ҲАМНАФАСИ МАРДУМ

Бо ташаббуси роҳбари давлат дар ҷамъият ба ташаккул додани муҳити ошкорбаёнӣ, рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ, таъмини озодии воситаҳои ахбори оммавӣ эътибори алоҳида дода мешавад.

Аз ҷумла, дар тӯли панҷ соли охир барои дар шароити нав ва муҳити озод эҷод намудани ҷамоаи рӯзномаҳои “Халқ сӯзи” ва “Народное слово” имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд.

Ба қарибӣ дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон бо ҳамдастии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон, Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ, таҳририяти рӯзномаҳои  “Халқ сӯзи” ва “Народное слово” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии рӯзномаҳо ва тақдимоти китоби “Роҳ ба қалби халқ” чорабинӣ баргузор гардид.
Рӯзномаҳои “Халқ сӯзи” ва “Народное слово” аз соли 1991, баъди истиқлолиятро ба даст даровардани мамлакатамон ба фаъолият шурӯъ намудаанд. 
– Рӯзномаҳо дар ин давраи фаъолияти худ дар баробари халқамонро аз ҳаёти сиёсии мамлакат хабардор намудан, вазифаи фаҳмонда додани давраҳои таърихии роҳи тараққиёт, корҳои олиҷаноб ва дастовардҳои бузурги мардумро ба дӯш гирифтааст.  Тавассути ин рӯзномаҳо оиди ҳуҷҷатҳои муҳими сиёсӣ, рӯйдодҳо ва ташкил ёфтани давлати нави мустақил – Ӯзбекистони Нав саривақт хабардор мегардем. Рӯзномаҳо барои муҳокимаи лоиҳаи Конститутсияи мамлакат минбари асосӣ буда, дар саҳифаҳои он ҳуҷҷатҳои меъёрии муҳим, ки давраи нави тараққиёти ҳамаи соҳаҳоро дар худ таҷассум намудаанд, чоп гардид. Суҳбат, лавҳа, репортаж, очерк, шарҳ ва дигар материалҳои сиёсиву иҷтимоӣ аз ҷониби хонанда хуб пазируфта шуданд, – гуфт дар баромади худ раиси Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Ӯсаров.
Дар чорабинӣ директори Агентии ахбори миллии Ӯзбекистон Абдусаид Кӯчимов, ректори Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон Шерзод Қудратхӯҷаев, ректори Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд Гулчеҳра Рихсиева ва дигар зиёиёну фидоиёни матбуот фикру мулоҳизаҳои худро бахшида ба роҳи тайкардаи рӯзномаҳои мазкур баён намуданд.
– Рӯзномаҳои “Халқ сӯзи” ва ”Народное слово” дар тӯли фаъолияти сисолаи худ чанд роҳу пайроҳаҳо ва ағбаҳоро пушти сар гузоштанд. Қудрати сухан чунон бузург аст, ки метавонад миллионҳо нафар одамонро ба роҳи сулҳ, дӯстӣ, ватанпарварӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ ҳидоят намояд, дар ҳаллу фасли масъалаҳои мушкили ҳаёти мардум ҳиссаи худро гузорад. Солҳои донишҷӯӣ ба таҳририяти рӯзнома зуд-зуд меомадем. Барои интихоб намудани касби журналистӣ рӯзномаҳои мазкур мактаби маҳорат буданд. Сармуҳаррири рӯзномаҳои «Халқ сӯзи» ва «Народное слово» Ӯткир Раҳмат ва ходимони фидоии онро бо ин санаи муборак табрик мегӯям ва дар роҳи тарғибу ташвиқи маърифату маънавият барояшон комёбиҳо таманно дорем, – гуфт Ш. Қудратхӯҷаев.
Ҳамчунин муҳаррирони як қатор нашрияҳои даврии вилоятиву ҷумҳуриҳои ҳамсоя дар чорабинӣ тариқи онлайн иштирок карданд. Аз ҷумла, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода таъкид намуд, ки рӯзнома ҳамон вақт маҳбубият пайдо мекунад, ки дар дили халқ ҷой гирифта тавонад. Рӯзномаҳои мазкур даҳҳо шоиру нависанда, журналист, омӯзгор ва зиёиёни фидоиро ба камол расондаанд. Ҳайати таҳририяти рӯзномаҳоро инчунин бо рӯзи коркунони воситаҳои ахбори оммавӣ табрику таҳният мегӯям.
Сармуҳаррири рӯзномаҳои “Халқ сӯзи” ва “Народное слово”, шоир Ӯткир Раҳмат ба иштирокдорон ва меҳмонон барои суханҳои самимиашон миннатдорӣ изҳор намуд.
– Нашрияҳо на фақат дар нигоҳ доштани забони тозаи адабӣ, балки дар ғанӣ гардондани қоида ва меъёрҳои забон саҳм мегузоранд, ба насли ҷавон забон меомӯзанд. Ходимони рӯзномаҳо инсонҳои фидоии касби худ буда, бо ҳалолӣ, ростгӯӣ, меҳнатдӯстии худ дар байни ҷамоа ба ҳурмату эҳтиром сазовор гардидаанд. Ба муносибати ҷашн фотоалбоми “Бо халқ ҳамнафас” ва китоби “Роҳ ба қалби мардум” -ро нашр намудем, ки дар он на танҳо меҳнати фидокоронаи ходимони нашрияҳои мазкур, балки  ҳаёт ва фаъолияти ибратпазири инсонҳои пешқадами мамлакат, соҳибкорон, зиёиён акси худро ёфтааст. Зеро кору фаъолияти таҳририят ба тараққиёти мамлакат вобастагии қавӣ дорад, – гуфт Ӯ. Раҳмат.
Дар поёни чорабинӣ тақдимоти фотоалбоми “Бо халқ ҳамнафас” ва китоби “Роҳ ба қалби мардум” баргузор гардид.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик”.  
          

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: