ҲАМНАВОИ МУРҒИ ОЗОДИ СУХАН

Намешавад онҳоеро, ки бо шеър, таълифоти насрӣ ва драматургия сару кор доранд, шоир ё нависанда номид.

 Ба фикрам, нисбати чунин шахсон корбурди вожаи «адиб» муносибтар аст. Яке аз маъноҳои луғавии вожаи «адиб» нависанда аст, яъне нависандаи шеър, ҳикоя, қисса, роман, асари саҳнавӣ, нақди адабӣ ва ҳоказо.
Пас, нисбати ҳамкор ва бародари рӯҳонии мо, зодаи Сӯхзамин – Муҳаммад Шодӣ корбурди ин вожа айни муддаост. Китобҳои назмию насрии ӯ «Муҳаббати дар дилҳо монда» (соли 1996), «Садои Сӯхдарё» (маҷмӯаи шеърӣ ва повести «Коломбо дар Тошканд», 2002), «Дувумин баҳор» (2008), «Саҷдагоҳ» (2011), «Муборакбод» (2015), «Фариштаи хушбахтӣ» (2016), «Як дона марворид» (2019), ки дар нашриёти мухталифи пойтахт рӯйи чопро дидаанд, далели ин гуфтаанд.
Қаламиҳояш ба чанде аз забонҳо – англисӣ, туркӣ ва пашту тарҷума шудаанд. Вай муаллифи беш аз дусад ҳикоя, панҷ роман ва зиёда аз бист қисса мебошад. Дар теленовелла ва филмномаи ӯ ҳунарпешагони мардумии Ӯзбекистон Рихсӣ Иброҳимова, Пӯлод Носиров, Рихсибой Авазов, Теша Мӯъминов, ҳунарпешагони шоистаи кишвар Саида Раметова, Меҳмоналӣ Салимов, Шоҳида Исмоилова, Нодира Маҳмудова, Гулчеҳра Саъдуллоева ва дигарон нақшҳои асосиро бозидаанд. 
Адиби зуллисонайн, барилова, яке аз журналистони шинохта маҳсуб меёбад. Матолиби хондании ӯ (публитсистика) ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ ва русӣ дар рӯзномаву  маҷаллаҳои давлативу хусусии ҷумҳурӣ, аз қабили «Халқ сӯзи», «Народное слово», «Правда Востока», «Ӯзбекистон овози», «Миллий тикланиш» ва ғайра рӯйи чопро дидаанд. Ҷоизадори «Беҳтарин журналисти сол» (соли 2009), ғолиби озмуни «Муаллифи беҳтарин мақолаи сол» (соли 2012) мебошад. Аълочии матбуоти Тоҷикистон, барандаи медали «Шуҳрат» аст.
Ёдам ҳаст, чакидаҳои хомаи мо дар матбуоти даврии кишвари ҳамсоя – Тоҷикистони шӯравӣ пасу пеш рӯйи чопро медиданд. Чоп шудани онҳо як олам завқ мебахшид. Баъди чанде ҳаққи қалами навиштаҳо, ки баракае доштанд, ба шодиамон меафзуд. 
Маҳорати тарҷумонии узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Муҳаммад Шодӣ шоистаи таҳсин аст. Вай осори бисёр шоиру нависандагони ӯзбекро бо маҳорати баланд ба мулки маънавии халқи тоҷик табдил дода тавонистааст. Китоби шеърии Шоири мардумии Ӯзбекистон – Иқбол Мирзо таҳти номи «Гулафшон», китоби шоири саршиноси ӯзбек – Ӯткир Раҳмат бо номи «Ситоразор», «Қаҳрамонҳои фарғонӣ» (Набиҷон Собир) дар тарҷумаи ӯ ба дасти чоп расидаанд. Ногуфта намонад, ки ӯ шеърҳои шоирони саршинос Эркин Воҳидов, Муҳаммад Алӣ, Абдулло Орифов, Муҳаммад Юсуф, Хуршед Даврон, Маҳмуд Тоир, Сироҷиддин Саййид, Эшқобил Шукур, Минҳоҷиддин Мирзо, Салим Ашур, Мирпӯлод Мирзо, Ӯктам Мирзоёр, Улуғбек Ҳамдам, Рустам Мусурмон, Фарида Афрӯз ва дигаронро низ бо маҳорати баланд ба тоҷикӣ баргардондааст. 
Ҳикояву қисса ва мақолаҳои намакинаш, ки дар маҷаллаҳои «Шарқ юлдузи», «Ёшлик», «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати» ва дигар нашрияҳои ҷумҳурӣ ба забони ӯзбекӣ чоп мешаванд, ба назари алоқамандони каломи бадеъ ва шоиру нависандагони саршинос афтодааст. Ман бар онам, ки ӯ мисли устод Ҷонибеки Қувноқ тавассути тарҷума бисёр шоиру нависандагони тоҷикро ба хонандаи ӯзбек муаррифӣ карда метавонад. 
Чунин ба назар мерасад, ки ӯ дар пайравӣ ба салафони худ Алишери Навоӣ, Заҳириддин Бобур, Ҳамза, Абдурауф Фитрат, Садриддин Айнӣ, Муҳаммадҷон Васфӣ, Ҷонибеки Қувноқ анъанаи зуллисонайниро сарбаландона идома медиҳад.
Устод Лоиқ Шералӣ дубайтие дорад, ки ин аст:
Қалам парвои рӯзу шаб надорад,
Саводи шоирӣ мактаб надорад.
Бувад шоир фидоии замона,
Ҷаҳони шоирӣ мансаб надорад.
Инсони дарёдилу фурӯтан – Муҳаммад Шодӣ ҳастияшро ба коғазу қалам бахшидааст, ба қавли устод, «қаламаш парвои рӯзу шаб надорад» менависад, менависад, менависад ва қаламиҳояш ба дарди замону рӯзнома мехӯранд. Гоҳо даст ба сар мебарад, ки мӯяшро мураттаб созад, ҳазломез мегӯем: «Бузургвор, мӯй монда бошад, ки шона занед».
Назму насраш саршори самимият, хонанда эҳсос менамояд, ки пушти сатрҳои ӯ диле аз меҳр саршор тапидан дорад ва ин рӯди меҳри саршор ба сӯйи марзе ҷорист, ки сарфи  назар аз миллату мазҳабу динаш, дар он ҳазрати Инсон ба сар мебарад.
Шеъри ӯ аз ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, суруд, шеъри озоду анъанавӣ ва кӯдакон таркиб ёфтааст. Зодаву парвардаи ин обу хок ба Ватани кӯчаки худ – Сӯх ва Ватани паҳновар Ӯзбекистон меҳри беандоза дорад:
Зинда ҳастам бо ту, бо обу ҳавои ҷонфазот,
Бе ту моҳии бурун афтода аз дарёстам.
Ин туӣ дунёи ман, дунёю дороии ман,
То туро дорам, Ватан, дорои дороҳостам.          
Насраш ба фаҳми хонандаи оддӣ наздик аст, печидагӯйӣ намекунад. Боре як хатмкардаи мактаби миёна ба инҷониб гуфт: «Муҳаммад Шодӣ соддаву фаҳмо ва ба дил наздик менависад». Вай дуруст мегуфт...
Аксарияти ҳикояву қиссаҳояш бори ин ё он ҳикмати халқиро бар дӯш доранд. Хонанда вақте ҳикояҳои ӯ «Бобо, гиря кунед», «Дар муқова – сурати ман», «Хоҳари гунаҳкораки ман», «Маро танҳо нагузор», «Дар шаби рӯшантар аз рӯз», «Афсонаи муҳаббат», «Дунё аҷиб», «Дору ё заҳр», «Кабкшӯрбо», «Занги паҳлавон» ва ё қиссаву романҳои ӯро мутолиа менамояд, ба ин гуфта бовар ҳосил мекунад.
Як ғазалаш байти дилнишине дорад, ки ин аст:
Пар кашид ин мурғи дил бар сӯйи гардунҳои дур,
Ҳамнавою ҳамсадо бо мурғи озоди сухан.
Оре, дили лабрези орзуҳои ӯ ҳамнавою ҳамсадои мурғи озоди сухан аст ва ин мурғ имрӯз дар фазои дилҳо пару бол кушодааст...
Шастро, дар урфият, синни камолот мегӯянд. Воқеан, синни шаст барои нависанда синни камолот аст, зеро дар навиштан таҷрибаи кофӣ меандӯзад, ба қавле, мепазад. Мо дигар ба дӯсту ҳамкори худ, ҳамнавою ҳамсадои мурғи озоди сухан тандурустӣ, умри саъдиёна ва комёбиҳои беш аз пеши эҷодӣ таманно намуда, самимона мегӯем: «Шасти камолот муборак бошад!»

Абдулло СУБҲОН,
муҳаррири бахши 
адабиёт ва ҳунар.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: