ҲАМКОРИҲОИ ТАРАФАЙНИ ПАРЛАМЕНТҲОИ ӮЗБЕКИСТОНУ ТОҶИКИСТОН ТОРАФТ ГУСТАРИШУ ТАҲКИМ МЕЁБАД

Аз қадимулайём халқҳои ӯзбеку тоҷик дӯсту бародар ба шумор мераванд ва ин анъанаи нек то кунун идома дорад.

Аз қадимулайём халқҳои ӯзбеку тоҷик дӯсту бародар ба шумор мераванд ва ин анъанаи нек то кунун идома дорад. Ташрифҳои давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон, ҳамчунин намояндагони ҳукумат, сенаторҳо ва депутатҳои парламенти дӯстии ду кишвар, арбобони санъату маданият ҳамкориҳои тарафайн ва муносибатҳои дипломатии миёни Ӯзбекистону Тоҷикистонро боз ҳам қавитар гардонд. 
Имзои якчанд созишнома аз тарафи роҳбарони ду давлат мушкилот ва масъалаҳои ҳалталабро дар мавриди содирот ва воридоти маҳсулот, пардохти боҷи гумрук, тавсеаи сайёҳӣ, ривоҷи ҳамкориҳо дар бахши соҳибкорӣ, фарҳанг ва ғайра сода намуд. Шароити мусоид фароҳам оварда шуд, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ҷабҳаҳои гуногун барои манфиатҳои халқҳои саодатманди Ӯзбекистону Тоҷикистон беш аз пеш хидмат намоянд. 
 Алалхусус, дар се соли охир дар сарзамини ду кишвар ба нишонаи арҷгузорӣ “Боғи адибон”, “Майдонҳои хушманзараи дӯстӣ”, “Қасрҳои пуршукӯҳи байналмилалӣ”, “Марказҳои фарҳанги миллӣ” бунёд гардида, халқҳои ӯзбеку тоҷикро ба ҳамдигар боз ҳам наздик гардонд. 
Дар лаҳзаҳои басо мушкилзо ва шароити вазнин, ки мардуми тамоми ҷаҳонро ба асари пахши бемории вируси тоҷдори “COVID-19” ба ташвиши ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст, кишварҳои дӯсту бародар ҷиҳати таъмини ҳамдигар бо таҷҳизоти тиббӣ, доруву дармон, маҳсулоти хӯрокворӣ, сару либос ва ғайра ба якдигар дасти ёрӣ дароз менамоянд. Талоши зиёд ба харҷ дода мешавад, ки ҳарчи зудтар ин ду халқи дӯсту бародар аз сирояти бемории хатарнок наҷот ёбанд. 
Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи апрели соли ҷорӣ “Гурӯҳи дӯстии парламенти Ӯзбекистону Тоҷикистон”-ро таъсис дод. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин гурӯҳи дӯстӣ созмон додааст. 
Ҳамкориҳои нахустини гурӯҳи дӯстии парлумонӣ 13-15 сентябр бо сафари ҷонишини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Акмал Саидов дар ҳайати 25 нафар ба Тоҷикистон, бо баргузории видеоконфронси аъзои гурӯҳи дӯстӣ дар санаи 14 сентябр, бо сафари расмии ҷонишини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Улуғбек Иноятов ба Тоҷикистон 21-22 сентябр оғоз гардиданд. Аъзои гурӯҳи дӯстии парлумонӣ ҳамкориро дар соҳаи қонунгузории миллӣ минбаъд ба таври мунтазам идома медиҳанд. 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ду палата таркиб ёфтааст. Дар боби сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои умумии фаъолияти парламенти Тоҷикистон – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти худро ёфтааст. Бар ин асос он аз ду маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат мебошад. Муҳлати ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони узви Маҷлиси намояндагон 5 сол мебошад. Маълумотҳои фарогир шаҳодат медиҳанд, ки гурӯҳи дӯстии парламенти кишварҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар давоми 5 сол то итмоми муддати фаъолияти сенаторӣ ва депутатӣ ва пас дубора муайян намудани таркиби нав чунин ҳамкориҳои дӯстонаи парламентро давом медиҳанд. 
Пас аз бозгашт аз сафари Тоҷикистон 25 сентябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи Олий Маҷлис ҷонишинони Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Акмал Саидов ва Улуғбек Иноятов дар бораи фаъолияту ҳамкориҳои гурӯҳи дӯстии парлумонӣ ҳарф зада, дархосту пешниҳоди дӯстони тоҷикро ёдрас намуданд. Бино ба маълумоти узви гурӯҳи дӯстии парлумонӣ ба муносибати пахши вируси бемории тоҷдори “COVID-19” сарҳадҳои муваққатан басташудаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар рӯзҳои наздик кушода мешаванд. Масъалаҳои дигари судманди тарафайн низ тибқи талаботи қонунҳои миллӣ ҳалли худро меёбанд. Омаду рафти ду мардуми баҳам бародар дубора озод мегардад, робитаи дӯстиву рафоқат боз ҳам ривоҷ меёбад. 
Парламенти Ӯзбекистон аз намояндагони миллатҳои гуногун таркиб ёфтааст. Чаҳор нафар намояндагони миллати тоҷик узви ҳамин парламент ба шумор мераванд. 
Барои он ки қонунҳо ва моддаҳои он ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ бошанд ва манфиатҳои умумимиллиро мунаъкис созанд, аъзои гурӯҳи дӯстии парлумонӣ аз таҷрибаҳо ва дастовардҳои ҳамдигар баҳраманд мешаванд. 
Аъзои гурӯҳи дӯстии парлумонӣ мақсад доранд, ки дар оянда бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ҳамкорӣ дар соҳаи қонунгузориро вусъат диҳанд. Тавре ки дар урфият мегӯянд, “қарс аз ду даст мебарояд”. Ҳамкории гурӯҳи дӯстии Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳар чӣ қадар рушду нумӯъ намояд, дастовардҳо дар соҳаи қонунгузорӣ ва муайян намудани моддаҳои умумимиллӣ ҳамон қадар бештар мешаванд. 
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад, 
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад, 
– гуфтаанд хирадмандон.  
 
Таваккал ЧОРИЕВ, 
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: