ҲАМКОРӢ МУҲИМ, ВАЛЕ НАТИҶА — МУҲИМТАР

Яке аз муҳимтарин ҷабҳаҳои дигаргунсозиҳои васеъмиқёс дар мамлакати рӯ ба тараққии мо ислоҳоти иқтисодист, ки он яктарафа не, дар ҳолати узван вобастагӣ бо дигаргунсозӣ дар соҳаҳои сиёсию иҷтимоӣ, маънавию сохтори давлатӣ пеш бурда мешавад.

Пешравиҳо, аз ҷиҳате, ба ташаккули маданияти иқтисодиамон низ вобаста: аниқ дарк намудем, фақат дар сурати бартарафсозии ҳар гуна садд ва монеаҳои роҳи рушди соҳибкории хусусӣ ва соҳибият ба мулк, озод гардондан, айни замон, мустаҳкам намудани асосҳои иқтисодӣ, дар шароити нави таърихӣ қомат рост кардани давлати ҷавон ва нафаси сабук кашидани халқи меҳнатқарини мо имконпазир асту халос. Яъне дигаргуншавии тафаккури иқтисодии соҳибони ин диёр омили муҳими рӯикороии иқтисодиёти серҷанба қарор гирифтааст. Мудохилаи бевоситаи давлат ба фаъолияти хоҷагии мулкдорон маҳдуд гардид, аз ҷониби дигар, таҳти муҳофизати давлат қарорёбии моликияти хусусӣ дар шароити иқтисодиёти бозаргонӣ ба касе сир нест.
Самарабахшии ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ ба ҳамаамон маълум. Вақтҳои охир таваҷҷӯҳи сармоядорон аз кишварҳои дуру наздик, хусусан, давлатҳои тараққикарда ба мамлакати мо хеле афзуд. Татбиқшавии лоиҳаҳо бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ – яке аз масъалаҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодии мамлакати мо. Соли равон дар доираи барномаҳои сармоявӣ ва инфрасохторӣ татбиқсозии 2612 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст. Ҷамъ бояд 6 миллиарду 850 миллион доллари ИМА азхуд гардад, ки 4,9 миллиард доллари он сармояҳои хориҷӣ мебошанд. Аз сармояҳои хориҷӣ 2,6 миллиард доллар сармояҳои бевосита буда, боқимонда воми идораҳои байналхалқии молиявӣ мебошанд. Вале маълум мешавад бо баъзе сабабҳо ҷараёни татбиқшавии лоиҳаҳои пешомадноки сармоявӣ мувофиқи мақсад нест. Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки чанде пеш таҳти сарварии Президент бахшида ба масъалаҳои татбиқшавии лоиҳаҳо бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ баргузор гардид, вазъ дар ин самт мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифт. Оиди аз байн бардоштани нуқсону норасоиҳо ва тезонидани азхудкунии маблағҳои сармоявӣ вазифаҳои мушаххас муайян шуданд.
Дар машварат таъкид гашт, дар роҳи баррасии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, рӯикороии тендерҳо, экспертизаи лоиҳа ва шартномаҳо ҳанӯз монеаҳои бюрократӣ мавҷуданд. Ҳар қадар маблағ суст азхуд карда шавад, ҷалби сармояҳои хориҷӣ барои татбиқсозии лоиҳаҳои оянда ҳамон қадар мушкилот меофарад. Маблағ азхуд нашавад, табиист, кор пеш намеравад, шартномаҳо иҷро намешаванд ва аз ин сармоягузорони хориҷӣ, барҳақ, норизоӣ изҳор менамоянд.
Роҳбари давлатамон гуфт, гурӯҳҳои масъуле, ки татбиқи сифатноки лоиҳаҳои сармоявӣ бо иштироки идораҳои байналхалқии молиявиро назорат мекунанд, бояд фаъолияти худро ҷоннок ва самарабахш ба роҳ гузоранд.
Ҳамоҳангсозии корҳо ва назорати лоиҳаҳо бо иштироки созмонҳои молиявии байналхалқӣ ва хориҷӣ акнун пурра ба зиммаи Кумитаи давлатӣ оиди сармояҳо гузошта шудааст, ки он, дар навбати аввал, таркиби гурӯҳҳои масъулро месанҷад, ба ташкил кардани курсҳои махсуси таълимӣ, баланд бардоштани ихтисос ва малакаи роҳбарону мутахассисони гурӯҳҳои лоиҳавӣ аҳамияти аввалдараҷа менигаронад, дар пешравии корҳо аз экспертизаи зудамал истифода мекунад, мураттабсозии ҳуҷҷатҳои тендер ва қарордодҳои воридотӣ дар доираи тамоми лоиҳаҳо бо иштироки созмонҳои молиявии байналхалқӣ ва хориҷиро дар тартиби нав ташкил менамояд.
Риоя ба тартиб ва қоидаҳои нав дар ҳамаи соҳаҳо талаби замон аст. Ба таъкиди Президентамон, минбаъд лоиҳаҳо бо иштироки маблағҳои созмонҳои молиявии байналхалқӣ ва хориҷӣ куллан бо низоми нав татбиқи амалии худ меёбанд.
Дар давоми солҳои 2018-2019 пурра аз худ карда шудани 3,9 миллиард доллар сармояҳои иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ ва 3 миллиард доллар сармояҳои бевосита дар нақша буда, барои сари вақт татбиқшавии лоиҳаҳои пешомадноки сармоявӣ дар мамлакатамон кулли шароит фароҳам оварда мешаванд.
Як қатор сабукӣ ва гузаштҳо барои тезондани ҷараёнҳои коркард ва ҳамоҳангсозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ба пешравии корҳо мусоидат менамоянд.
Таҳти ҳамдастии Кумитаи давлатии сармояҳо бо вазоратҳо, идораҳо, иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ ва ҳокимиятҳо лоиҳаи барномаҳои сармоявӣ кор карда бароварда мешавад. Роҳбарони ҳокимиятҳои маҳаллӣ ба сафарҳои хориҷӣ баромада, дар масъалаи ҷалби сармоя ба қаламрави худ бо шарикони хориҷӣ гуфтушунидҳо мегузаронанд. Ба мулоқоти бевоситаи ҳокимон, муовинони онҳо, роҳбари корхонаю ташкилотҳои маҳаллӣ бо сармоягузорон чизе монеъ шуда наметавонад. Тӯли шаш моҳи соли равон 33 ҳайати ҳокимиятҳо бо сафарҳои хидматӣ ба хориҷ рафта ва бо ҳамкорон гуфтушунид сохтанд. Ба имзо расидани 195 лоиҳаи арзиши умумиашон 5 миллиарду 290 миллион доллар натиҷаи ин гуна мулоқотҳост. Амалан татбиқшавии 75 лоиҳа, ки 1,5 миллиард доллар арзиш дорад, аллакай оғоз ёфтааст.
Вале маҳдудии ҷуғрофияи сафари намояндагони ҳокимиятҳо хушнудкунанда нест, лозим аст дипломатияи мо дар муносибат бо кишварҳои дур ва мутараққӣ қадамҳои боз ҳам қатъӣ гузорад, бобати ҷалби сармояҳо фаъолнокии бештар зоҳир намояд. Зимнан, фақат бо баимзорасонии меморандумҳо мурод ҳосил намешавад. Чизҳое, ки дар коғазанд, бояд татбиқи амалии худ ёбанд, яъне гуфтушунид дар масъалаи ҷалби сармояҳо сари вақт натиҷа бахшанд. Дар акси ҳол, сафари намояндагони ҳокимиятҳо ба хориҷ сарфи беҳудаи вақт ва маблағ «ба бор» меовараду халос. Бале, дар ҷараёни татбиқшавии лоиҳаҳои пешомадноки сармоявӣ меморандум, муоҳида, шартномаҳои сармоявӣ ва содиротие, ки ба имзо мерасанд, фақат дар вазъи саривақт самара бахшидан арзиш доранд. Сабзиши суръатноку барқарори иқтисодиёти мамлакати мо, воқеан, ба таъмини натиҷаҳо дар ҷалби сармояҳои хориҷӣ вобастагии қавӣ дорад.

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: