ҲАМКОРӢ БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД

Ҳайати маъмурияти автономии Буеё-Гуни Куриёи Ҷанубӣ ба вилояти Намангон ташриф овард. Меҳмононро ҳокими вилоят Шавкат Абдураззоқов қабул кард

Ҳайати маъмурияти автономии Буеё-Гуни Куриёи Ҷанубӣ ба вилояти Намангон ташриф овард. Меҳмононро ҳокими вилоят Шавкат Абдураззоқов қабул кард. Дар вохӯрӣ ҳокими вилоят бо камоли мамнуният қайд кард, ки муносибатҳои ҳамкории Намангон ва Куриёи Ҷанубӣ солҳои охир таҳким ёфта истодааст. Аз ҷумла, дар доираи сафари ҳайати Намангон ба Куриёи Ҷанубӣ моҳи декабри соли 2022 дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, IT ва дигар самтҳо созишномаҳо ба даст оварда шудаанд.
Дар навбати худ аъзоёни ҳайат, ки аз мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, боғдорӣ ва фермерӣ иборатанд, қайд намуданд, ки ҳадафи ҳайат бешубҳа ба ҳамкории тарафайн асос ёфтааст.
Дар вохӯрӣ ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаи дароз ва кӯтоҳмуддат, инчунин фароҳам овардани имконият барои ҷавононе, ки ба соҳаи хоҷагии қишлоқ таваҷҷуҳ доранд, барои кору такмили малакаи онҳо дар лабораторияҳои замонавии тахассуси кишоварзӣ ва тухмипарварии Куриёи Ҷанубӣ созишнома ба имзо расид. 
Ба меҳмонон дар хусуси имкониятҳои мавҷудаи соҳаи кишоварзӣ, махсусан парвариши меваю сабзавот, минтақаҳои зиёди ба гармхонаҳо ихтисосонидашуда, самтҳои драйверӣ маълумот дода шуд.   
– Имрӯз омили муҳимтарини рушди кишоварзӣ – ин технологияи нав ва албатта истифодаи самараноки имкониятҳои инноватсионӣ мебошад, – гуфт роҳбари ҳайат, менеҷери шуъбаи сиёсати кишоварзии донишкадаи Кинг Сежонг Сео Жанг Вон. – Боварӣ дорам, ки дар ҳамаи минтақаҳои Намангон барои рушди соҳа имкониятҳои калон мавҷуданд. Мо хурсандем, ки дар таҳкими ҳамкории тарафайн саҳм мегузорем. 
Ба аъзоёни ҳайат аз рӯйи урфу одатҳои миллӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. 
Меҳмононе, ки ба мономаркази «Ба кор марҳамат» воқеъ дар шаҳри Намангон ташриф оварданд, бо фаъолияти марказ шинос шуда, бо ҷавонон сӯҳбат оростанд ва онҳоро ба кор ба Куриё даъват карданд.
Аъзоёни ҳайат ба ноҳияи Поп низ омаданд. Мутахассисон бо роҳбарии ҳокими ноҳия Аъзамҷон Султонов аз маҷмааи гармхонаи замонавии «ZAMIN GREEN-WORLD» дидан карда, бо рафти кори он шинос шуданд. Доир ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои мутақобилаи судманд, ҷиҳати татбиқи технологияҳои баланд дар бунёди гармхонаҳо гуфтугӯ ва табодули таҷриба сурат гирифт.
Ин гармхонаи замонавии гидропоникӣ таҳти роҳбарии Абубакир Мамадалиев дар 7 гектар замин бо арзиши умумии 61,6 миллиард ташкил карда шудааст. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа 100 ҷойи кори доимӣ ва 150 мавсимӣ таъсис дода шудааст, ки ба таъмини муттасил ва устувории нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ноҳия ва афзоиши иқтидори содиротӣ хидмат мекунад. Гармхона бо таҷҳизоти ба маблағи 3,9 миллион доллар аз Туркия ва Испания воридшуда муҷаҳҳаз шудааст. Дар ин ҷо помидори навъи «Хуҷимаро», ки аз Олмон оварда шудааст, парвариш карда мешавад. Иқтидори солонаи ин маҷмаа 3500 тонна ё 10,5 миллион долларро ташкил медиҳад, сад фоизи маҳсулоти парваришшуда ба Русия ва мамлакатҳои Аврупо содир мешавад.
Ба ин гармхонаи замонавии гидропоникӣ меҳмонон низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, барои ҳамкорӣ мувофиқа карданд.
Сафари аъзоёни ҳайат ба як қатор корхонаҳои вилоят идома дорад.

ШОҲИДА ДАМИНОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: