ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ МОҲИПАРВАРӢ

Қарори Президенти мамлакатамон «Дар бораи чораҳои иловагии рушди минбаъдаи соҳаи моҳипарварӣ» аз 6 ноябри соли 2018 имконияти оқилона истифода бурдан аз захираҳои мавҷудаи об, ҷалб намудани технологияҳои инноватсионӣ, сармояҳои хориҷиро ба соҳа васеъ гардонд.

Дар ҳуҷҷати мазкур, ки барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти ба маҳсулоти парҳезӣ доштаи аҳолӣ, таъмин кардани устувории нархҳо дар бозорҳо ва созмон додани ҷойҳои нави корӣ аҳамияти муҳим доранд, коркарди барномаи мақсадноки созмон додани кластерҳои моҳипарварӣ дар солҳои 2019-2020 ба мақсади баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар чорабиние, ки дар вилояти Намангон бо иштироки роҳбари ширкати «Чупон агро индустриал»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Шафеъ Ғулом Ризо ба амал омад, дар бораи корҳои дар самти мазкур амалигардида сухан рафт.
Аз ҷумла, масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории тарафайн бино бар рушди соҳаи моҳипарварӣ, лоиҳаҳои барои татбиқи якҷоя ба нақша гирифташуда ва натиҷаҳои пешбинишуда баррасӣ гардиданд. Аз он ҷумла бино бар омӯхтани ҳолати мелиоративии ҳавзҳои табиӣ ва сунъии вилоят, ба шароитҳои экологӣ мутобиқ гардондани моҳиҳо, рӯёндан, коркард ва нигоҳ доштани гулмоҳӣ ва ҷумҷумамоҳӣ, созмон додани ресторанҳои хурд ба мақсади ба аҳолӣ пешкаш намудани маҳсулоти парҳезӣ мубодилаи афкор ба амал омад.
Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Намангон Х.Бозоров, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Б.Абдуллоев нутқ эрод карданд.

А. САТТОРОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: