ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ТАҲКИМ МЕЁБАД

Дар пойтахт машварати сеюми минтақавии Омбудсманҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба амал омад.

Дар ҷамъомад Ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсони Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон У. Муҳаммадиев, намояндаи минтақавии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ Р. Коменда, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ӯзбекистон М. Димовска ва дигарон таъкид намуданд, ки имрӯз дар ҷаҳон равобити ба ҳуқуқи инсон алоқаманд муҳим гардида, машваратҳои минтақавии ҳарсола барои мулоқот дар минбаъд мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, мубодилаи тарафайни таҷриба ҳамчун майдон хидмат мекунад. 
Мақсади асосии чорабинӣ аз ҷустуҷӯ намудани ҳаллу фасли самарабахши мушкилот дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар минтақаи Осиёи Марказӣ, коркарди якҷояи механизмҳои дақиқи барҳам додани онҳо иборат мебошад. Дар ин самт андозаҳои байналхалқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ аҳамияти муҳим доранд. 
Дар рафти ҷамъомад намояндагони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳолати корҳое, ки дар мамлакатҳояшон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, фаъолияти Омбудсман гузаронда мешаванд, муфассал истода гузаштанд.
– Чорабинии мазкур барои коркарди «харитаи роҳ» бинобар таҳкими ҳамкории минтақавӣ бо ҳамкории сеҷониба байни Алянси глобалии институтҳои миллии Омбудсман оид ба ҳуқуқи инсон, Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Барномаи рушди СММ имконият фароҳам овард, – мегӯяд намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ӯзбекистон М. Димовска. – Дар натиҷаи роҳандозии мулоқот минбаъд беҳтар гардондани мутобиқсозии амалиёти мақомоти миллии ҳифзи ҳуқуқ, коркарди муштараки қарорҳои самарабахши мушкилот дар соҳаи ҳуқуқи  инсон натанҳо дар миқёси мамлакат, балки минтақа пешбинӣ шудааст.
Бинобар ҷамъбасти машварати минтақавӣ оид ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ «харитаи роҳ» қабул шуд. Бино бар вазифаҳои дар нақшаи чорабиниҳо пешбинишуда таклифу фикру ақидаҳо изҳор шуданд.
Худи ҳамон рӯз вохӯрии муовини якуми раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Сафоев бо иштирокдорони машварати минтақавии Омбудсманҳои Осиёи Марказӣ ба амал омад.
Дар он бинобар минбаъд васеъ гардондани ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқи инсон мубодилаи афкор ба амал омад. 
Қайд гардид, ки ҳамкорӣ бо мамлакатҳои минтақа самти устувори сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад. Рушди устувори муносибатҳои ҳамаҷониба байни мамлакатҳоямон, ҳамкории конструктивӣ дар доираи созмонҳои байналхалқӣ ва  институтҳо, равобити бузург байни парлумонҳо ба минбаъд амиқ гардондани ҳамгароӣ дар минтақа ва рушди демократии мамлакатҳо мусоидат менамояд. 
Иштирокдорони вохӯрӣ аз натиҷаҳои машварати Омбудсманҳои Осиёи Марказӣ ва бинобар натиҷаи он қабул намудани «харитаи роҳ», ки ба таҳкими ҳамкории мамлакатҳои минтақа дар масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва баланд бардоштани фаъолнокии шаҳрвандӣ хидмат менамояд, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки чорабинии мазкур идомаи мантиқии форуми Осиё дар Самарқанд оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба 70-солагии қабули Декларатсияи умумии ҳуқуқи инсон гардид. 
Бешубҳа, ҷоннок гардондани ҳамкорӣ байни Омбудсманҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон аҳамияти муҳим доранд. Дар ин бобат васеъ гардондани ҳамкорӣ байни мақомоти қонунгузори  мамлакатҳои минтақа дар мустаҳкам намудан ва навсозии пойгоҳи меъёриву ҳуқуқии фаъолияти оиди ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон нақши алоҳида мебозад.
Инчунин қайд гардид, ки дар сиёсати давлатии Ӯзбекистон оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон ба таъмин кардани иштироки васеъи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, баробарии гендерӣ ва сиҳатии репродуктивӣ эътибори алоҳида дода шудааст, ки баҳои баланди ҷомеаи байналхалқиро гирифтааст. Дар ин бобат дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеа дар ташаббуси сарвари давлатамон оиди дар палатаи болои парлумони Ӯзбекистон созмон додани Кумитаи оид ба масъалаҳои занон ва баробарии гендерӣ изҳор шудааст. 

Нурилло НАСРИЕВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: