ҲАМНАФАСӢ БО АДАБИЁТ – БАХТИ БАЛАНДИ ЭҶОДКОР

Вақте Қува гуфтем, анор ва анорзорҳо пеши назар меоянд.

Вақте Қува гуфтем, анор ва анорзорҳо пеши назар меоянд. Тавре Сӯх бо картошка, Олтиариқ бо бодирингу ангур дар вилояти Фарғона машҳур аст, ноҳияи Қува бо анори худ ном баровардааст. Мегӯянд, Қува зодгоҳи алломаи бузург Аҳмад ал-Фарғонист. Ва боз ақидае мавҷуд шояд ин бузургвор дар мавзеи Қувӣ, ки дар воҳаи Сӯх воқеъ аст, ба дунё омада бошад. Муҳимаш, меарзад ҳамаамон бо вай ифтихор намоем.
Ман 5 феврали соли 1952 дар деҳаи Тошйӯлии ноҳияи Қува таваллуд ёфтаам. Назар ба нақли модарам, ҳаво ниҳоят сард ва долу дарахтон, роҳ ва манзилҳо таҳи барф монда будаанд. Тирезаи кулбаамон шикаста. Дами сарди қаҳратун ворид мешудааст аз сӯрох ва сӯрохчаҳо. Кӯдаки парпеч паҳлӯи модар хоб. Аз аллаи гуворо ва ҳарорати дасту нафасҳои модар ҳаловат бурда, майл менамудаам ба оғӯши гарму ҷонбахш.
***
Бачагию наврасиам дар ҳавлие гузашт, ки чандон васеъ набошад ҳам сабзу хуррам буд. Қариб ҳамаи дарахтони меванок худнамоӣ доштанд. Хусусан, тут ва биҳиҳои боғ ҳосили фаровон медоданд. Аз зери дарахтони тут ҷӯйи равоне мегузашт. Яке аз вазифаҳои ман – бозӣ дорондани додарҳо. Арғунчак овезон меистод байни ду тут. Дар даст китоб, арғунчак меҷунбондам. Чун додарча хоб рафт, рӯйи майсазори лаби ҷӯ нишаста, хотирҷамъ китобхониро давом медодам.
Ҳанӯз дар бачагӣ китобҳои зиёди бадеӣ мутолиа кардаам: маҷмӯаи ҳикояҳои «Қуллаҳои дурахшон»-и Абдулло Қаҳҳор, романи «Уфуқ»-и Саид Аҳмад, «Афсонаҳои халқи ӯзбек», достонҳои мардумии «Алпомиш» ва «Кунтуғмиш», инчунин «Апаю хоҳарҳо»-и Асқад Мухтор, «Муҳаббати ҳақиқӣ»-и Иброҳим Раҳим. Ба шеърият низ муҳаббати беандоза доштам. Маҷмӯаҳои назмии Зафар Диёр, Қудрат Ҳикмат, Илёс Муслим, Қуддус Муҳаммадӣ ва дигаронро бо шавқ хонда, намунаҳо азёд мекардам.
***
Модарам... Вақте модарам мегӯям, ба чашмам ашк метозад. Модаракам...
Вай Қундузхон ном дошт. Ба тарзи фарғонагӣ «буви» мегуфтем мо фарзандҳо. Модарам зане буд гандумгун, лоғарандом, ниҳоят меҳнаткаш. Дар саҳро меҳнат мекард. Оилаам мегуфт, рӯзгорам мегуфт, зане буд беқарор ва ҷонсарак. Зиндагӣ гуфту худро ба обу оташ зад. Ба ҷони ҷавонаш раҳм нанамуд.
Гарчи хурдсол будам, нағз дар хотирам. Говамон дар фасли зимистон зоид, молхонаамон ҳоли хароб дошт. Лой хобонд, девор бардошт, оғил сохт. Сахт шамол хӯрд ва касал шуд. «Бачаҳои хурдсолам дар хона танҳо» гуфта дар касалхона табобат нагирифт. Дар натиҷаи шамолхӯрии роҳи шуш вафот кард. Шаш фарзанд ятим монд.
***
Миёнақад ва «қирғизқавоқ» буд падарам. Бинобар ин ҳамдеҳаҳо ӯро «Ӯрмон қирғиз», «Ӯрмон карис» гуфта ҷеғ мезаданд. Ин лақабҳо қаҳраш оваронда ва ҳатто бо баъзе дастугиребон мешуд, ки ба ин худам гувоҳ шудаам. Зуд дармегирифт ва зуд хомӯш мегашт. Кинаю адоват намекард. Ҳамеша ба одамон нағзӣ менамуд. Охираташ обод бошад!
***
Аснои синфи дуюм хонданам аз модарам ҷудо шудам. Падарам зан гирифт. Акнун мо хурдсолонро субҳидам моиндар бедор менамуд. Душвориҳо пеш омаданд. Ду додарча ва як хоҳарчаамро ба «хонаи бачагон» супурданд. Модари нав серҷаҳл ва сахтгир. Тамоми рӯз кор ёфта медод. Вақте холӣ шудам, зуд китоб ба даст мегирифтам. Ба чашми моиндар, ки афтодам, мегуфт: «Боз болои китоб хамидӣ? Кори таъинкардаам шуд ё не? Нашуда бошад, аз назарам дафъ шав!»
Он вақтҳо бисёр мактабҳо синфҳои болоӣ надоштанд. Мактаби мо бошад баробари синфҳои болоӣ хобгоҳ дошт. Чун директори мактабамон ҳис кард, ки ҳаёти ман хуб намегузарад, дар ҳамон хобгоҳ ҷойгир сохт. Вале дар хобгоҳ дурудароз зиндагӣ накардам.
Модарандарам бо чашмҳои нам омад ва ба хона гирифта бурд. Тағйир ёфта буд ӯ. Ман ҳам меҳри фарзандӣ дареғ надоштам. Дар ин байн се додарам ба дунё омаданд. Ба онҳо чун ба додарони зоидаи худ нигаристам. Раҳматӣ моиндарам вақти пириаш танҳо ба ман такя мекард. Хусусан, баъди вафоти модарам саробонии оила ба дӯшам бор шуда буд.
***
Баробари мутолиа ба шеърнависӣ машқ мекардам. Аз ин шуғли ман падар бисёр мезавқид. Вақте дар синфи дуюм мехондам, аввалин шеърам дар «Ленин учқуни» рӯи чоп дидааст. Бевақтии шаб падарам моро аз хоб бедор кард, шеъри чопшударо хурсандона нишон дод. Шеър навиштанам дар мактаб, дар маҳаллаамон овоза гашт.
Баъде синфи ҳаштумро хатм кардам, падарам маро ба Тошканд овард. Мехост дар техникуми кишоварзӣ хонам. Вале тақдир дигар навъ сурат гирифт. Рӯзона дар матбаа ва сохтмон кор карда, шабона дар мактаби коргарҷавонон таҳсил намудам. Машқи шеър ором намегузошт. Машқҳоямро ба назди сармуҳаррири ҳамонвақтаи маҷаллаи «Гулистон» Иброҳим Раҳим, ки аз Қува баромадааст, бурдам. Баъдтар бо вай падару писар барин шуда мондем. Ба хонааш рафта, хидматаш карда, нону намакашро мехӯрдам. Як муддат дар манзилаш зиндагӣ ҳам кардаам. Раҳим Аҳмедов, Абдулҳақ Абдуллоев, Ҳафиз Абдусамадов, Ҳамид Ғулом, Шӯҳрат, Йӯлдош Шамшаров, Асқад Мухтор, Рамз Бобоҷон барин шахсони маъруф зуд-зуд ба хонааш меҳмон мешуданд. Баҳра бурдан аз суҳбати соҳибдилон бароям бахти бузург буд.
Бо кӯмаки маънавии шодравон Лазиз Қаюмов ба Донишгоҳи давлатии Тошканд дохил шудам. Аввалин дафтарҳои шеъриам дар Нашриёти адабиёт ва санъати ба номи Ғафур Ғулом бо номҳои «Овози сабз» ва «Навиштаҳои қалб» ҳанӯз солҳое, ки донишҷӯ будам, ба чоп расидаанд.
***
Ҳамнафасӣ бо шеър ва аҳли эҷод маро ба сарсабзиҳо расонд. Китобҳои зиёдам баромаданд. Бештар фотиҳаи А.Ориповро гирифта бошам ҳам, дар падидаҳои қаламии худ таъсири Рауф Парфиро бештар ҳис мекунам. Дар вазъе, ки ҳиҷо ва арӯз давом мекунад, шеърияти мо рӯ ба навӣ ниҳода, модерн дар адабиёт мустаҳкам мавқеъ меёбад.
Солҳои дарози умрам дар Хонаи эҷодии «Дӯрмон» гузашт. Аксарияти ҳамсоягонам низ шахсиятҳои номвари ба адабиёт ва эҷод алоқадор. Бо Иброҳим Ҳаққул хайрухуш созам, Иброҳим Ғафуров аз пеш мебарояд. Ба танқид муносибатам холисона. Воқеан ҳам танқид – меваи оянда. Дар ҷавониам як шеърамро, ки дар баёзи «Ёшлик» чоп шуда буд, Озод Шарофиддинови раҳматӣ танқид карда «гапи нав нест-ку» гуфта буд. Ҳамин танқид оянда бароям мактаби калон гашт.
Дар ҷойи зист рӯбарӯӣ бо Эркин Аъзам, Набиҷон Боқӣ, Аҳмадҷон Мелибоев, Қӯчқор Норқобил, Хосияти Рустам ва дигарон бароям – омад. Азим Суюн ва Мирпӯлод Мирзо (равонаш шод бод) низ ҳамсояҳои наздик буданд. Бӯйи адабиёт ва эҷод кардани ҳамсоя барои хӯшачини хирмани сухан ҳақиқатан ҳам омад ва бахт. Баҳс ва суҳбатҳо самара мебахшанд.
***
Аз адабиёти халқҳои бародар ба қалбам аз ҳама наздиктар – адабиёти тоҷик. Чун адабиёти тоҷик мегӯем, адабиёти ҷаҳонӣ пеши рӯ меояд. Боз адабиёти кадом халқ чун адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ ба адабиёти дунё ин гуна суханвар тақдим дошта бошад?
Аз он ки намунаи ашъорам бо тоҷикӣ низ тарҷумаю нашр шудаанд, мефахрам. Чун ба Фарғона, ба Қува рафтам, поям ба сӯйи Сӯх мекашад. Сӯхе, ки айни замон Қувии қадима дорад. Чанде пеш ба Сӯх рафтам, ба инсонҳои самимӣ ҳамсуҳбат будам, очерку ёдномаҳо навиштам ва чоп кунондам. Сӯх воқеан гӯшае аз боғи ҷаннат. 

Турсун АЛӣ,
узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: