ҲАМКОРИИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ИМА ДАВОМ ДОРАД

Вохӯрии муовини якуми Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Сафоев ва ҳайат зери сарпарастии намояндаи махсуси Комиссияи байналхалқии озодии эътиқоди ИМА Надин Мэнза баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар бобати озодии эътиқод, ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини мусолиҳаи байнидинӣ ва байниконфессия мубодилаи афкор намуданд. Ба чорабиниҳое, ки дар Ӯзбекистон дар заминаи таъмини озодии виҷдон ва эътиқод ба амал меоянд, баҳои мусбат дода шуд.
Вазифаҳои минбаъд мустаҳкамсозии озодии виҷдон дар Стратегияи ҳаракат низ акси худро ёфтааст, ки мақсадҳои таъмини бехатарӣ, мусолиҳаи байнимиллӣ ва таҳаммули динӣ, ба амал татбиқ намудани сиёсати мутаносиб, муфиди тарафайн ва конструктивро пешбинӣ менамояд.
Соли 2018 аз ҷониби Олий Маҷлис бинобар тавсияҳои гузоришгари махсуси СММ дар бобати таъмини озодии эътиқод «Харитаи роҳ» қабул гардид, дар бобати ба стандартҳои байналхалқии ҳуқуқи инсон мутобиқ гардондани ҳуҷҷатҳои қонунӣ дар қисми таъмини ҳуқуқи эътиқодмандон кор бурда мешавад.
Ба комёбии воқеӣ ноил гардидан дар заминаи таъмини озодии эътиқод чун қисми муҳими ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад. Дар навбати аввал эътибор ба такомул ва озодсозии ҳуҷҷатҳои қонунгузории миллӣ дар бобати дин нигаронда шудааст. Таҳияи адабиёти динӣ, тартиби иҷозати дохил намудан ва паҳн кардани он содда карда шуд. Тартиби ба рӯйхат гирифтани ташкилотҳои динӣ аз ҷониби давлат ба таври иловагӣ мақбул гардонда шуд. Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» пас аз бист сол дубора таҷдиди назар мегардад. Ӯзбекистон ба ин ҷараён коршиносҳои байналхалқиро ҷалб намудааст.
Таъкид гардид, ки сиёсати Ӯзбекистон дар бобати дин ба гуфтугӯи байниконфессияҳо ва дарназардошти таҳаммули динӣ нигаронда шудааст.
Ҷонибҳо дар мулоқот изҳори омодагӣ намуданд, ки дар бобати масъалаҳои муҳими озодии эътиқод гуфтугӯро идома диҳанд.

Н.НАСРИЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: