ҲАМКОРИИ ДӮСТОНА ДАР ИЛМ

Моҳи марти соли 2018 Президенти кишвари мо Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Душанбе ташриф овард.

Ҳангоми вохӯрии воломақом чандин ҳуҷҷати таърихӣ ва барои рушди ҳарду мамлакат қарордодҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расиданд.
Дар қатори имзои ҳуҷҷатҳо масоили навсозии илму фан, техника ва технологияи ҳарду давлат ва рушди ҳунармандии миллӣ низ дида шуд.
Бо мақсади амалисозии қарордодҳои ин ҳамкорӣ ба наздикӣ дар Донишкадаи омӯзгории Панҷакенти Тоҷикистон конфронси илмиву адабии байналхалқӣ ба амал омад.
Дар конфронси илмиву амалии байналхалқие, ки дар ин донишкада таҳти мавзӯи «Барои рушди устувори об дар солҳои 2018-2028» дар қатори олимони ӯзбекистонӣ муаллимони Донишгоҳи давлатии Бухоро ва Маркази ҳудудии бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи кормандони таълими халқи назди донишгоҳи мазкур, инчунин, донишҷӯёни Донишкадаи тиббии Бухоро ширкат варзиданд.
Дар конфронс аз мамлакатҳои ИДМ муаллимон, профессорон ва донишмандону мутахассисон иштирок карданд. Конфронс бо истиқболи меҳмонон шурӯъ гардида, дар қатори дигар ҷойҳои ҷолиби диққати Панҷакент ба ёдгории шаҳри Саразм, ки қариб 5500 сол таърих дорад, сафар ташкил гардид.
Меҳмонон дар нимаи дуюми рӯз ба зиёрати қабри Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рафта, он ҷо оятҳо аз Қуръон тиловат карданд. Иштирокчиёни конфронс охири рӯз дар пойгоҳи кӯҳнавардиву сайёҳии «Артуч», ки дар силсилаи кӯҳҳои баланди Панҷакент ҷойгир шудааст, манзил гирифтанд.
Ректори Донишкадаи омӯзгории Панҷакент, академики ифтихории Донишгоҳи Оксфорд Муаззамхон Ансорӣ бо сухани табрикӣ кори конфронси илмиву амалиро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Баромади олимони Ҷопон, Белорус, Украина, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон шунида шуд. Аз донишгоҳҳои Сурхондарё, Сирдарё, Тошканд ва Самарқанд низ олимон ширкат варзиданд.
Профессори кафедраи таърихи Донишгоҳи давлатии Бухоро, доктори илмҳои техника Шодмон Ҳайитов дар мавзӯи «Таҷрибаи таърихии истифода аз захираҳои об дар Осиёи Марказӣ» маърӯза кард ва бо унвони илмии «профессори ифтихорӣ»-и донишкадаи мазкури Панҷакент тақдиронида шуд.
Ҳусан Ҷӯраев дар мавзӯи «Истифодаи об ҳангоми истеҳсоли коғаз дар Бухорои қадим» маърӯза карда, оиди таърихи дар асрҳои VII-VIII баъд аз Чин ва Ҷопон дар Осиё дар Бухоро истеҳсоли коғази қадимӣ, дар давоми 350 сол на фақат Осиёи Миёна, балки мамлакатҳои дунёро бо коғаз таъмин кардани Бухоро, коғази папирус ва пергаменти истеҳсоли Мисрро аз бозори коғази дунё баровардани коғазҳои Бухоро ва Самарқанд  маълумотҳои таърихӣ овард. Байни ДДБ ва ДДП қарордоди ҳамкорӣ ба тасвиб расид.
Дар охири конфронс донишҷӯёни Донишкадаи тиббии Бухоро ва Донишкадаи омӯзгории Панҷакент  изҳори назар карданд, ки минбаъд дар соҳаҳои гуногуни илму фан ҳамкорӣ мекунанд.

Ҳамро САФАРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: