ҲАМНАФАСИ БОНУВОНИ СУХАНВАР

Адиб ва олими машҳур Тӯхтасин Ҷалилов дар асари худ «Шоираҳои ӯзбек» доир ба зиндагиномаи шоираҳои гузашта очерку мақолаҳо навишта, сазовори эътирофи аҳли илму адаб гардида буд.

Маҳбуба Қодирова яке аз онҳоест, ки дар бораи ҳаёт, фаъолият ва мероси гаронбаҳои шоираҳои классик заҳмати зиёде кашидааст. 
М. Қодирова соли 1919 дар Тошканд, дар оилаи зиёӣ дида ба дунё кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна ӯ ба факултети филологияи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон дохил шуда, таҳсилро идома медиҳад. Ин даргоҳро низ хатм намуда, ба аспирантураи Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ӯзбекистон дохил мешавад. Соли 1961 доир ба ҳаёт ва эҷодиёти шоира Нодира рисолаи номзадиашро ҳимоя мекунад. Маҳбуба дар донишкада даставвал чун ходими хурд, дертар чун ходими калони илмӣ кор мекунад. Аз соли 1967 то охири умр олима дар Осорхонаи давлатии ба номи Алишер Навоӣ дар вазифаи ходими калони илмӣ хидмат мекунад. Ӯ дар баробари кор, ба омӯхтани мероси бебаҳои шоираҳои номдори Шарқ Робияи Балхӣ, Зебуннисо, Увайсӣ, Нодира, Дилшоди Барно, Саодатбегим, Муштарӣ, Муслиҳабегим, Мискин, Анбаротун машғул мешавад.
Шурӯъ аз солҳои 60-уми асри XX  олима дар асоси сарчашмаҳо ашъори ӯзбекиву форсии Нодираро омӯхта, китоби «Мунтахаботи Нодира»-ро бо сарсухан ва эзоҳи луғатҳо ба нашр омода намудааст. Муҳимаш он аст, ки дар китоб шеърҳои тоҷикии то ҳол ба аҳли илму адаб номаълуми шоира низ ҷой гирифта буданд. Баъди мутолиаи он китобхон санъаткори дузабона будани шоираро дарк менамояд. Олима мавзӯъ, жанр, мундариҷа, ғоя ва маҳорати бадеии шеърҳои ба ду забон эҷодкардаи Нодираро ҷиддӣ таҳлил намуд. Меҳнати чандсолаи ӯ буд, ки монографияи «Ҳаёт ва эҷодиёти Нодира» рӯйи чопро дид ва дертар ба забони русӣ низ тарҷума шуд. Пайдост, ки дар ашъори шоираҳои асри XIX рангорангии мавзӯи анъанавии ишқу муҳаббат, инсондӯстиву маърифатпарварӣ, тарғиби илму ҳунар, шарафи инсон барин ғояҳо ҷойи намоёнро ишғол мекард. Олима ба баъзе манбаъҳои то ҳол кашфнашуда, ба тадқиқи ёдгориҳои куллан таҳлилнашуда, аз ҷумла «Фалсафаи сиёҳон», «Таърихи қӯқандиён», «Собит ул-башар» эътибори алоҳида дод, ба забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ мақолаҳо навишт, монографияҳои ӯ дар нашрияҳои даврӣ рӯйи чопро диданд.
М. Қодирова соли 1975 дар маҷлисгоҳи шӯрои илмии Академияи илмҳои Ӯзбекистон рисолаи доктории худро таҳти унвони «Тақдири инсон ва халқ дар ашъори шоираҳои асри XIX» бомуваффақият дифоъ намуд. Донишмандони соҳа ба тадқиқоти илмии олима баҳои баланд доданд, ӯ ба унвони доктори илмҳои филологӣ мушарраф гардид.
Дастовардҳои олима водор сохт, ки бо корҳои илмӣ бештар  машғул шавад. Ӯ бо тарҷумонҳои рус аз наздик ҳамкорӣ кард. Асарҳои олима «Эй сарви равон», «Муаззамхон», «Маликаи шеър ва муҳаббат» пайи ҳам рӯйи чопро диданд.
Олима бори аввал ба оммавикунонии мунтахаботи Зебуннисо, Анбаротун, Дилшоди Барно ба забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ муваффақ гардид. Тадқиқоти ӯ доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Робияи Балхӣ низ кашфиёти илмии ба худ хос мебошад.
Хидматҳои олима дар рушди илму фан, таърихи адабиёт, хусусан омӯхтани ашъори сеҳрноки шоираҳои ӯзбек аз тарафи ҳукумат муносиб қадр карда шудааст.
Арбоби хидматнишондодаи илми Ӯзбекистон Маҳбуба Қодирова бо мукофотҳо ва ифтихорномаҳо тақдир шудааст.

Ҳ. ҲОМИДӢ,
доктори илмҳои филологӣ,
профессор.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: