ҲАМКОРИИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ БОБАТИ МУВАФФАҚ ШУДАН БА ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ)-и Созмони Милали Муттаҳид ба ҳифзи инсоният ва баланд бардоштани некӯҳолии ӯ нигаронида шудааст, ки як навъ даъват барои ҳамраъйии амалиёт дар самти мазкур мебошад.

Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ)-и Созмони Милали Муттаҳид ба ҳифзи инсоният ва баланд бардоштани некӯҳолии ӯ нигаронида шудааст, ки як навъ даъват барои ҳамраъйии амалиёт дар самти мазкур мебошад.
Тавре ки маълум аст, парлумони ҳама гуна мамлакат ба ҷараёни пешрафти он нақши бузург мебозад. Аз ин нуқтаи назар беҳуда нест, ки 23-24 июн дар Бухоро анҷумани байналхалқӣ бахшида ба ҳамкории ҷаҳонии байнипарлумонӣ бобати муваффақ шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор баргузор мегардад.
Аз ҷумла Ӯзбекистон муътақиди қатъии муваффақшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор аст. Ба Стратегияи амалиёте, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев тасдиқ гардиду тӯли солҳои 2017-2021 амалӣ мегардад, метавон ба сифати барномаи миллие баҳо дод, ки ба татбиқ намудани Ҳадафҳои рушди устувори аз ҷониби СММ қабулгардида нигаронида шудааст. Панҷ самти бартариноки Стратегияи амалиёт куллан бо 16 пешниҳоди ҲРУ мувофиқат мекунанд.
Соли 2018 аз ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон 127 вазифа тасдиқ карда шуд, ки барои то соли 2030-юм татбиқ сохтани мақсадҳои вобаста ба рушди устувор пешбинӣ гардидааст. «Харитаи амалиёт» бинобар татбиқ сохтани мақсад ва вазифаҳои миллӣ қабул гардид. Бо сарварии муовини Сарвазир Шӯрои мутобиқсозӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин Комиссияи оид ба масъалаҳои таъмин намудани баробарии гендерӣ ва Шӯрои миллӣ оид ба аксуламал ба тамаъгарӣ таъсис ёфтанд, ки дар фаъолияти онҳо аъзои парлумон иштирок мекунанд. Ба шарофати дастгирии палатаҳои парлумон фаъолияти Парлумони ҷавонон ба роҳ монда шуд.
Соли 2020-ум Комиссияи парлумонӣ оид ба назорати татбиқсозии мақсад ва вазифаҳои миллӣ дар соҳаи рушди устувор таъсис ёфт. Дар кори он имконияти беш аз 6600 депутати Шӯроҳои маҳаллӣ истифода мешаванд. Фаъолияти комиссияи мазкур ба назорати доимии татбиқсозии мақсадҳо дар соҳаи рушди устувор ҳам дар дараҷаи миллӣ ва ҳам дар сатҳи минтақавӣ нигаронида шудааст.
22 июни соли 2020 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқҳои инсон қабул гардид, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла мақомоти оинномавӣ ва кумитаҳои шартномавии СММ тасдиқ шудааст. Ҳоли ҳозир фаъолияти мустақими Комиссияи парлумонӣ оид ба риоя кардани ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон татбиқ мегардад.
Моҳи июли соли 2020 Ӯзбекистон ба сафи 49 давлате, ки бобати иҷрои мақсад ва вазифаҳои миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон Маълумоти ихтиёрии миллиро пешниҳод кардаанд, ворид шуд. Дар шароити кунунии пандемия Ҳадафҳои рушди устувор беш аз пеш ҷиҳати рӯзмарра пайдо мекунанд. Зеро ҷаҳон алҳол бӯҳрони бинобар миқёси худ бузургеро, ки тайи 50 соли охир вуҷуд надошт, аз сар мегузаронад.
Дар анҷуман аъзои парлумон, вакилони созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва байнипарлумонӣ, идораҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва муассисаҳои давлатӣ иштирок мекунанд. Ҳамчунин 30 раис аз Парлумони Аврупо, Канада, Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Италия, Испания, Латвия, Булғория, Ҷумҳурии Куриё, Чин, Ҷопон, Индонезия, Малайзия, Таиланд, Туркия, Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон ва созмонҳои байналхалқӣ ширкат меварзанд. Аз ҷумла, котиби генералии Иттиҳоди байнипарлумонӣ изҳор дошт, ки дар ин анҷуман иштирок мекунад, вай бори аввал ба кишвари мо меояд.
Қайд гардид, ки анҷумани дар Бухоро баргузоршаванда барои парлумонҳои ҷаҳон баҳри фаъолтар кардани баррасиҳо ва коркарди баённомаи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ дар бораи баланд бардоштани нақши парлумонҳо бобати муваффақ шудан ба ҲРУ ва таъмин сохтани ҳуқуқи инсон, ки аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ пешниҳод гардид, имконияти хуб ба шумор меравад.
Тавре ки коргузори доимии СММ дар Ӯзбекистон Ҳелен Фрейзер таъкид мекунад, СММ анҷумани байналхалқиро, ки ба масъалаҳои ҳамкории ҷаҳонии байнипарлумонӣ дар соҳаи муваффақ шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор бахшида мешавад, бо қаноатмандӣ дастгирӣ менамояд. Раисони ҳар ду палатаи парлумон дар тайёрӣ ва баргузории анҷумани мазкур саҳми сазовор гузоштанд. Бо иштироки намояндагони парлумони як қатор кишварҳо вай барои табодули таҷрибаи тарафайн имконияти хуб фароҳам меоварад. Дар ин ҷараён фаъолияти Парлумони ҷавонон хеле муҳим мебошад.
Дар Ҳафтаи рушди устувор, ки ба қарибӣ ба вуқӯъ омад, 47 мутахассиси СММ ва Бонки умумиҷаҳонӣ ширкат ҷустанд. Як қатор мулоқотҳо баргузор шуданд. Ин натиҷаи ҳамкории қарини байни Ӯзбекистон ва СММ мебошад.
Инҳо самтҳои асосии мавзӯи анҷумани байналхалқӣ мебошад: нақши парлумон дар таъмин сохтани иҷрои самарабахши мақсадҳо дар соҳаи рушди устувор, бо маблағ таъмин сохтани чорабиниҳо бобати татбиқсозии мақсадҳо дар соҳаи рушди устувор, ташаккул додани нишондиҳандаҳои омории Ҳадафҳои рушди устувор, иштироки идораҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва ҷомеаҳо бинобар татбиқ намудани Ҳадафҳои рушди устувор, моҳияти назорати парлумонӣ, мониторинг ва баҳодиҳӣ ба татбиқсозии мақсадҳо дар соҳаи рушди устувор, пешбурди мулоқоти байналхалқӣ ва ҳамкории умумии байни парлумонҳои ҷаҳон дар роҳи рушди устувор.
– Кори асосии мо бобати татбиқсозии Ҳадафҳои рушди устувор ба беҳтар кардани ҳаёти инсон нигаронида шудааст, –мегӯяд Раиси Сенати Олий Маҷлис оид ба масъалаҳои занон ва баробарии гендерӣ Малика Қодирхонова. – Он чиз аҳамияти назаррас дорад, ки давраи татбиқсозии ҲРУ бо даврони татбиқсозии Стратегияи амалиёт бинобар панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 мувофиқ аст. Ҳадафи аввалини рушди устувор ин коҳиш додани камтаъминии аҳолӣ мебошад. Агар нишондиҳандаи мазкур дар соли 2015-ум 12,8 фоизро ташкил дода бошад, ҳоли ҳозир вай 11 фоиз кам гардид. Мақсади чаҳорум ин таъмин кардани таълими васеъмиқёс ва босифат аст. Агар соли 2017-ум дараҷаи фарогирии кӯдакон ба таълими томактабӣ 25,4 фоизро ташкил дода бошад, ҳоло ин нишондиҳанда аз 60 фоиз зиёд мебошад. Дараҷаи санитарӣ, таъминоти оби марказонидашудаи аҳолӣ дар соли 2017-ум 64,5 фоизро ташкил медод, алҳол он ба 67,8 фоиз баробар аст.
Бинобар натиҷаи анҷумани ҷаҳонӣ қабул кардани Баённомаи Бухоро дар бораи ҳамкории ҷаҳонии байнипарлумонӣ бинобар муваффақ шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор пешбинӣ гардидааст. Яъне парлумонҳои дар анҷуман иштирокдошта барои муваффақ шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ба дӯши худ ӯҳдадории муайяне мегиранд.

Нурулло НАСРИЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: