ҲАМКОРӢ БАРОИ ПЕШРАФТ

Дар пойтахт Ҳафтаи бузурги соҳибкорӣ сар шуд.

Он бобати дар як соҳат муттаҳид шудани соҳибкорон, идораҳои молиявӣ, муассисаҳои тиҷоратӣ, донишҷӯён, мутахассисон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор нақши муҳим мебозад.
Ҳафтаи бузурги соҳибкорӣ (GEW) барои ғояҳои нави соҳибкорони тамоми ҷаҳон ҳодисаи муҳим ва такони азим ба шумор меравад. Ҳафта аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон якҷо бо Иттиҳодияи тиҷорати байналхалқӣ ва технологияҳо, Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон ва созмонҳои дигар ташкил карда шуд.
Дар доираи ҳафта, ки то 18 ноябр давом мекунад, машғулиятҳо, муаррифиҳо, сабақҳои устодӣ, муҳокимаҳо, мулоқоти онлайн, вохӯриҳо дар шакли b2b, пулҳои телевизионӣ баргузор мешаванд.
Дар чорабинӣ баробари соҳибкорони мамлакати мо мутахассисони соҳаи тиҷорат ва низоми экологии хориҷӣ ширкат меварзанд. 
Ҳафтаи бузурги соҳибкорӣ стартапҳо, аз ҷумла самтҳои таълим ва вазифа, молия, соҳибкории занона, асрори тиҷорати бомуваффақият, сайёҳӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро дарбар мегирад.
Ҳар як рӯзи ҳафта ба мавзӯи алоҳида, аз ҷумла, ба рушди низоми экологӣ, соҳибкорӣ, сармояҳо, ҳамчунин тиҷорат, инноватсия ва стартапҳо дар Тошканд, масъулияти иҷтимоии тиҷорат, маданият ва шиносоӣ бо минтақаҳои Ӯзбекистон бахшида мешавад.
Дар тӯли ҳафта бахшида ба мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла «Мулоқоти тарафайни тиҷорат ва давлат», «Busintss Women`s Gap», «Низоми экологии соҳибкорӣ», «Таҷрибаи хориҷӣ оид ба низоми экологӣ», «Тошканд – шаҳри оянда», «Блокчейн», «Маркетинг», майдончаҳои «Алтернатус», «Сайёҳӣ», «Стартапҳо», «Ниҳол бинишон!» чорабиниҳо баргузор мешаванд. Баробари ин баргузор кардани сабақҳои устодӣ бо иштироки тоҷирони шинохта дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ва Қаршӣ пешбинӣ шудааст.

Н. УСМОНОВА, 
хабарнигори ӮзА.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: