– мегӯяд ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ҷамшед Ҷӯразода
Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров яке аз куҳантарин мактабҳои олии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Он соли 1932 ташкил шудааст ва соли 1991 ба мақоми донишгоҳ соҳиб гардидааст. 17 факултет ва 77 кафедра дорад. Дар он ҷавонон аз рӯи 74 ихтисос аз тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил мекунанд. Ин донишгоҳро чеҳраҳои зиёди адабу ҳунар низ хатм кардаанд, ки бо номи онҳо Тоҷикистону тоҷикон ифтихор мекунанд – шоирону нависандагони варзидаи тоҷик Аминҷон Шукӯҳӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Муҳиддин Фарҳат, Абдумалик Баҳорӣ, Бурҳон Фаррух, Озод Аминзода, Фарзона, Баҳром Фирӯз, ҳунармандони мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ва Зебо Аминзода, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев, Рассоми халқии ИҶШС Зулфия Баҳриддинова ва даҳҳо дигаронро аз ин шумор номбар метавон кард, ки ба қуллаҳои баланди илму эҷод расидаанд. Суҳбати хабарнигори «Овози тоҷик» дар арафаи имтиҳоноти қабул ва соли нави таҳсил бо ректори ин донишгоҳ, доктори улуми таърих, профессор Ҷамшед ҶӮРАЗОДА дар заминаҳои ҳамкорӣ ва имкониятҳои илмиву таълимии муассисаи номдори таълимӣ буд.
– Дар даврони нав донишгоҳ ба чӣ дастовардҳо ноил гашт ва кадом омилҳо дар рушду нумӯъ мусоидат намудааст?
– Баъди касби истиқлоли кишвари азизамон саҳифаи дурахшон, рӯҳу равони тоза ва нерӯю тавони нав дар таърихи инкишофи донишгоҳ боз гардид. Дар сохтори донишгоҳ тағйирот ва навгониҳои ҷиддӣ ба амал омада, факултет ва кафедраҳо, равияву ихтисосҳои нав таъсис дода шуданд. Аз ҷумла, донишгоҳ ба тайёр намудани табибон, иқтисоддонҳо, рӯзноманигорон, шарқшиносон, мутахассисони соҳаи технологияи компутерӣ, менеҷмент, молия, бонк ва ғайра шурӯъ намуд. Дар фаъолияти донишгоҳ тайёр кардани мутахассисони илмӣ-омӯзгории соҳибунвон мақоми афзалиятнок касб намуда, соли 1996 бори нахуст дар таърихи донишгоҳ ду шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ба фаъолият оғоз намуд.
– Ҷавононе, ки аз Ӯзбекистон барои таҳсил омадаанд, бештар ба кадом соҳаҳо шавқу завқ доранд?
– Фикр мекунам, ки дар ин маврид наметавон байни ҷавонони ҳарду кишвари ҳамҷавор ягон тафриқа гузошт. Бо вуҷуди ин, мехостам қайд кунам, ки аксари ҷавонон, хусусан ҷавонони тоҷики ӯзбекистонӣ бештар пешаи омӯзгориро интихоб кардаанд, ки ин хеле хуб аст. Чаро? Дар ду даҳсолаи охир шумори хеле ками ҷавонони тоҷик аз Ӯзбекистон барои таҳсил ба Хуҷанд ва шаҳрҳои дигари кишвари мо меомаданд. Ин ҷо монеаҳо низ мавҷуд буд. Акнун ба шарофати сиёсати хирадмандонаи ду марди фозил – президентони ҳар ду кишвар ҳамаи ин садду монеаҳо аз байн бардошта шуданд, дари имкониятҳо барои тамоми соҳаҳо васеътар гардид. Ин бешак, мусоидат хоҳад кард, ки ҷавонон орзуву ормонҳои деринаи худро бароварда созанд ва баъди хатми донишгоҳи мо ба халқу кишвари худ бо садоқат хидмат кунанд.
– Донишгоҳи шумо ба донишҷӯёни хориҷӣ, хоссатан, ҷавононе, ки аз Ӯзбекистон омада таҳсил мекунанд, ҷиҳати фароҳам овардани шароити таҳсил ва ҷойи зист чӣ иқдом мекунад?
– Ҳоло яке аз авлавиятҳои кори худро ба ҷалби ҷавонони ин кишвари ҳамҷавор нигаронидем. Мо талош дорем, ки барои ин ҷавонон шароити хубу мусоидро фароҳам оварем ва аз ҳар нигоҳ онҳоро дастгирӣ кунем. Соли гузашта дар ҳудуди 300 нафар ҷавонон аз шаҳру вилоятҳои гуногуни Ӯзбекистон ба донишгоҳи мо дохил шуданд. Интизор меравад, ки имсол теъдоди онҳо ҳадди ақал ба ду карат афзоиш хоҳад ёфт. Дар мо барои духтарону писарон хобгоҳҳои алоҳида ташкил шудааст ва ин ҷавонон бевосита дар ҳамин хобгоҳҳои озодаву муҷаҳҳаз зиндагӣ хоҳанд кард.
– Як идда ҷавонони ӯзбек низ аз Ӯзбекистон омадаанд ва таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд интихоб кардаанд. Далелаш чӣ бошад?
– Соли якуми баъди барқарор шудани робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон арзиши шартномавӣ барои ӯзбекони кишвари шумо баланд буд. Аммо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон нархи пардохти онҳоро имсол хеле коҳиш дод. Аниқтараш, он ҳоло аз ёздаҳ миллион сӯми ӯзбекӣ ба чоруним миллион сӯм поин оварда шуд. Барои ҳамин теъдоди абитуриентон беш аз пеш афзоиш меёбад. Зимни имтиҳонҳои дохилшавӣ низ ба ин ҷавонон сабукиҳо дода шудааст.
– Оё метавонад бевосита боз шудани факултаҳои таҳсилашон ӯзбекӣ ҳамчун омили муҳими бештар ҷалб шудани ҷавонони ӯзбеки кишвари мо хидмат кунад?
– Оре. Солҳои пеш дар донишгоҳи мо якчанд факултаи ӯзбекӣ фаъолият мекарданд. Аммо бо гузашти айём ин факултаҳо аз байн рафтанд. Ҳозир мо факултаҳо ва гурӯҳҳои ӯзбекиро зиёд карда истодаем. Дар мо теъдоди омӯзгороне, ки ба таълиму тадрис дар ин факултаву гурӯҳҳо машғул хоҳанд шуд, мерасанд. Ҳамаи онҳо таҷрибаи калони корӣ доранд. Хусусан, потенсиали забон ва адабиёти ӯзбек дар мо хеле зиёд аст, барои ҳамин бори аввал мо кушодани факултаи забон ва адабиёти ӯзбекро ба нақша гирифтем ва амалӣ кардем. Як нуктаи муҳимро қайд мекунам, ки дар вилояти мо минтақаҳои ӯзбекзабон низ ҳастанд ва фарзандони аҳолии он ҳақи гирифтани маълумоти олӣ ба забони модариашонро доранд. Гузашта аз ин, мо бори нахуст гурӯҳи нави филологияи тоҷику ӯзбекро таъсис додаем, ки хатмкунандагони он метавонанд дар мактабҳои тоҷикиву ӯзбекӣ муштаракан бо фаъолият машғул шаванд.
– Донишгоҳи шумо бо кадом донишгоҳҳои Ӯзбекистон робитаҳои ҳамкорӣ барқарор кардааст?
– Дар айни ҳол мо бо Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Фарғона ва Донишгоҳи давлатии Тирмиз ҳамкориҳоро ба роҳ мондаем. Дар ояндаи наздик чунин робитаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои дигари Ӯзбекистон низ ба роҳ монда хоҳанд шуд.
Дар ин бахш мо мехоҳем аз олимони варзидаи Ӯзбекистон истифода кунем, таҷрибаи бою ғании онҳоро корбаст намоем. Ҳамчунин қарор аст, ки ба донишгоҳҳои Самарқанду Бухоро ва Фарғонаву Тирмиз омӯзгорони худро фиристем ва онҳо донишу маҳорат ва малакаашонро намоиш диҳанд, таҷриба иваз карда баргарданд.
– Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво.
Суҳбаторо
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.
ФАРҒОНА – ХУҶАНД – ФАРҒОНА.