ҲАМКОРИИ СУДМАНД

Дар доираи ҳамкориҳо бинобар вусъат додани робитаҳои савдо бо Ӯзбекистон сафорати Малайзия дар Ӯзбекистон, шуъбаи савдо (МАТRАDЕ, Алмаато) дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон бизнес-конфронс баргузор намуд.

Ҳайат таҳти роҳбарии муовини сардиректори Корпоратсияи рушди савдои хориҷии Малайзия Моҳд Мустафо Абдул Азиз ҳайати иборат аз намояндагони 13 ширкати Малайзия бо мақсади роҳандозии ҳамкорӣ ва коршиносӣ дар бизнес-конфронс ширкат варзид.
Ширкатҳои Малайзия барои амиқтар омӯхтани талаботи бозори маҳаллӣ вохӯриҳо гузаронданд, ба корхонаҳои воридкунанда ва дистрибютори мамлакати мо ташриф оварданд.
Бинобар таъкиди машваратгари шуъбаи савдои сафорати Малайзия Суреш Кумар намояндагони сафорати Малайзия ислоҳотеро, ки дар Ӯзбекистон бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев бобати либераликунонӣ ва шиддат бахшидани иқтисодиёти мамлакат амалӣ мегардад, баланд арзёбӣ мекунанд. Бидуни шубҳа, мо барои минбаъд боз ҳам мустаҳкам кардани ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон манфиатдор ҳастем. Омори ҷории савдои дуҷонибаи байни Малайзия ва Ӯзбекистон ҳамагӣ 3-4 фоизи савдои ҷаҳонии Ӯзбекистонро ташкил менамояд. Боварӣ дорем, ки барои вусъат бахшидан ва мустаҳкам кардани робитаҳои савдои дарамали байни ду мамлакат имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Мо барои васеъ гардондани савдои байни Малайзия ва Ӯзбекистон намояндагии худро боз намудем.
Бинобар маълумоти дастрас, савдои умумии байни Ӯзбекистон ва Малайзия дар давоми моҳҳои январ-августи  соли ҷорӣ ҳудуди 55,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуд.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: