ҲАМКОРӢ БАҲРИ УСТУВОРӢ ВА ПЕШРАФТ

Дар шаҳри Наннини ноҳияи худмухтори Гуанси-Чжуани Ҷумҳурии Мардумии Чин форуми VII-уми ҳамкории «Чин – Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад, ки дар доираи он намояндагони секторҳои гуногуни иқтисодиёти Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, мамлакатҳои Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) ва СҲШ бинобар масъалаҳои мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи пайвастани хушкӣ ба баҳр ва рағбатноксозии пешрафт аз ҳисоби инноватсияҳо

Форум аз ҷониби Кумитаи СҲШ оид ба некҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории Чин якҷоя бо Девонхонаи оид ба корҳои хориҷии ноҳияи худмухтори Гуанси-Чжуан ва Ҳукумати халқии шаҳри Наннин ташкил карда шуд.
Барои баргузор намудани форуми байналхалқӣ ин шаҳр бесабаб интихоб нагардид. Шаҳри Наннин ҷойи доимии баргузор намудани намоишгоҳи «Чин – АСЕАН Ехро» буда, ҳамчун маркази маъмурии ноҳияи худмухтори Гуанси-Чжуан барои вусъат додани кушодии хориҷии мамлакатҳои АСЕАН ҳамчун «оина»-и муҳими Чин хидмат мекунад. Мақсади форум муайян намудани имкониятҳои беназир, афзалиятҳои ҷуғрофӣ ва нақши воситаҳои ноҳияи худмухтори Гуанси-Чжуан ва шаҳри Наннин дар рушди ҳамкорӣ бо мамлакатҳои АСЕАН гардид.
Дар маросими кушоиши форум муовини раиси Кумитаи доимии Ҷамъомади умумичинии намояндагони халқи ҶМЧ Шен Юэ, Котиби генералии СҲШ Владимир Норов, муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Замирбек Аскаров, муовини аввали раиси Кумитаи занони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зулайхо Маҳкамова ва дигарон таъкид намуданд, ки имрӯз дар ҷаҳон муттаҳид намудани саъю кӯшиш байни мамлакатҳо баҳри сулҳ ва устуворӣ, пешрафт ва некӯҳолии халқ аҳамияти бузург пайдо менамояд.
Дар майдони форум чунин масъалаҳо, мисли ҳамкорӣ дар соҳаи логистикаи транссарҳадӣ қад-қади каналҳои хушкигард ва баҳрӣ, тиҷорати электронӣ, рушди муштараки шаҳрҳои «оқил», ҳамкорӣ бинобар истифода бурдани низоми дарёнавардии радифи маснӯъ, муттаҳид гардондани қувваи занон барои якҷоя амалӣ гардидани чорабиниҳо оид ба татбиқи лоиҳаи «Як макон, як роҳ» муҳокима мегарданд.
Захираҳои ғании табиӣ, бозорҳои бузург, нерӯи баланди илмиву техникӣ, инноватсионӣ, инчунин мавҷуд будани шароитҳои дигари дахлдори беназирро эътироф намуда ва муҳим будани нигоҳ доштани низоми бисёрҷонибаи савдо ва ташаккули иқтисодиёти ҷаҳонии кушодро қайд карда, форуми мазкур ба таҳкими ҳамкории байналхалқӣ дар доираи Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим ва Роҳи баҳрии абрешими асри XXI, ташаккул додани майдони самарабахши ҳусни тафоҳум ва ҳамкории байни Чин ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Кавказ, АСЕАН, рушди минтақаҳо дар асоси баробарӣ, рӯшодӣ ва манфиати судбахш хидмат мекунад.
Дар доираи форум намоишгоҳи маҳсулоти миллии «Чин – Осиёи Марказӣ» ташкил карда шуд, ки дар он маҳсулоти миллӣ ва намунаҳои санъати халқиву амалии Ӯзбекистон намоиш дода шуданд. Иштирокдорони форум аз санъати боғии Парк-Экспо, ноҳияи нави инноватсионии Усян, Маркази инноватсияи синергетикӣ барои рушди шаҳрҳои «оқил»-и намунаи нави «Чин–АСЕАН» дидан карданд.

Назокат УСМОНОВА,
мухбири махсуси ӮзА.
Шаҳри Наннин, ноҳияи худмухтори Гуанси-Чжуан, ҶМЧ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: