Дар чаҳорчӯби роҳандозии чорабиниҳое, ки ба 30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегарданд, аъзои маҳфили илмию адабии «Ганҷи сухан»-и шаҳри Хуҷанд, ба вилояти Фарғона ташриф оварданд.
Зери садоҳои дафу доира ва карнаю сурнай гурӯҳи духтарон ба меҳмонони тоҷикистонӣ гулдастаҳои тару тоза тақдим намуданд. Баъд бо иштироки меҳмонон дар бинои «Маркази дӯстии ӯзбеку тоҷик», воқеъ дар ноҳияи Риштон маҳфили муштараки адибон ва аҳли илму фарҳанги ду вилоят баргузор гардид. Онҳо аз китобхона ва утоқҳое дидан карданд, ки барои баргузории маҳфилҳои гуногун ифтитоҳ ёфтаанд.
Сафари аъзои ин маҳфил бо мусоидати бевоситаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Ҳукумати вилояти Суғд, ҳокимияти вилояти Фарғона ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ин вилоят роҳандозӣ гардид.
Раҳбари маҳфили «Ганҷи сухан» Саидумрон Саидов барои пазироии гарму ҷӯшон ба мизбонон ибрози сипосгузорӣ кард.
Дар ҳайати ҷониби вилояти Суғд нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон, нависандагон ва журналистон Додохони Эгамзод ва Матлуба Ёрмирзоева, шоирон Нуралии Нурзод, Гулнози Тоҳириён ва Сурайё Ҳакимова, устодони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва Донишгоҳи иқтисодии Хуҷанд Шарифҷон Тоҷизода, Субҳони Аъзамзод, Нодира Қӯзиева, Ҳусейн Юсуфӣ ва Содирхон Умаров шомил мебошанд.
Меҳмонон аз коргоҳи кулолони риштонӣ боздид намуданд ва бо фаъолияти иддае аз онҳо ошно шуданд, онҳоро ҷозибаи ҳар як зарфу маҳсулоте, ки кулолон сохтаву наққошӣ карда буданд, ба ҳайрат овард.
Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Риштон суҳбату мулоқотҳои ширину ҷаззоб ба вуқӯъ пайвастанд ва иди дӯстӣ барпо шуд. Суруду таронаҳои шӯху ҷаззоби тоҷикиву ӯзбекӣ ба ҳам омехт.
Рӯзи дуввум аъзои маҳфили «Ганҷи сухан» ба Донишгоҳи давлатии Фарғона ташриф оварданд. Онҳо бо аҳли адабу фарҳанг ва донишҷӯёну шефтагони каломи бадеъ дидору мулоқот анҷом доданд. Баъд устодону донишҷӯёни гурӯҳи тоҷикии Донишгоҳи давлатии Фарғона намоишномаи адабиву бадеӣ ва мусиқиро ба меҳмонон пешкаш намуданд, ки он бо кафкӯбиҳо истиқбол гирифта шуд.
Ҳамон рӯз аъзои маҳфили «Ганҷи сухан» таҳти сарварии С. Саидов аз «Маркази ҳунармандон»-и шаҳри куҳани Марғелон боздид намуданд.
– Ташрифи олимону шоирон ва журналистони маъруфи тоҷик ба вилояти мо дар ҷавоб ба он сафар сурат гирифт, ки мо ба вилояти Суғд карда будем. Чунин дидору мулоқотҳо моро хеле ба ҳам наздик хоҳад кард ва меҳру муҳаббати самимиро дар қалбҳоямон ҷо хоҳад намуд. Мо бе ҳамдигар буда наметавонем ва ин борҳо собит шудааст. Аҳли қаламу фарҳанг ҳамеша барои сулҳу субот ва ҳамгироии халқҳо хидмат мекунанд. Ин бор низ аз ташрифи дӯстони тоҷикистонӣ дилу дидаҳо оромид ва риштаҳои дӯстиву рафоқат боз мустаҳкамтар гардид, – мегӯяд раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона, шоир ва журналист Масъуди Мирзо.
Баъд аз зуҳри 1 ноябр аъзои маҳфили «Ганҷи сухан» бо як олам таассуроти наҷиб ба шаҳри Хуҷанд баргаштанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
«Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.