ҲАМКОРӢ ДАВОМ МЕКУНАД

Соли сипаришуда бо саъю кӯшиш ва ташаббуси сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя – Ӯзбекистону Тоҷикистон аз нав барқарор гардид.

Аҳолии ин ду ҷумҳурӣ, ки асрҳои зиёд бо ҳамдигар хешу табор буданд ва робитаи доимӣ доштанд, чунин рӯзҳоро хеле солҳо пазмон буданд, бинобар ин, бо як олам шодию сурур қабул карданд.
Имрӯзҳо баробари дигар соҳаҳо дар соҳаи илм ва таълим низ корҳои назаррас байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон амалӣ мегарданд, ки ин барои омода кардани кадрҳои соҳибихтисоси ҳарду ҷумҳурӣ омили муҳим мегарданд.
Охири моҳи октябри соли гузашта таҳти сарварии проректори Донишкадаи муҳандисиву технологии Намангон оиди корҳои илмӣ ва инноватсия Авазбек Обидов, мудири кафедраи коркарди нахустин технологияи нахи табиӣ Олимҷон Саримсоқов ва профессори кафедраи номбурда Ҳамидҷон Аҳмадхӯҷаев бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар муассисаҳои таълими олии ду ҷумҳурӣ бо сафари хидматӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд.
Онҳо рӯзи аввал дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буданд ва бо рафти таълим, корҳои илмӣ ва лабораторӣ шинос шуда, аз рӯйи фанни «Аввалин коркарди пахта» бо донишҷӯён машғулиятҳо гузарониданд.
Рӯзи дувум ба Донишгоҳи давлатии Данғара ташриф фармуданд ва олимони намангонӣ баробари бо фаъолияти донишгоҳ шинос шудан, бо донишҷӯён машғулиятҳо гузарониданд. Аз фаъолияти истеҳсолии корхонаи бофандагие, ки бо ҳамкории мамлакати Чин созмон ёфтааст, дидан карданд. Байни Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишкадаи муҳандисиву технологии Намангон барои ҳамкории доимӣ меморандум ба имзо расид.
Онҳо рӯзи сеюм ба Донишкадаи технологии инноватсия ва менеҷменти шаҳри Кӯлоб рафта, бо ҳаёти донишкада, шароитҳои донишҷӯён, лабораторияи илмию таълимӣ шинос шуда, дар маросими кушодашавии анҷумани илмию амалии донишкада иштирок намуданд. Аз рӯйи саноати сабук ва бофандагӣ машғулиятҳо гузарониданд. Ба дотсент А. Обидов, профессорон Ҳ. Аҳмадхӯҷаев ва О. Саримсоқов унвони профессори ифтихории Донишкадаи технологии инноватсия ва менеҷменти Кӯлоб тақдим карда шуд. Байни муассисаҳои таълими олии вилояти Намангон ва шаҳри Кӯлоб меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ба қарибӣ проректори Донишкадаи технологии инноватсия ва менеҷменти Кӯлоб оид ба корҳои инноватсия ва илм Алмас Шоев ва мудири шуъбаи равобити байналхалқии донишкадаи номбурда Ҳабибулло Нозимов ба Донишкадаи муҳандисиву технологии Намангон ташриф оварданд. Меҳмонон баробари бо рафти таълим, фаъолияти донишкада шинос шудан, дар конфронси илмиву амалие, ки ба муносибати 70-солагии зодрӯзи профессори донишкада Ҳ. Аҳмадхӯҷаев баргузор гардид, иштирок намуданд.
Чунин ҳамкории олимони муассисаҳои таълими олии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баҳри боз ҳам мустаҳкам гардидани риштаҳои дӯстии халқҳои ӯзбек ва тоҷик хидмат хоҳад кард. 

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: