ҲАМКОРИҲО БО ТУРКИЯ ВУСЪАТ МЕЁБАНД

Мо дар як замони хеле мураккаб умр ба сар мебарем.

Дар вазъи кунунӣ тараққиёт ва пешрафти давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода бе омӯзиши таҷриба ва сармояи кишварҳои рушдёфтаи хориҷӣ имкон надорад. Таъмини аҳолӣ ба шуғли доимӣ мушкилиҳо пеш меоварад. Ин аст, ки омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва ворид намудани сармояи хориҷӣ ба кишвар муҳимтарин омил аст дар рушду нумӯ ва беҳгардонии вазъи зиндагӣ ва фаровонии мардум.
Гурӯҳи намояндагони соҳибкор ва коршиносон бо сарварии ҳокими вилояти Навоӣ Нормат Турсунов ба Туркия ташриф оварданд. Мақсад боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳои саноатӣ, иқтисодию маданӣ, аз наздик шинос шудан бо фаъолият ва имконоту иқтидори корхонаҳо, расондани маълумот оиди имкониятҳои соҳаҳои саноативу тиҷоратии вилоят ва ворид намудани сармоя ба вилоят мебошад.
Намояндагони вилоят бо соҳибкорони турк вохӯрӣ намуданд. 
Соҳибкорон ва коршиносон бо раиси Палатаи тиҷоратии Анқара Гюрсел Баран музокира намуданд. 
Намояндагони вилояти Навоӣ аз минтақаи саноатии Анқара-1 дидан карда, бо сардиректори он Ҷунейт Чарик музокира анҷом доданд. Ҳамчунин, бо имконот ва фаъолияти минтақа аз наздик шинос шуданд.
Минтақаи саноатии Анқара-1 дар соли 1978 ташкил ёфта, беш аз 1000 гектар заминро дар бар мегирад. Дар минтақа истеҳсоли мошинҳои гуногунтамға, маҳсулоти сохтмон, кимиё, электротехника ва дигар маҳсулоти саноатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар минтақаи саноатӣ беш аз 300 корхонаи саноатӣ ба истеҳсолот машғул буда, 40 ҳазор нафар бо шуғли доимӣ таъмин мебошанд.
Намояндагони вилоят ба Палатаи тиҷоратии Ғозиёнтеп низ ташриф оварданд.  Дар ин ҷо бо иштироки намояндагони вилоят ва намояндагони беш аз 50 компанияи тиҷоратии турк бизнес-форум баргузор гардид.
Намояндагони вилоят аз компанияҳои «Tolkar», «ARCAN MACHI-NERY»,»Petrofer»,»Memorial hos-pital» дидан намуданд ва муваффақ шуданд, ки бо компанияи «Bioa-nalytik» ба миқдори 70 миллион доллар шартнома имзо кунанд. Ин компания дар вилояти Навоӣ корхонаи истеҳсоли асбобҳои тиббиро бунёд мекунад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: