Дар Вазорати хоҷагии об таҳти мавзӯи «Дар истифодаи оби дарёҳои трансҳудудӣ чораҳое, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба амал бароварда мешаванд» брифинг баргузор гардид.
Дар он роҳбарони вазорати номбурда, депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, намояндагон аз як қатор масканҳои таълими олӣ ва созмонҳое, ки марбут ба хоҷагии об мебошанд, вакилони расонаҳои хабарии хориҷӣ ва маҳаллӣ иштирок намуданд.
Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Ҳамроев баромад ва зикр намуд, ки масъалаи якҷо идора сохтан ва самаранок истифода кардан аз захираҳои оби трансҳудудӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамеша аҳамиятнок шуда омадааст. Вай афзуд, об – синоними калимаи ҳаёт, омили муҳими барқарории иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Ба меъёр ва принсипҳои ҳуқуқи байналхалқии об риоя сохта, Ӯзбекистон соли 2007 ба Конвенсияи байналхалқии об ҳамроҳ шуд. Мамлакати мо, ҳамчунин, дар барпо ва ташаккули Бунёди байналхалқии наҷоти Арал нақши ҳалкунанда бозид.
Дар як муҳлати кӯтоҳ, бинобар ҳамҷиҳат ба ҳалли масъалаи об саъй намудани роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, муҳити тозаи сиёсӣ дар минтақа офарида шуд.
Тавре маълум аст, 24 августи соли 2018 дар шаҳри Авази Туркманистон Саммити сарони давлатҳо - созмонҳои Бунёди байналхалқии наҷоти Арал (ББНА) бо иштироки президентҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид. Масъалаҳои солимии экологии дарёҳои умумии Осиёи Марказӣ ва муаммои Арал мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як қатор ташаббусҳо нишон дода, барои пешгирии ҳалокати экологӣ ва беҳсозии вазъ Наздиаралро минтақаи инноватсионӣ ва технологӣ эълон намуд. Роҳбари давлати мо, айни замон, ғояи якҷо ба таври оқилона ва сарфакорона аз захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ истифода намуданро пеш гузошт.
Дар натиҷаи фаъолияти гурӯҳи кории муштарак байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳури Қазоқистон тӯли ду соли охир бисёр масъалаҳои тезутунд марбут ба муносибатҳои обӣ ҳаллу фасл ёфтанд. Чорабиниҳои муштарак имкон доданд дарёи Сир баҳри боз ҳам беҳтар бо об таъминсозии майдонҳои кишт воқеъ дар ду ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор ёбад. Ба обанбори «Баҳри тоҷик» воқеъ дар Тоҷикистони шимолӣ, ки низ ҳолати ногувор дошт, шохобҳо аз водии Фарғона, минҷумла, обанбори Андиҷон гузаронида шуданд. Тавассути канали «Дӯстлик», ки аз дарёи Сир сарчашма гирифтааст, як қатор майдонҳои кишти Қазоқистон обёрӣ карда мешавад.
Бо мақсади якҷо идора ва самаранок истифодабарӣ аз захираҳо ва объектҳои оби трансҳудудӣ байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарордоди байниҳукуматӣ оиди якҷо идора ва истифода сохтани объектҳои обии трансҳудудӣ кор карда бароварда мешавад.
Мехоҳем дигарбора ҳамҷамъияти ҷаҳонро бовар кунонем, ҷумҳурии мо дар баробари беҳсозии вазъи мелиоративии худ баҳри баланд шудани дараҷаи обёрӣ ва таъмини об дар ҷумҳуриҳои ҳамҷавор саъй ба харҷ медиҳад, яъне ҳаракатҳоямон ба манфиати тамоми давлатҳои минтақа нигаронида шудаанд, гуфт вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар фуроварди сухан.
Пасон ӯ ба саволҳои мухбирони хориҷӣ ва маҳаллӣ бинобар масъалаи истифода аз захираҳои оби трансҳудудӣ ҷавоб гардонд.
М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».