Ҳамкориҳо доман фарох мекунанд

  • Ҳамкориҳо доман фарох мекунанд
  • Ҳамкориҳо доман фарох мекунанд
  • Ҳамкориҳо доман фарох мекунанд
  • Ҳамкориҳо доман фарох мекунанд

Тавсеаи ин ҳамкориҳоро метавон дар мисоли лоиҳаҳое дид, ки Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея – KOICA дар вилояти Бухоро таҳти татбиқ қарор додааст.

Тавсеаи ин ҳамкориҳоро метавон дар мисоли лоиҳаҳое дид, ки Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея – KOICA дар вилояти Бухоро таҳти татбиқ қарор додааст. Зимни ташкили сафари матбуотӣ ба вилоят як гурӯҳ журналистони расонаҳои хориҷиву маҳаллӣ аз ин ҳамкориҳо огоҳ гардиданд. Ин сафари матбуотиро Вазорати маҳалла ва дастгирӣ аз оила дар ҳамкорӣ бо KOICA таҳти унвони “Аз нигоҳи иҷтимоӣ дастгирӣ намудани аҳолии аз пандемияи  COVID-19 осебдида” роҳандозӣ кард.
Ваколатхонаи KOICA соли 1995 дар Ӯзбекистон таъсис ёфтааст. Аз ҳамон вақт то кунун ин агентӣ бештар аз 30 лоиҳаро таҳти татбиқ қарор додааст. Аз ҷумла, бар асоси яке аз ин лоиҳаҳо 1955 нафар кормандони идораҳои давлатӣ дар Корея такмили касб намуда баргаштаанд. Бештар аз 2 ҳазору 400 ихтиёриёни агентӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба сифати эксперт фаъолият кардаанд. Муҳимтар аз ин, KOICA ва Ӯзбекистон дар чаҳр самт ҳамкориҳоро тавсеа бахшидаанд ва Корея таъмини молии татбиқи лоиҳаҳои онро ба дӯш гирифтааст. 
Ёдовар мешавем, ки Президент Шавкат Мирзиёев соли равон дар Кореяи Ҷанубӣ сафари давлатӣ анҷом додааст. Дар ҷараёни ин сафар ба ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаи иқтисодиёти “сабз”, рақамикунонӣ, инноватсия ва технологияҳои замонавӣ, хадамоти коммуналӣ, хоҷагии об, кишоварзӣ, барқ, нақлиёт, таълим, тандурустӣ ва амсоли он таваҷҷӯҳи хос сурат гирифтааст.
Бахше аз ин ҳамкориҳоро агент5 бо Вазорати маҳалла ва дастгирии оилаи ҷумҳурӣ аллакай роҳандозӣ кардаву он натиҷаҳои пурсамар ба бор овардааст. Мудири KOICA Пак Сунҷин мегӯяд, ки соли 2020 агентӣ бо ихтисос додани 500 ҳазор доллари амрикоӣ барои аҳолии аз обхезии Сардоба зарардида якчанд лоиҳаро татбиқ намуд.
Барои татбиқи лоиҳаҳои KOICA дар вилояти Бухоро созмонҳои гуногун, аз ҷумла Хазинаи иҷтимоии байналмилалии “Замин”, Хазинаи байналмилалии хайрияи “Барои авлоди солим”, Маркази соҳибкории занону духтарон аз наздик ҳамкорӣ менамоянд. 
Маълум шуд, ки анҷоми корҳо ва татбиқи лоиҳаҳое, ки агентӣ дар ин вилоят бар дӯш дорад, бар асоси меморандуми имзошуда сурат мегирад. Мувофиқи ин меморандум намояндагии агентӣ дар Ӯзбекистон барои татбиқи лоиҳаи “Аз нигоҳи иҷтимоӣ дастгирӣ намудани аҳолии аз пандемияи  COVID-19 осебдида” дар қадами аввал 400 ҳазор доллари ИМА ихтисос додааст.
Ин лоиҳаҳо дар ноҳияҳои Қарокӯл, Шофиркон ва Когон татбиқ гардиданд. Дар ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои “Хоҷагон”, “Қалмоқон” ва “Хоҷаи якшаба”-и ин се ноҳия аз тарафи агентӣ марказҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ташкил карда шуданд.
Тавре ки ҳокими вилоят Ботир Зарипов зимни маросими кушодани маркази омӯзишии маҳаллаи “Хоҷагон”-и ноҳияи Қарокӯл гуфт, ташрифи сарвари давлатамон ба Кореяи Ҷанубӣ беш аз пеш сатҳи муносибатҳои ду кишварро дар тамоми соҳаҳо хеле боло бурд. Навгониҳоеро, ки дар вилояти Бухоро низ ба вуқӯъ мепайванданд, маҳз натиҷаи тавсеаи ин ҳамкориҳо арзёбӣ метавон кард.
Дарвоқеъ, зимни мушоҳидаҳои бевосита аз маросими кушодашавии Маркази соҳибкорзанони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои “Қалмоқон” ва “Хоҷаи Якшаба” низ маълум шуд, ки бунёди ин марказҳоро занону духтарон бо чӣ гуна нишоту хурсандӣ истиқбол мегиранд.
– Ман соҳибхоназан ҳастам. Баъзан барои он ки ба кӯдаконам ягон сӯзандору гузаронам, хеле овораву сарсон мешавам. Вақте ки дар маҳаллаи худамон таъсиси маркази омӯзиширо шунидам, тасмим гирифтам, ки дар гурӯҳи ҳамшираҳо андак саводи тиббӣ ҳосил кунам ва ҳангоми пеш омадани зарурат худам ба аъзои хонаводаам ва ҳаққу ҳамсояҳо хидмати аввалияи тиббӣ расонам. Фикр мекунам, ки ин ҷо дар муддати ду моҳ чунин маҳорату малака ҳосил хоҳам кард. Ба мо аз Иттиҳодияи тиббии ноҳия пизишк Бозоров Баҳодур омада дарс мегузарад ва моро тамрин низ медиҳад, – мегӯяд ба “Овози тоҷик” Дилафрӯз Маҳмудова.
Вай афзуд, ки роҳандозии чунин корҳоро қаблан занону духтарони маҳаллӣ ба гӯшаи хаёл намеоварданд. Аммо акнун ташкили марказҳои омӯзишӣ, бо ҷиҳози лозима таъмин намудани он ба як ҳолати муқаррарӣ табдил ёфтааст. Маҳмудоваи шофирконӣ бо қаноатмандӣ боз таъкид намуд, ки давлат ва ҳукумат барои онҳо барин занони деҳоти дурдаст ғамхориҳои беназир зоҳир мекунанд ва имкон фароҳам меоранд, ки соҳиби касбу кор шаванд. Барои ҳамин вай аз номи занону духтарони ҷамоати шаҳвандони маҳаллаи “Қалмоқон” ба Президент минатдорӣ мекунад.
Чун ду маросими қаблӣ, ки ба ифтитоҳи марказҳои омӯзишӣ бахшида шуд, дар назди бинои ороёфта ва муҷаҳҳази Маркази навтаъсиси занону духтарони соҳибкори ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Хоҷаи Якшаба» низ мардуми зиёд гирдиҳам омада буданд. Садои карнаю сурнай ва дафу доира аз он дарак медод, ки ин ҷо маросими хушу гуворое роҳандозӣ гаштааст. Занону духтарони зиёд дар бар либосҳои адрас саф ороста меҳмононро истиқбол гирифтанд.
– Дар ин маҳалла кушодани марказе, ки касбу кори нав ёд гирифтани занону духтаронро мадди назар дорад, имкониятҳои занону духтарони рустои дурдасти ноҳияи моро васеътар хоҳад намуд. Ба маҳаллаи Хоҷаи Якшаба  боз шаш маҳаллаи дигар ҳамсарҳад мебошанд. Дар байни аҳолии он дараҷаи бекорӣ нисбат ба минтақаҳои дигари ноҳияи мо баланд мебошад. Барои ҳамин мо дар ин марказ аз рӯи панҷ равия касбу кор меомӯзонем, – гуфт дар ин маросим ҳокими ноҳияи Когон Муҳиддин Эсанов.
Вай афзуд, ки 30 нафар занону духтарон дӯзанда, 20 нафар сартарош, 20 нафар технологияи ахбор, 25 нафар  муҳосиба ва 15 нафар ҳамшираҳои шафқат хоҳанд шуд. Ин курсҳо ба таври ройгон фаъолият мекунанд ва баъди анҷоми давраи омӯзиш духтарони дигар ба он ҷалб карда хоҳанд шуд.
 Маълум шуд, ки соли 2021 ҳудуди 2 ҳазору 229 нафар занону духтарони ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёзманд ба “Дафтари занон” дохил карда шуданд. Масъалаи асосӣ ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб намудан, баъд ба кор фаро гирифтани онҳо, инчунин расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба занону духтарони эҳтиёҷманд аз масъалаҳои мубрами ноҳия маҳсуб меёфтааст. Ҳоло дар ин самт тавонистаанд, ки 110 нафар занону духтарони шомили дафтарҳо бо кумакҳои молии KOICA аз курсҳои касбу ҳунаромӯзӣ гузаранд. 
Зимни суҳбат бо сокинони маҳаллаи Хоҷаи Якшаба Орзугул Мараҷабова аз таърихи номгузории маҳаллаашон андак маълумот ироа кард. 
– Хоҷаи Якшаба, тибқи ривоятҳо, ҳамагӣ як шаб дар деҳи мо ба ҳайси меҳмон ҳузур доштаанд. Одами донишманду заковатманде будаанд Хоҷаи Якшаба. Мегӯянд, ки дар давоми як шаб он кас ба Ҳақ расидаанд ва номи валиро гирифтаанд. Ҳоло ба номи Хоҷаи Якшаба дар шафати роҳи Когон – Қизилтеппа қабре мавҷуд аст, ки тармим ва атрофаш хеле ободу зебо гаштааст, – гуфт ин ҳамсуҳбати мо.
Ногуфта намонад, ки мураббиён ва омӯзгорони курсҳои омӯзишии вилоятҳои Сирдарё ва Бухоро дар чаҳорчӯби лоиҳаи KOICA дар муассисаи таълимии ғайридавлатии “Development School”-и шаҳри Тошканд такмили касб карда баргаштаанд. 
Ин агентӣ дар ҳамкорӣ бо Хазинаи иҷтимоии байналмилалии “Замин” ҷарроҳии 35 нафар кӯдакони сактаи қалбро барномарезӣ кардааст, ки аз зумраи фарзандони хонаводаҳои камбизоати аҳолӣ ҳисоб меёбанд. То кунун 19 нафари онҳо дар Маркази тиббии илмӣ-амалии ихтисисноки ҷарроҳии ҷумҳурӣ ба номи академик В.Воҳидов бистарӣ шудаанд.
Гузашта аз ин, агентӣ дар ҳамкорӣ бо Хазинаи “Барои авлоди солим” дар ноҳияҳои Қарокӯл, Олот, Пешкӯ, Қаровулбозор, Миришкор, Нишон ва Касбӣ бештар аз 3 ҳазору 500 нафарро дар дастгоҳҳои эхокардиограмма ва ултрасадо  аз муоинаҳои тиббӣ гузаронидааст. Инчунин 3 ҳазору 240 қуттии доруро дар 33 намуд ба аҳолии эҳтиёҷманд ройгон тақсим кардааст ва ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим тамринҳои тиббӣ баргузор намудааст.
Интизор меравад, ки KOICA чунин кумакҳои ройгон ва татбиқи лоиҳаҳоро дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриамон минбаъд идома хоҳад дод.  

Мирасрор АҲРОРОВ, 
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Тошканд – Бухоро – Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: