ҲАМКОРИҲОИ МУФИДИ БАЙНИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ФРАНСИЯ МУҲОКИМА ГАРДИД

Дар Сенати Олий Маҷлис муовини якуми Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Сафоев бо ҳайат зери сарпарастии намояндаи махсуси вазири оид ба дипломатияи иқтисодии Ҷумҳурии Франсия дар Осиёи Марказӣ Паскал Лоро вохӯрд.

Дар марҳалаи имрӯзаи алоқаҳои таърихии Ӯзбекистон ва Франсия муносибат дар рӯҳи боварии ҳамдигар ривоҷ меёбад. Азму кӯшише, ки дар солҳои истиқлолият барои сохтмони ҷамъияте, ки ба тамоили демократӣ ва иқтисодиёти бозаргонӣ асос ёфтааст, имрӯз рӯҳ ва мазмуни нав касб менамояд, ки ин ислоҳоти Ӯзбекистонро Франсияи хайрхоҳ фаъолона дастгирӣ менамояд.
Дар мулоқот дар заминаи боз ҳам ривоҷ додани иқтисодиёт ва муносибати ду ҷониб табодули афкор ба амал омад.
Таъкид гардид, ки ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи октябри соли гузашта ба Франсия ва бино бар музокирот дар он аҳду паймоне, ки ба вуҷуд омадааст, барои рушди муносибатҳои Ӯзбекистону Франсия, аз он ҷумла амиқсозии алоқаҳои иқтисодӣ, сармоявӣ имкониятҳои навро фароҳам овард.
Инчунин ин ташриф дар бобати қарор ёфтани алоқаҳои мустаҳками дӯстӣ, аз ҷиҳати сифат ба марҳалаи нав бардоштани муносибати шарикӣ имконият фароҳам овард.
Дар мулоқот қайд гардид, ки Франсия дар Аврупо яке аз ҳамкорони асосии сиёсӣ ва иқтисодии Ӯзбекистон ба шумор меравад. Ҳоло дар бобати ба амал татбиқ намудани воситаҳои кӯмаки молиявиву техникӣ бино бар аҳду паймон зимни ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Франсия, инчунин ҷалб намудани сармояи бевоситаи хориҷӣ ба мамлакатамон барои ривоҷ додани инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ корҳои маҷмӯӣ ба амал татбиқ мегарданд.
Мушаххас карда шуд, ки лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар бобати такмили низоми гармидиҳии шаҳр, рушди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва таъмини молиявии лоиҳаҳои сектори хусусӣ дар Ӯзбекистон аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ бозгӯӣ гардиданд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки суръати бетаваққуф афзояндаи муносибати иқтисодии ҷонибҳо ҷавобгӯи пурраи манфиатҳои ду давлат мебошанд.
Тарафҳо дигар масъалаҳоеро, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ба ҳар ду ҷониб муфид мебошанд, муҳокима намуданд.

Н.НАСРИЕВ,
хабарнигори ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: