Дар шаҳри Тошканд бо ҳамкории Комиссияи миллии мубориза бар зидди савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Донишкадаи байналхалқии рушди кишоварзии Винрок бо дастгирии молиявии Департаменти давлатии ИМА оиди мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, Агентии ИМА доир ба рушди байналхалқӣ (USAID) бахшида ба 30 июл — Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди савдои одам конфренсияи байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Тақвияти ҳамко
«Истифода ва сӯиистифода аз технология» мавзӯи имсолаи Рӯзи мубориза бар зидди савдои одам буд. Албатта, дастовардҳои бузурги технология метавонанд қочоқи инсонро ҳам осон ва ҳам ҷилавгирӣ кунад.
Раиси Сенати Олий Маҷлис ва Комиссияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ Танзила Норбоева дар конфронс иштирок кард ва гуфт, ки дар мамлакати мо ғоя ва нуқтаи назари СММ ҳамеша дастгирӣ мешаванд. Дар асоси он стандартҳои миллӣ ва қонунгузорӣ оиди мубориза бар зидди савдои одам мустаҳкам карда мешавад. Барои таҳкими заминаи қонунгузорӣ ва корҳои ташкилию ҳуқуқӣ корҳои муназзам ба роҳ монда мешаванд.
Намояндаи минтақавии идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ Ашита Миттал гуфт, ки тибқи ҳисоботи ҷаҳонии идораи СММ доир ба савдои мухаддир ва ҷинояткорӣ 60 фоиз занон ва 13 фоиз бачагони қурбониёни савдои одам аз Осиёи Марказӣ мебошанд, ки асосан ба мақсади баҳрабардории шаҳвонӣ ва истисмори меҳнат амалӣ мегарданд.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Ш. Собиров зимни суханронии худ қайд кард, ки ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва созмонҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои асосии пешгирии қурбониёни ҷиноятҳои марбут ба савдои одам гардидани шаҳрвандони мо мебошад. Имрӯзҳо дар ҳамкорӣ бо чунин созмонҳо дар ҷумҳурӣ оиди баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони дар минтақаҳо фаъолиятдошта семинар-тренингҳо ташкил карда мешаванд. Дар он кормандони оперативии мақомоти корҳои дохиливу прокуратура, муфаттишу судяҳо иштирок намуда, донишу малакаи худро такмил медиҳанд.
Дар чорабинӣ намояндагони корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, созмонҳои ғайридавлативу ғайриҳукуматӣ, намояндагони ниҳодҳои марзбонии Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, инчунин намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ иштирок карданд.
Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».