Ҳайати намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ин кишвар Шукурҷон Зуҳуров дар доираи ташрифи худ ба мамлакат, ба шаҳри Самарқанд омаданд.
Меҳмонон мақбараи Нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримовро зиёрат карданд.
Сипас, ҳайати намояндагон бо фаъолияти Маркази байналхалқии илмиву тадқиқотии Имом Бухорӣ шинос шуданд. Дар рафти сӯҳбат бо кормандони илмии марказ оиди вазъияти имрӯзаи ҳамкории парламентҳои ду кишвар, барномаҳои оянда ва масъалаҳои таҳкиму густариши равобити дуҷониба, торафт мустаҳкам гардидани муносибатҳи стратегӣ сухан рафт. Таъкид гардид, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон асоси густариши робита ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар ҳама соҳаҳо ба ҳисоб мераванд.
– Хурсандам, ки дар ин шаҳри бостонам, – гуфт Ш. Зуҳуров. – Дирӯз бо сарвари мамлакати Шумо Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамсуҳбат шудем. Эътибори бештар ба соҳаи сайёҳӣ дода мешавад. Алҳол ҳар сол чанд миллион нафар сайёҳон ташриф меоранд ва барои бештар намудани шумораи онҳо тадбирҳо андешида мешавад. Ин боиси таҳсин аст. Дар дунё бисёранд нафароне, ки орзуи дидани Самарқандро доранд. Хокҷои бузургони зиёде ин ҷост. Дар бораи ояндаи шаҳр ҳокими вилоят маълумот дод, ки ҳайратовар аст. Симои ин шаҳри қадиматаърих солҳои наздик батамом тағйир ёфта, диққати ҷаҳониёнро сӯйи худ мекашад. Хуллас ҳамкорӣ мустаҳкам мегардад.
З. ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.