Дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон тақдимоти китоби тозанашри «Меҳрнома» (Баёзи эҷодкорони Ҷиззаху Суғд) бо таҷлили сисолагии ба роҳ мондани ҳамкориҳои дипломатии Ӯзбекистону Тоҷикистон ва бахшида ба мақоми давлатӣ гирифтани забони ӯзбекӣ дар Ӯзбекистон дар як вақт баргузор гардид.
Тавре ки аз ин пеш хабар дода будем, Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах бо ҳамкории Маркази маънавият-маърифати ӯзбекони вилояти Суғд дар доираи Меморандуми миёни ҳокимиятҳои ду вилоят ба имзо расида ба нашри баёзи эҷодкорони Ҷиззаху Суғд даст зада буданд.
Бунёди ҷамоатии назди Олий Маҷлиси Ӯзбекистон аз нигоҳи молиявӣ онҳоро кумаку дастгирӣ намуда, барои нашри китоб маблағи зарурӣ ҷудо карда буд.
Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд нахуст ба муносибати сисолагии роҳандозии муносибатҳои дипломатии Ӯзбекистону Тоҷикистон таҳти шиори «Дӯстии Ӯзбекистону Тоҷикистон ҷовидона аст!», пасон бахшида ба тақдимоти китоби «Меҳрнома» ва мақоми давлатӣ гирифтани забони ӯзбекӣ ҷамъомад баргузор гардид.
Намояндаи Маркази дипломатии Созмони ҳамкории Шанхай дар Ӯзбекистон Қобилҷон Собиров дар бораи аҳамияти дӯстии ду халқи бародар чанд ҳарф зад. «Ҳар касе, ки мафҳуми дӯстиро фаромӯш намудааст, гӯё офтобро аз олам канда партофтааст», меоварад файласуфе — гуфт ӯ. – Бинобар ин мо ба дӯстӣ ҳамеша ниёз дорем. Дӯстӣ монанди офтоб аст, ки ҳаёти моро мунаввар месозад.
Дар ҷамъомад қайд гардид, ки алалхусус солҳои охир бо ташаббуси сарони ду кишвар – муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо вусъат пайдо карданд ва ин робитаҳо барои боз ҳам мустаҳкам гардидани риштаҳои дӯстӣ хидмат менамоянд.
Нашри китоби нави «Меҳрнома»-ро метавон мисоли равшани ин ҳамкориҳо қаламдод кард. Дар ин китоб маҳсули эҷоди 18 тан аз қаламкашони Ҷиззах ва ҳамин қадар аз вилояти Суғди кишвари ҳамсоя ҷой гирифтааст. Муаллифи лоиҳа Абдукарим Шарифов гуфт, ки ҳамкорӣ бо дӯстон меваи худро дод. Барои нашри китоб Бунёди ҷамоатӣ кумаки молиявӣ расонд, якчанд тан аз дӯстон заҳмат кашиданд.
Дар тарабхонаи «Боғи Ирам»-и соҳили дарёи Сири шаҳри бостонӣ ва ҳамешаҷавони Хуҷанд ҳамчун давоми мантиқии чорабинии мазкур дар сари як пиёла чой иштирокчиён суҳбати гарму самимӣ карданд. Дар васфи дӯстӣ, тозагии забон шеърҳо ва суханҳо гуфтанд. Таронаву сурудҳои дилангез танин андохт. Дидорбинӣ ва мулоқоти самимиву хотирмоне буд.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
ҶИЗЗАХ – ХУҶАНД – ҶИЗЗАХ.