ҲАМКОРИҲОИ ДУ ВИЛОЯТИ ҲАМСАРҲАД БЕШ АЗ ПЕШ ТАВСЕА МЕЁБАНД

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва дидору мулоқотҳои ӯ бо Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев самараҳои нек ба бор хоҳанд овард.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва дидору мулоқотҳои ӯ бо Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев самараҳои нек ба бор хоҳанд овард. Ёдовар мешавем, ки дар ин сафари давлатӣ миёни ду кишвари дӯсту ҳамҷавор 22 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин санадҳо дар соҳаҳои гуногун барои тавсеаи ҳамкориҳои доманфарох хеле мусоидат хоҳанд кард.
Тавре ки зимни мулоқот бо Садир Жапаров сарвари давлатамон таъкид кард, минбаъд роҳбарони вилоятҳои ҳаммарзи ду ҷумҳурӣ масъалаҳои мубраму умдаро дар минтақаи худ ба миён мегузоранд ва дар ҳаллу фасли он мустақилона иқдом менамоянд. 
Бар асоси ин гуфтаҳои сарвари кишвар аллакай як ҳайат таҳти раёсати ҷонишини ҳокими вилояти Фарғона – сардори садорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ Мӯҳсинхӯҷа Абдураҳмонов ба вилояти Ботканди Қирғизистон сафар намуд.
Ба ин ҳайат соҳибкорон, сармоягузорон ва мутасаддиёни соҳаҳои гуногуни вилоят шомил буданд. Тавре ки дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят хабар дод, ҳадаф аз ин сафар афзоиш додани ҳаҷми гардиши савдои байниҳамдигарӣ, тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ, беҳбуд бахшидан ба робитаҳои фарҳангӣ миёни ду вилояти ҳаммарз  мебошад.  
Мулоқоти нахустини ҳайати вилояти Фарғона дар ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканд ба вуқӯъ пайваст. Дар ин ҷо ҷонишини ҳокими вилояти Ботканд Эрлан Сафарбоев меҳмонони ӯзбекистониро хайрамақдам гуфт ва онҳоро бо ҳокими ноҳияи мазкур, ҳамчунин роҳбарони маҷмӯи иқтисодӣ ва доираҳои соҳибкории ноҳия муаррифӣ намуд. Гуфта мешавад, ин мулоқоти аввалин маҳсуб меёфт, ки баъди интихоби Садир Жапаров ба маснади Президенти  Қирғизистон, дидору гуфтугӯҳои ӯ бо Шавкат Мирзиёев дар Тошканд сурат гирифтааст. 
Дар ҷараёни ин мулоқот Мӯҳсинхӯҷа Абдураҳмонов ба мизбонон дар бораи дастовардҳои солҳои охир ва татбиқи лоиҳаҳое маълумот дод, ки дар соҳаи истеҳсолот ба роҳ монда шудаанд. Ҳамзамон як гурӯҳ соҳибкорони фарғонагӣ маросими муаррифии ширкатҳои хусусии худро баргузор намуданд. Дар ин ҷо лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар ҷодаи бофандагӣ, газу барқ, чорводорӣ, парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ва азнавкоркарди он ва ғайраҳо ба таври васеъ муҳокима карда шуд. 
– Яке аз масъалаҳои муҳими марҳилаи аввали ин ҳамкориҳои мо ба Ҷумҳурии Қирғизистон содир намудани маҳсулоти хоҷагии қишлоқи вилоят мебошад,– гуфт Мӯҳсинхӯҷа Абдураҳмонов. 
 Вай афзуд, ки барои татбиқи ин лоиҳа ҳамаи шароитҳои созгор фароҳам оварда шудаанд.
Ҷонишини ҳокими вилояти Ботканд Эрлан Сапарбоев аз баргузории ин мулоқот ибрози қаноатмандӣ намуд ва  умедворӣ кард, ки домани бизнеси вилояти Фарғонаро бояд дар вилояти Ботканд  беш аз пеш тавсеа бахшид, ки барои ҳарду ҷониб хеле манфиат хоҳад овард.
– Миёни соҳибкорони ҳарду вилоят бояд гуфтушунидҳои мустақим баргузор гарданд ва тибқи тасмими онҳо корҳои наву манфиатбахш ба роҳ монда шаванд,– тазаккур дод Эрлан Сапарбоев.
Қарор аст, ки баъди ин мулоқот дар вилояти Ботканд “Хонаи савдо”-и вилояти Фарғона дар наздиктарин фурсат арзи вуҷуд мекунад. Дар он соҳибкорони фарғонагӣ дафтарҳои кории худро ифтитоҳ менамоянд.
Мӯҳсинхӯҷа Абдураҳмонов дар хотимаи ин мулоқот пешниҳод кард, ки ба роҳ мондани сафарҳои муштараки зиёратии миёни Фарғона – Ботканд хеле мусоидат хоҳад кард, ки сокинони шаҳру рустоҳои ду тарафи марз аз қадамҷоҳову зиёратгоҳҳои якдигар низ боздид намоянд. 
Интизор меравад, ки ба роҳ мондани чунин мулоқотҳои корӣ барои ҳарду ҷониб характери доимӣ касб хоҳанд кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: