Дар Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ машварат дар байни вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар мавзӯи «Ӯзбекистон ва Қирғизистон: дурнамои нави шарикии стратегӣ» баргузор гардид.
Дар машварат директори донишкада Владимир Норов, ҷонишини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Баҳромҷон Аълоев, ҷонишини якуми вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Асеин Исаев ва дигарон оиди дӯстиву рафоқати ду ҷумҳурӣ ибрози ақида намуданд.
Владимир Норов таъкид намуд, ки дар ҷараёни сафари Сарвари мамлакат ба Қирғизистон масаъалаҳои мушаххаси ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, маданиву башардӯстӣ муҳокима гардиданд.
Дар давоми мулоқот таъкид гардид, ки механизми машваратии Ӯзбекистону Қирғизистон барои мақсади умумӣ ба хотири суръатафзоӣ ва ҳамкории мустаҳкам ҷиҳати ҳамсоягиву дӯстии байни ду давлат хидмат намуда, ба манфиатҳои мардумамон муносиб аст ва ба ҳаёти осудаву таъмини фаровонии халқҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон нигаронида шудааст.
– Ба туфайли иродаи қатъии роҳбарони ду давлат муносибати байни мамлакатҳоямон бо мазмуни нав ғанӣ гардида, ба дараҷаи баланд бардошта шуд, — гуфт Баҳромҷон Аълоев.
Машварат бобати таъмини бехатарӣ ва барқарории минтақа, тараққиёти муттасили давлатҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти муҳим касб менамояд.
Ҷонибҳо изҳор намуданд, ки ҳамкориҳоро дар байни ду мамлакат ҷиҳати бехатарӣ дар байни дараҷаҳои гуногун, аз ҷумла дар оянда мустаҳкам намудани пойгоҳи қарордодиву ҳуқуқӣ ва якҷоя равнақ додани ҳаракатҳои амалӣ васеъ созанд.
Дар машварат масъалаҳои такмил бахшидани механизмҳои амалии ҳамкории якҷоя дар соҳаи мубориза бар зидди ифроткорӣ ва фаъолияти террористӣ, таъмини бехатарии сарҳадҳо ва муҳофизоти манфиатҳои иқтисодӣ дар сарҳадоти давлатии умумӣ баррасӣ гардиданд.
Дар ҷамъомад ташаббус ва тавсияҳо бобати боз ҳам такмил додани ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Қирғизистон масъалаҳои бехатарӣ баррасӣ гардида, алоҳида таъкид ёфт, ки дар бобати нигоҳ доштани суръати баланди инкишофи муносибатҳои тарафайн, имкониятҳои ҳанӯз истифоданашуда мавҷуданд.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».