ҲАМКОРИИ МИНТАҚАВӢ ОИД БА БАРТАРАФ НАМУДАНИ МУШКИЛОТИ АРАЛ БА ЗИНАИ НАВ МЕБАРОЯД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бино бар даъвати Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов 24 август ба шаҳри Туркманбошӣ ташриф оварда, дар ҷамъомади Шӯрои роҳбарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал иштирок кард.

Президенти мамлакатамон дар минтақаи сайёҳии «Аваза» бо Президенти Туркманистон вохӯрд.
Имрӯз муносибатҳои Ӯзбекистону Туркманистон бо суръати баланд ривоҷ меёбанд. Дар ин, пеш аз ҳама, дӯстии самимӣ, боварии байни сарони ду давлат, дастгирии тарафайн нақш муҳим мебозанд.
Мунтазамӣ касб намудани вохӯриҳои олидараҷа аз фаъол ривоҷ ёфтани муносибатҳои байнидавлатӣ далолат медиҳад. Аз ҷумла, ташрифи давлатии роҳбари Туркманистон моҳи апрели соли ҷорӣ ба Ӯзбекистон ба ҳамкории байни мамлакатҳоямон шавқмандии нав бахшид.
Вохӯрии индафъаинаи роҳбарони Ӯзбекистон ва Туркманистон давоми мантиқии мулоқоти ба ҳамдигар муфид, самарабахш ва фаъол гардид.
Шавкат Мирзиёев ба ташаббусҳои Туркманистон дар давраи раисиаш ба Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки лоиҳа ва саъю ҳаракатҳои мамлакатҳоямон дар ин бобат якдигарро пур мекунанд.
Гурбангулӣ Бердимуҳамедов роҳбари давлатамонро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки ҳамоиши роҳбарони мамлакатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал барои баррасии ҳамкории ҳам дуҷониба, ҳам бисёрҷониба имконияти мусоид фароҳам меорад.
Дар вохӯрӣ ҳолати имрӯза ва пешомади ҳамкории байни мамлакатҳоямон баррасӣ гардид. Ба татбиқи созишномаҳои пештар ба дастомада эътибор нигаронда шуд. Бино бар масъалаҳои минтақавӣ ва байналхалқии мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо мубодилаи афкор ба амал омад.
Ҷамъомади Шӯрои роҳбарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал аз вохӯрӣ дар ҳайати маҳдуд оғоз ёфт. Дар он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок карданд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои такмил додани фаъолияти фонд, беҳтар гардондани вазъи экологӣ дар минтақа, ба тариқи мутобиқат идора намудани захираҳои об, мустаҳкам кардани ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар ин самт баррасӣ гардиданд.
Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал созмони минтақавӣ ба ҳисоб рафта, ба мақсади барҳам додани бӯҳрони экологӣ ва беҳтар гардондани ҳолати иҷтимоиву иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал соли 1993 аз ҷониби Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон таъсис дода шудааст. Давлатҳои муассис ба он  ба муҳлати се сол раисӣ мекунанд. Роҳбари мамлакати раисикунанда ҳамчун президенти Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал интихоб мегардад. Аз соли 2017 ба фонд Туркманистон раисӣ мекунад.
Аҳамияти ҳамоиши имрӯза аз он иборат аст, ки он баъд аз қариб даҳ соли ҷамъомади соли 2009-уми фонд ташкил карда мешавад.
Бӯҳрони Арал ҳалокати калонтарини экологии замон ба ҳисоб меравад. Чанги қаъри баҳр соле қариб 80 миллион тонна намак ва моддаҳои кимёвии зарарнокро ба ҳудуди аз Аврупои Шарқӣ то куҳҳои Ҳимолай паҳн менамояд, ки аз хусусияти глобалӣ гирифтани муаммо далолат медиҳад.
Аз ин нуқтаи назар ҳамоиши мазкур дар ба вазъи экологии Наздиарал ҷалб намудани эътибори институтҳои бонуфузи молиявӣ, созмонҳои байналхалқӣ, ширкатҳои донории хориҷӣ, инчунин, ҷомеаи тиҷорат аҳамияти муҳим дорад.
Дар давраи гузашта дар доираи хазина бино бар ҳаллу фасли масъалаҳои мураккаби обу энергетикаи минтақа, тақсимоти об, якҷоя идора, истифода кардан ва ҳифзи захираҳои об як қатор шартномаву созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Аз ҷумла, Ӯзбекистон бино бар тасбити вазъияти экологӣ, беҳтар гардондани шароити зисти аҳолӣ дар назди Арал лоиҳаҳои васеъмиқёс татбиқ намуд. Дар қариб 350 ҳазор гектар майдони хушкшудаи Арал ниҳолҳои саксавул ва дигари ба шӯр тобовар шинонда шуданд. 
Дар доираи Барномаи маҷмӯи чорабиниҳои нармгардонии оқибатҳои фоҷиаи Арал ва рушди минтақаи Наздиарал, ки барои солҳои 2013-2017 пешбинӣ шуда буданд, беш аз 500 лоиҳа татбиқ гардид. Зиёда аз ними онҳо лоиҳаҳои миллианд.
Барномаи давлатии рушди минтақаи Наздиарал дар солҳои 2018-2021, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев қабул шудааст, ба беҳтар гардондани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, сари вақт ва самарабахш татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ оиди нарм гардондани оқибатҳои фоҷиаи экологӣ хидмат менамоянд.
Ӯзбекистон ба фоҷиаи Арал эътибори ҷомеаи байналхалқиро низ ҷалб менамояд. Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии СММ ҷомеаи ҷаҳониро даъват намуд, ки саъю ҳаракати байналхалқиро бино бар бартараф намудани оқибатҳои бӯҳрони экологии мазкур ва ёрии амалӣ расондан ба аҳолии ҷабрдида муттаҳид намоянд.
Ӯзбекистон Конвенсияи истифодаи захираҳои оби Амударё ва Сирдарёро, ки аз ҷониби Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи прементивӣ барои Осиёи Марказӣ таҳия шудааст, дастгирӣ намуд. Бо дарназардошти ба тамоми сайёра дахлдор будани фоҷиа, бо ташаббуси Ӯзбекистон таҳти шафоати СММ бино бар ҳудуди баҳри Арал ва Наздиарал Фонди махсуси трастӣ таъсис дода шуд.
7-8 июни соли ҷорӣ дар Тошканд таҳти мавзӯи «Саъю кӯшиши муштарак оид ба нарм гардондани оқибатҳои  фоҷиаи Арал: муносибати нав, қарорҳои инноватсионӣ ва сармояҳо» конфронси байналхалқӣ, дар доираи он форуми экологии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии Туркманбошӣ масъалаҳои муттаҳид гардондани саъю кӯшиши мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оид ба нарм гардондани оқибатҳои бӯҳрони Арал ва беҳтар гардондани вазъи экологии ҳудуд, якҷоя ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ барои коркард ва ҷорӣ кардани технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза барои Наздиарал мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҷамъомади ҳайати маҳдуд узви ҳайати Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва институтҳои молиявӣ, мутахассисон бино бар масъалаҳои экологӣ ва хоҷагии об иштирок карданд.
Дар ҷамъомад Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нутқ эрод кард. 
Сарвари давлатамон таъкид намуд, ки таҳти раисии Туркманистон бино бар такмил додан ва рушди фаъолияти сохтори бисёрҷониба, баланд бардоштани нуфузи байналхалқии он корҳои васеъмиқёс амалӣ гардонда мешаванд.
– Ҷамъомади  имрӯзаи таърихии сарони давлатҳои муассиси фонд, ки баъд аз танаффуси қариб даҳсола баргузор мегардад, дар фаъолияти созмони мо саҳифаи навро боз менамояд, ба шарикии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ суръати нав мебахшад. Мо имрӯз ба ин ҳамкорӣ тайёрии қатъӣ доштанамонро исбот менамоем, – гуфт Шавкат Мирзиёев. 
Президенти мамлакатамон бино бар такмил додани фаъолияти Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ба ҳудуд, рушди иқтисодиёти «сабз», роҳандозии тадқиқотҳои илмӣ ва дигар масъалаҳо таклифҳои муҳимро пеш гузошт.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки таъмин кардани бехатарӣ ва устуворӣ дар Осиёи Марказӣ бевосита ба масъалаҳои якҷоя истифода бурдан аз захираҳои умумии об марбут мебошад, қарорҳои оқилона ва ҳамкории наздик дар ин самт ба беҳбудии мамлакатҳои минтақа хидмат мекунад. Алоҳида қайд гардид, ки ҳаллу фасли мушкилоти мазкур бидуни дарназардошти манфиатҳои тамоми мамлакатҳо ва халқҳои минтақа ғайриимкон аст.
Бино бар ҷамъбасти ҷамъомад Изҳороти муштараки роҳбарони давлатҳо қабул гардид.
Дар вохӯрӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ таъкид гардид, ки ҳамоиши мазкур  на танҳо дар фаъолияти фонд, балки рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бобати экология ва истифода аз об ба зинаи нав ибтидо гузошт, татбиқи таклифот ва ташаббусҳои дар он гузошташуда дар роҳи беҳтар гардондани ҳаёти халқҳои минтақа ба рушди минбаъдаи муносибатҳои сернақша хидмат мекунад.

Матназар ЭЛМУРОДОВ,
хабарнигори махсуси ӮзА.

ТОШКАНД–ТУРКМАНБОШӢ–ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: