ҲАМКОРИИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД БО ӮЗБЕКИСТОН ВУСЪАТ МЕЁБАД

Шаҳри Тошканд муддати чаҳор рӯз ба маркази дидору мулоқотҳо ва имзокунии санадҳои зиёди ҳамкорӣ мубаддал гардид.

Шаҳри Тошканд муддати чаҳор рӯз ба маркази дидору мулоқотҳо ва имзокунии санадҳои зиёди ҳамкорӣ мубаддал гардид. Ба он баргузории нишасти солонаи Гурӯҳи Бонки исломии рушд, ки 1-4 сентябр  дар пойтахти мамлакатамон ба вуқӯъ пайваст, чун сабаби асосӣ хидмат намуд. Дар он намояндагони 57 мамлакати дунё ширкат намуданд. 
Дар маросими ифтитоҳи нишасти солонаи бонк Президент Шавкат Мирзиёев ширкат ва суханронӣ кард. Инчунин иштирокчиёни нишасти солона маърӯзаи раиси Бонки иломии рушд Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассирро низ шуниданд.
2 сентябр дар чаҳорчӯбаи нишасти солонаи Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд Форуми “Рӯзи сектори хусусӣ” баргузор гардид. Форуми мазкур дар платформаи худ ва дар чаҳорчӯбаи мулоқотҳои дуҷонибаи В2В ва В2G бештар аз 1000 нафар шахсони расмӣ, намояндагони сиёсӣ, роҳбарони вазоратҳо, идораҳо, палатаи тиҷорату саноат, бизнес-иттиҳодияҳо, намояндагони бизнес ва сармоягузорони хориҷиро аз мамолики аъзои БИР муттаҳид намуд.
Инчунин дар доираи барномаи нишасти солонаи 46-уми Шӯрои мудирони БИР гуфтугӯйи панелӣ баргузор шуд, ки дар мавзӯи “Тағйири парадигми трансформатсияи иқтисодӣ ва тавсеаи имкониятҳо барои қишри камбизоати Ӯзбекистон дар давраи баъдиковидӣ” сурат гирифт. 
Дарвоқеъ, ҳар як мулоқот ва гуфтугӯйи миёни намояндагони БИР ва ҳамкорони он бо натиҷаи хосе анҷом меёфт: созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, барои сармоягузорӣ намудани лоиҳаҳо корҳо барномарезӣ шуданд.
3 сентябр мувофиқи барномаи нишасти 46-уми БИР бахшида ба баррасии тамоюлҳои кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, таъсири  COVID-19 ба иқтисодиёти кишварҳои аъзои БИР, фаъолияти ин бонк барои дастгирии онҳо ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти марбута ба пандемия, гузашта аз ин, стратегияи БИР барои ояндаи наздик суҳбати «мизи мудаввар» ба амал омад.  
Он мусоидат намуд, ки оид ба таҳдидҳо ва мушкилоти дорои характери иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои аъзои БИР дар соли гузашта табодули назар карда шаванд. Гуфта шуд, ки инҳо болоравии сатҳи камбизоатӣ ва афзоиши нобаробарӣ ҳам дар кишварҳои алоҳида ва ҳам дар сатҳи байни кишварҳо ва байниминтақавӣ мебошанд. 
Дар ҷараёни ҷамъомади сеюми ин нишаст муовини Сарвазир – вазири сармояҳо ва тиҷорати хориҷӣ Сардор Умурзоқов бо вазири молия ва иқтисодиёти миллии Шоҳигарии Баҳрайн шайх Салмон бинни Халифа, вазири молияи Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ Муҳаммад ал-аз-Ҷадоан ва вазири хазинаҳо ва молияи Туркия Лутфӣ Элван дидору мулоқотҳо анҷом дод. 
Таъкид гардид, ки ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд на танҳо як чорабинии густарда ва доманадорест, ки намояндагони зиёдро аз кишварҳои гуногун гирди ҳам овардааст, балки платформаи музокироти дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин муҳокимаи масъалаҳои муҳими ҳамкории байни кишварҳо низ мебошад. 
4 сентябр боз якчанд мулоқотҳои корӣ ва имзои созишномаҳо роҳандозӣ гардиданд. Баъд бо ширкати муовини Сарвазир – вазири сармояҳо ва тиҷорати хориҷӣ Сардор Умурзоқов ва раиси БИР Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассир нишасти матбуотӣ баргузор шуд.  Ба гуфтаи С.Умурзоқов мақомоти раҳбарии БИР ва аъзои ҳайатҳо дастаҷамъона эътироф намуданд, ки саҳми Ӯзбекистон дар рушди олами ислом хеле беназир мебошад.
– Ба мо имкон дода шуд меҳмонони олимақомро, ки ба намояндагӣ аз бизнес, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ, инчунин сармоягузорони хусусӣ ширкат намуданд, пазироӣ кунем ва як майдони васеи мулоқотҳоро фароҳам оварем, – изҳор кард Сардор Умурзоқов.
Гуфта шуд, ки дар ҷараёни ин нишаст як қатор чорабиниҳои муҳим ва пурмазмун роҳандозӣ шуданд, ки иштирокчиён тавонистанд аз ин чорабиниҳо хеле босамар истифода баранд.
– Иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ баёнгари он мебошад, ки ҳамкории мо бо БИР аҳамияти хосаеро касб намуд ва лоиҳаҳои зиёд боз мавриди татбиқ қарор хоҳанд гирифт. Президент Шавкат Мирзиёев дар робита ба доман густардани фаъолияти БИР якчанд пешниҳоди ҷолибро дар миён гузошт, – гуфт Сардор Умурзоқов. 
Инчунин таъкид гардид, ки Ҳукумати Ӯзбекистон, Арабистони Саъудӣ ва БИР дар бораи ҳамкорӣ қатънома ба имзо расониданд. Бар асоси он Хазинаи тавсеаи имкониятҳои иқтисодии Ӯзбекистон бо сармояи аввалияи 100 миллион доллари амрикоӣ  таъсис дода мешавад. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик хазинаи он то ба 500 миллион доллар боло хоҳад рафт. 
– Тамоми мулоқоту гуфтушунидҳоямонро натиҷагирӣ карда, ба ҳамкор ва бародари худ, раиси БИР, Ҷаноби олӣ Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассир  ва роҳбарияти ин бонк ибрози сипосгузорӣ мекунам, ки маҳз барои баргузории нишаст пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошкандро интихоб намуданд, – гуфт муовини Сарвазири Ӯзбекистон. – Муҳимтар аз ин, баргузории ин нишаст ба вақте рост омад, ки мо 30-умин солгарди истиқлолияти Ӯзбекистонро ба таври васеъ ҷашн мегирифтем ва, тавре ки дар мо мегӯянд, ид болои ид омад.
Раиси БИР Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассир дар нишасти матбуотӣ изҳор кард, ки нутқи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  аълоҳазрат Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи нишасти 46-уми Шӯрои мудирони БИР барояш манбаи илҳом гардид.
– Дар Тошканд моро хеле хуб пазироӣ карданд ва намунаи олии меҳмоннавозиро нишон доданд. Гузашта аз ин, чорабиниҳои изтирорӣ боис гардид, ки нишасти мо дар фазои амну осудагӣ аз бемории куруно гузарад, – гуфт Сулаймон ал-Ҷассир.
– Медонед, дар мулоқотҳо аз ҳамаи мамлакатҳои аъзо 4 ҳазору 100 нафар иштироккунандагон ин ҷо буданд ва аз 27 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ намояндагони ташкилотҳои ҳамкор низ ҳузур доштанд. Ба далели ин имкон фароҳам омад, ки ғояҳои зиёду бамаънӣ ва таклифҳо дар миён гузошта шаванд, фикрҳои ҷолиб иброз гарданд, – гуфт раиси БИР.
Ба таъкиди ӯ табодули назарҳо дар ин чаҳор рӯзи охир донишу маҳорати ҳамаро беш аз пеш афзоишу такмил дод.
– Бояд эътироф намуд, ки пахши КОВИД-19 дар мамлакатҳои аъзои БИР оҳиста коҳиш меёбад. Бо вуҷуди ин, се мавзӯи дурнамо дида баромада шуд: суръат бахшидани барқароршавии баъди КОВИД-19, мубориза ба муқобили афзоиши камбизоатӣ, афзоиш додани барқарорӣ ва фаровонӣ, кумаккунӣ ба “ривоҷи сабзи иқтисодӣ” дар мамолики аъзои БИР, – тазаккур дод Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассир.
Тавре ки мавсуф гуфт, хеле хушҳол аст, ки миёни гурӯҳи БИР ва даҳ мамлакати аъзои он бо маблағи 1,2 миллиард доллари ИМА 30 созишномаи молиявӣ ба имзо расиданд. Ин маблағҳо соҳаҳои тандурустӣ (ваксинаҳои КОВИД-19), таъмини оби ошомиданӣ ва беҳбуди вазъи санитарӣ, рушди кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика, амнияти хӯрокворӣ, молияи исломӣ, бизнеси хурду миёнаро фаро хоҳанд гирифт.
Гуфта шуд, ки аз ин миқдори маблағ 330 миллион доллари ИМА барои манфиатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарф карда мешавад.Соли 2022 ҷамъомади солонаи БИР дар Миср баргузор мегардад. 

Мирасрор АРОРОВ,
Хабарнигори “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: