ҲАМКОРӢ ПЕШ АЗ ҲАМА БА МАНФИАТИ ДУ ХАЛҚ АСТ

Ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ба хусус, савдои байни минтақаҳои ҳамсарҳад дорои таърихи дуру дароз аст.

Солҳои охир суръати  муносибатҳои бисёрҷанба ба дараҷаи эҳсосшаванда бардошта шуд.  

Дар 5 соли охир ҳаҷми табодули мол дар байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон 3 баробар афзуда, бинобар натиҷаи соли сипаришуда аз 650 миллион доллар гузашт. 
Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки 10-12 июни соли 2021 ба амал омад, сафари таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, ки 2-3 июни соли 2022-юм ба вуқӯъ пайваст,  ба пешрафти робитаҳои ҳамкорӣ такони нав бахшиданд. 
Метавон гуфт, ки анҷумани тиҷоратии ӯзбекистониву тоҷикистонӣ, ки тобистони соли гузашта дар шаҳри Тошканд гузаронида шуд, дар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳо дорои аҳамияти махсус мебошад. Дар кори анҷуман беш аз 200 нафар шахсони масъул ва намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ширкат ҷустанд. 
Бинобар ҷамъбасти он дар соҳаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ, энергетика ва саноати сабук, нақлиёт ва логистика, дорусозӣ, хоҷагии қишлоқ, автомобилсозӣ, электротехника, истеҳсоли маводи сохтмон ва ғайра муоҳидаҳо ба арзиши 1 миллиард доллар ба имзо расиданд. 
Ҳоли ҳозир ҷонибҳо барои дар солҳои наздик ба 1 миллиард доллар расондани мубодилаи савдо фаъолона кор мебаранд. 
Барои ин баҳри ба роҳ мондани минтақаи савдои «Ӯзбекистон – Тоҷикистон» (дар гузаргоҳҳои «Ойбек» – «Фотеҳобод») кор бурда мешавад. Ба нақша гирифта шудааст, ки то охири сол дар ҳудуди сарҳадии «Андархон» сохтмони навбати аввали маркази савдову логистика анҷом дода шавад. 
Вусъат додани лои-ҳаҳои кооператсияи саноат ҷузъи ҷудонопазири ҳамкориҳои муфиди тарафайни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон маҳсуб меёбад. 
Аз ҷумла, ташкил намудани кластерҳои бузурги бофандагӣ, дар ҳамкорӣ ба роҳ мондани истиқрори филизоти гаронбаҳо ва аз худ кардани конҳои ангиштсанг аз ҷиҳати иқтисодӣ истиқболи хуб доранд. Ин барои ба миён омадани бисёр ҷойҳои корӣ, ба афзудани даромади шаҳрвандони ҳар ду кишвар ва пешрафти муттасил мусоидат хоҳад кард. 
Барои ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳои муштараки тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоявӣ соҳаи нақлиёту логистика нақши муҳим мебозад. Бинобар ин барои инкишоф додани ҳамкориҳо дар самти мазкур ҳам ҷониби Ӯзбекистон ва ҳам ҷониби Тоҷикистон майли зиёд доранд. 
Умуман ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои ҳар ду ҷониб низ муфид буда, аз он, пеш аз ҳама, ду халқ манфиатдор мебошанд. Ҳукуматҳои кишварҳоямон барои беш аз пеш инкишоф додани муносибатҳои иқтисодӣ ва ба мақсади дар ин бобат фароҳам овардани шароитҳои мусоид минбаъд низ мулоқот ва ҳамкориҳоро идома медиҳанд. 

Бадриддин АБИДОВ,
муовини вазири сармояҳо, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: