ҲАМКОРИИ ДУ ДАВЛАТ БОЗ ҲАМ ТАҲКИМ МЕЁБАД

Дар ҷараёни боздиди сарвари давлати мо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, муайян кардани «нуқтаҳои рушд»-и шарикии гуногунҷабҳа ва пешбурди лоиҳаҳои мушаххас ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои амалии дарозмуддат таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

Дар ҷараёни боздиди сарвари давлати мо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии  стратегии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, муайян кардани «нуқтаҳои рушд»-и шарикии гуногунҷабҳа ва пешбурди лоиҳаҳои мушаххас ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои амалии дарозмуддат таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.
Имрӯз иродаи сиёсӣ ва сиёсати оқи-лонаю дурандешонаи президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар таърихи кишварҳои мо саҳифаи нав кушод. Дар муддати кӯтоҳ муносибатҳои ду кишвар тақвият ёфта, ҳамкории мустаҳкам ба роҳ монда шуд.
Бо ташаббуси роҳбари давлати мо масъалаҳои гумрукӣ ва сарҳадии байни ду кишвар ҳалли худро ёфтанд. Ҷараёни туризми мутақобила сол аз сол густариш меёбад. Ормону орзуҳои шаҳрвандони мо барои аёдати наздикони худ ҷомаи амал пӯшид. Риштаҳои қадимии хешутаборӣ ва бародарии байни халқҳои ӯзбек ва тоҷик барқарор гардиданд.
Аз ҷумла, дар вилояти Самарқанд, ба мисли тамоми миллатҳо дар сулҳ ва ҳамфикрӣ зиндагӣ кардани тоҷикон, маънои аз азал яктану якҷон будани як халқи бо ду забон ҳарфзанандаро  дорад.
Алоҳида қайд кардан ҷоиз аст, ки муносибатҳои ду кишвар дар ҳама самтҳо вусъат ёфта, алалхусус муносибатҳои байнипарлумонӣ ривоҷ меёбанд. Гурӯҳи байнипарлумонӣ оид ба ҳамкории Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ба мубодилаи мунтазами ҳайатҳои парлумонӣ, мубодилаи таҷриба дар соҳаи қонунгузорӣ ва назорату таҳлилӣ диққати калон дода мешавад.
Таъмини иштироки парлумонҳои ду кишвар дар конфронсҳо ва форумҳои байналмилалӣ дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон низ самти муҳими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти муштарак механизми доимии ҳамкории байнипарлумониро ба роҳ мондан мумкин.
Дар оянда, бешубҳа, ҳамкории байнипарлумонӣ дар рушди минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар, таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати созишномаҳои дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ, сармоягузорию технологӣ, фарҳангию гуманитарӣ, нақлиёту коммуникатсия ба дастомада нақши муҳим мебозад.
Рушди мусбати муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба рушди устувори тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.

Шавкат ҶАЛОЛОВ,
узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: