ҲАМНАФАСИ ЗАМОН

Чанде пеш ҷавони ташаббускору навовар Мирзо Ихтиёров раиси Ширкати давлатии симо ва садои вилояти Самарқанд (СТР) таъин гардид, ки бо қадами қатъӣ ҳамкоронро ба руҳи замон ва дар асоси талаби сарвари кишвар пеш мебарад. Суҳбати мо бо раиси нав дар ҳамин хусус ҷараён гирифт.

Чанде пеш ҷавони ташаббускору навовар Мирзо Ихтиёров раиси Ширкати давлатии симо ва садои вилояти Самарқанд (СТР) таъин гардид, ки бо қадами қатъӣ ҳамкоронро ба руҳи замон ва дар асоси талаби сарвари кишвар пеш мебарад. Суҳбати мо бо раиси нав дар ҳамин хусус ҷараён гирифт.
– Мирзоҷон Рустамович, аввало шуморо бо вазифаи нав табрик гуфта, пурсиданӣ ҳастам, ки ҳангоми бори нахуст дар курсии раис нишастан чиро эҳсос намудед?
– Падари бузургворам Рустамбобо, устоди нахустин ва роҳбалади равшанфикрам Абдурашид Абдураҳмонов (ҷояш дар ҷаннат бошад!) доимо таъкид мекарданд, ки ҳеҷ як кор бе амри Худо намешавад, – бо табассум лаб ба сухан кушод мусоҳиби ман. – Курсии мансаб – аввало масъулият мебошад,  баъд шараф. Дар ин вазифа бисёр шахсони мӯътабар, фидоӣ фаъолият бурдаанд. Кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки мисли онҳо ба халқу Ватан, аз ҷумла мардуми вилоят хизмати шоиста намоям.
Воқеан, ҳаёти имрӯзаро бидуни симо ва садо тасаввур кардан душвор аст. «Чӣ бояд кард, ки мо ҳамнафаси замон бошем?» бо чунин савол машварати нахустини мо ба амал омад. Муҳаррир, мухбир, тасвирчиён, ҳатто боғбони оддӣ он чӣ дар дил доштанд, ошкоро гуфтанд. 
Идораи мо қариб ду сол роҳбар надошт. «Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад. Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад» гуфтаанд. Ана, аллакай чанд барномаи нав таҳия гардид, ки дар байни мухлисон маҳбубият пайдо кард. Аз ҳама муҳимаш, навидҳои вилоят бо калимаҳои «имрӯз», «навакак», «дар ин лаҳзаҳо» ба мавҷи ҳаво паҳн мешаванд. 
– Аз ҳозирҷавобӣ, тезкорӣ ва чолоку чаққон будани мухбирони шумо хабардор ҳастем. Ва бисёр комёбиҳо ба кадрҳо вобаста буданашро ҳам медонем. Баъди раис таъин шудани шумо масъалаи кадрҳо чӣ хел ҳалли худро меёбанд?
– Хушбахтона, дар идораи мо – ходимони соҳибистеъдод, навовар, ташаббускор кам нестанд. Ҷонишини аввали раиси ширкат Дилмурод Исматов, муҳаррири калони бахши телевизион Баҳодур Эшбеков, муҳаррири калони бахши радио Эркин Юсуфов, муҳаррири калони бахши тоҷикӣ Собирҷон Бурҳонов, журналистони соҳибтаҷриба Алишер Умедов, Абдурасул Ашӯров,  тасвирчиён Абулҳай Ҷалилов, Икром Муродов, наттоқон  Азиза Зокирова, Ҳулкар Нурматова, Умед Бобомуродов, ходимони техникӣ Фурқат Нарзуллоев, Ҳусниддин Қароев ва дигарон ба маънои том қаноти ман ҳастанд.
– Шумо хабар доред, ки дар вилояти Самарқанд тоҷикон ва тоҷикзабонҳо низ зиндагӣ мекунанд. Онҳо ташнаи барномаҳои тоҷикӣ ҳастанд. Шояд аз ҳамин сабаб ҳар ҳафта барномаи «Чашми дил»-ро бесаброна интизорӣ мекашанд...
– Воқеан, таҳиягари барнома Собири Бурҳон тележурналисти соҳибтаҷриба аст. Албатта, дар тӯли ним соат тамоми навидҳои вилоятро ба ҳукми тамошобин ҳавола кардан амри муҳол аст. Мо ният дорем, ки вақти барномаи тоҷикиро зиёд кунем. 
– Шумо чӣ тавр ба телевизион омадед?
– Устухони ман бо нони деҳқонӣ мустаҳкам шудааст. Падарам Рустамамак дар хоҷагии ҷамоатӣ сарвари бригада буданд. Мо, фарзандон баъди дарс ва дар таътил бо корҳои деҳқонӣ машғул будем. Соли 2000-ум мактаби миёнаро хатм карда, ба Донишкадаи давлатии кишоварзии Самарқанд ҳуҷҷат супурдам, то ҳаётамро бо деҳқонию боғбонӣ вобаста созам. Аммо аз имтиҳонҳои қабул нагузаштам, руҳафтода ва бо сад хаёл ба деҳа мерафтам, ки бо хеши наздикамон, адабиётшинос, журналист, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Абдурашид Абдураҳмонов рӯ ба рӯ омадам. Баъди шарҳи воқеа ӯ гуфт, ки чаро бахтамро дар соҳаи адабиёт насанҷам? «Ман, ҷиян, аз бисёр китоб хондани ту хабар дорам. Биё, «аз карнайчӣ як пуф» гуфта, ҳуҷҷати худро ба факултаи филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Самарқанд супор».
Сипас, соли дигар бо холҳои баланд номи донишҷӯйро гирифтам. Пас аз хатми донишгоҳ ҳаёти ман бо Ширкати симо ва садои вилоят вобаста шуд. Аз ходими оддӣ то ба дараҷаи муҳаррири калон расидам. 

Мусоҳиб 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: