии вилоят дар мисоли рӯзномаи “Риштон ҳақиқати” фикру ақидаҳо ва дархосту пешниҳодҳо муҳокима гардиданд.
– Рӯзномаи «Риштон ҳақиқати» аз соли 1931 инҷониб нашр мешавад ва яке аз нашрияҳои собиқадори водии Фарғона маҳсуб меёбад. Дар идораи ин рӯзнома қаламкашони моҳир фаъолият кардаанд, ки ҳиссаашон дар рушду такмили журналистика ва матбуоти даврӣ хеле калон мебошад, — гуфт раиси бахши вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Муҳаммадҷон Обидов.
Тӯли солҳои дароз дар ин рӯзнома як қатор журналистони ҷавон малакаву маҳорати худро сайқал додаанд, ки ҳоло дар расонаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва хориҷӣ фаъолият мебаранд. Ба гуфти ӯ муваффақиятҳои рӯзномаи «Риштон ҳақиқати» хеле зиёд аст, вале ҳамкории он бо муассис–ҳокимияти ноҳияи Риштон беҳбуди ҷиддӣ мехоҳад.
Ҳаёти имрӯзаро бе рӯзнома тасаввур кардан мушкил аст ва инро ҳар як фарди солимфикр набояд фаромӯш кунад. Ин нуктаро иштирокчиёни семинар низ борҳо такрор кардаанд.
Муовини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Фарғона ҳақиқати» Абдуҷалил Бобоҷонов таъкид намуд, ки журналистон бояд ҳамқадаму ҳамнафаси замон бошанд, аз равзанае ба ҳодисаву воқеаҳо назар афканда, онро баррасӣ намоянд, ки талаботи муштариро қонеъ карда тавонад. Яке аз камбудии ҷиддӣ суст шудани таваҷҷӯҳи муассисон нисбати нашрияи худ мебошад, ин «касалӣ» бояд дар фурсати зуд «табобат» шавад.
Дарҳақиқат, ин семинар боис гардид, ки журналистон ошкоро дар мавзӯъҳои дилхоҳ суҳбат кунанд, дар мавриди масъалаҳои муҳим табодули назар намоянд. Гуфта шуд, ки баргузории чунин семинарҳо дар рушду ривоҷи журналистика ба мақсад мувофиқ мебошад. Ҳамчунин, он дар беҳтар шудани ҳамкории миёни нашрияҳо ва муассисон низ хеле мусоидат хоҳад кард.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.