ҲАМКОРИИ СЕРҚИРРАИ САРМОЯГУЗОРИИ ӮЗБЕКИСТОНУ РУСИЯ РИВОҶ МЕЁБАД

Дар доираи сафар ба мамлакати мо ҳайати вакилон таҳти сарварии раиси Корпоратсияи давлатии рушди «ВЭБ. РФ» И. Шувалов 17 сентябр дар як қатор чорабиниҳо ширкат варзид.

Дар доираи сафар ба мамлакати мо ҳайати вакилон таҳти сарварии раиси Корпоратсияи давлатии рушди «ВЭБ. РФ» И. Шувалов 17 сентябр дар як қатор чорабиниҳо ширкат варзид.

Корпоратсияи давлатии рушди «ВЭБ.РФ» соли 1922 таъсис ёфтааст. Бузургтарин институти рушд дар Русия бо активҳо ба миқдори 51 миллиард доллар мебошад, ки ба татбиқи сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ, навсозӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисод мусоидат мекунад.
Ҳоло дар Ӯзбекистон бо дастгирии «ВЭБ.РФ» 24 лоиҳа ба маблағи умумии 3,5 миллиард евро дар бахшҳои энергетика, металлургия, мошинсозӣ, кишоварзӣ ва нақлиёт татбиқ ва коркард мегарданд.
Тибқи барномаи сафар Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов бо аъзои ҳайати Федератсияи Русия аз комбинати маъдани кӯҳии Олмалиқ дидан кард.
Меҳмонон бо фаъолияти комбинат, ҷараёни азхудкунии кони «Ёшлик-1» ва корҳое, ки мутахассисон анҷом медиҳанд, шинос шуданд. Ба меҳмонон дар бораи лоиҳа ва раванди татбиқи он, иқтидори кон маълумот дода шуд. Сипас ба шарикон дар бораи корҳое, ки дар доираи барномаи сохтмони миқёсаш бузурги фабрикаи тозакунии миси № 3, азнавсозии иқтидорҳои асосии фабрикаи тозакунии миси №1 анҷом дода шудаанд, раванди истеҳсоли тилло ва нуқраи тозашуда дар заводи гудозиши мис батафсил маълумот доданд.
Дар Тошканд дар бинои Маркази байналмилалии тиҷорат мулоқоти муовини Сарвазир — вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Умурзоқов бо соҳибкорони Русия таҳти роҳбарии И.Шувалов ва ҳайати корчаллонӣ иборат аз намояндагони мақомоти давлатӣ ба амал омад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи баланди шарикии стратегии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русияро қайд карданд. Пайравиашонро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо роҳи тақвияти робитаҳои дуҷониба дар сатҳҳои гуногун изҳор намуданд.
Роҳбарияти «ВЭБ.РФ» хусусияти гуногунҷабҳаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои васеъро барои таҳкими шарикии тиҷоратии ду кишвар, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи саноатӣ ва роҳандозии робитаҳои устувори ҳамкорӣ таъкид кард.
Дар ҷараёни мулоқот омодагии мутақобила барои рушди муколама, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва муайян кардани нуқтаҳои нави ҳамкории ду кишвар дар соҳаи иқтисод дар шароити пандемия равона карда шудааст, инчунин масъалаҳо оид ба коркард ва тасдиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаҳои сӯзишворию энергетикӣ, маъдан, дорусозӣ, саноати мошинсозӣ, дар рушди инфрасохтори шаҳрӣ, туризм, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва нақлиёт баррасӣ гардиданд.
Сипас суҳбати «мизи мудаввар»-и Ӯзбекистон ва Русия дар мавзӯи «Самтҳои асосӣ ва лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Русия» баргузор гардид. Дар суҳбати «мизи мудаввар» ҷониби Русия — роҳбарияти Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия, Корпоратсияи давлатии рушди «ВЭБ.РФ», ҶС «Маркази содиротии Русия», ширкатҳо ва бонкҳои бонуфузи Русия, аз қабили «BMB NRC AGROLO-GISTICS», «Силовые машины», «Ростех», «Камаз», «Трансмашхолдинг», «МетПром», «Уралмашзавод», «Газпромбанк», аз ҷониби Ӯзбекистон — роҳбарони вазоратҳо, идораҳо, иттиҳодияҳои соҳавӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва намояндагони тиҷорат ширкат варзиданд. Иштирокчиён лоиҳаҳои муштараки сармоягузории таҳияшаванда, дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои саноатӣ ва густариши шарикии тиҷоратии байни соҳибкорони ду кишварро муҳокима карданд. 
Дар ҷараёни мулоқоти «мизи мудаввар» динамикаи баланди рушд ва миқёси ҳамкории байни ширкатҳои Русия ва Ӯзбекистон дар соҳаҳои сармоягузорӣ, технология ва кооператсияи саноатӣ таъкид гардид. Аз ҷумла, бо ҶС «Силовые машины» айни замон лоиҳаҳои навсозии блокҳои энергетикии нерӯгоҳҳои Сирдарё ва Фарҳод амалӣ мешаванд, якҷоя бо Корпоратсияи давлатии «Ростех» дар Ӯзбекистон васлкунии воситаҳои нақлиёти серталаби боркаши «Камаз» азхуд карда шуд.
Дар ҷараёни суҳбати «мизи мудаввар» намояндагони доираҳои тиҷоратии Русия дар бораи потенсиалҳои технологӣ ва сармоягузории ширкатҳое, ки онҳо намояндагӣ мекунанд, маълумот пешниҳод карданд ва нуқтаи назарашонро оид ба дурнамои рушди фаъолият дар Ӯзбекистон баҳам диданд.
Дар бораи механизмҳои ҳамкории минбаъда оид ба коркарди пешниҳодҳои мушаххаси лоиҳавӣ дар соҳаҳои энергетика, агрологистика, металлургия, нақлиёт ва таълим мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар бахшҳо ва самтҳои афзалиятнок ҳаракатҳои минбаъдаи амалӣ, ки барои ба даст овардани созишномаҳои мушаххас равона карда шудаанд, мувофиқа карда шуданд.
Дар охири суҳбати «мизи мудаввар» маросими имзои Созишнома дар бораи шартҳои табодули паёмҳои электронӣ дар системаи интиқоли паёмҳои молиявии Бонки Русия байни Корпоратсияи давлатии рушди «ВЭБ.РФ» ва ҶС «Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон», инчунин созишномаи қарзӣ оид ба маблағгузорӣ хариди техникаи автомобилӣ ва махсуси тамғаи «КАМАЗ» байни Корпоратсияи давлатии рушди «ВЭБ.РФ» ва КМ ҶММ «KAMAZ ASIA LEASING» ба амал омад.
Вохӯрии навбатӣ дар ҳокимияти шаҳри Тошканд ташкил карда шуд. Дар рафти мулоқоти Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев ва Игор Шувалов масъалаҳои таҳким ва рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷониба баррасӣ шуданд, лоиҳаҳои умедбахше, ки дар якҷоягӣ татбиқ карда мешаванд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳокими шаҳри Тошканд русиягиҳоро бо навсозӣ ва тағйиротҳо дар пойтахт ошно карда гуфт, ки дар тӯли ду соли охир миқёси сохтмон 32 фоиз афзуда, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 14 фоизро ташкил дод. Вай ба лоиҳаҳои муштарак бо сармоягузорон таваҷҷӯҳ намуда, гуфт, ки масъалаи рушди минбаъдаи Тошканд ва фароҳам овардани шароити муносиби зиндагии аҳолӣ устувор маҳсуб меёбанд.
Дар доираи вохӯрӣ ба ҷониби Русия як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла, «Дарё бӯйи бизнес-сити», «Маркази логистикӣ», ки ташкил ва рушди инфрасохторро дар ҳудуди барои ноҳияи нави пойтахт  Янги ҳаёт ҷудошуда пешбинӣ менамояд, муаррифӣ шуданд. Ҳамаи лоиҳаҳо мавриди таваҷҷӯҳи зиёди меҳмонон гардид ва гуфтанд, ки муколама дар бораи онҳо идома хоҳад ёфт.
Дар доираи сафар аъзои ҳайат аз Заводи металлургии Тошканд дидан карданд, дар ҶС «Россия экспорт маркази» дар муаррифии таҷҳизот барои маркази стимулятсияи Академияи тиббии Тошканд ширкат варзиданд. Ма-съалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба бо роҳбарияти Вазорати энергетика баррасӣ шуданд.

Ғайрат ХОННАЗАРОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: