«ҲАМНИШИНЕ БЕҲ АЗ КИТОБ МАХОҲ...»

Эҷодкори бомаҳораттарин халқ аст.

Эҷодиёти халқ намунаи олии санъат мебошад, он чизе, ки дар хотири халқ нақш бастааст, умри дароз мебинад. Халқ, бемуболиға, ҷӯяндаи ганҷ, ҷӯяндаи марворид аст. Вай аз ҳар чиз беҳтаринашро ҷудо карда, дар худ нигоҳ медорад, аз насл ба насл мерасонад.

Чи тавре ки ҳар як қавму миллат панду ҳикматҳои оқилонаи аҷдод ва бузургони худро дӯст медорад, халқи тоҷик низ нисбат ба суханони ҳакимонаи гузаштагони худ, ки дар ҳаёт чун дастурамал хидмат кардаанд, эҳтироми самимонае доштааст. Ҳар як зарбулмасал, мақол ва мисраъҳои халқиро дар муоширати зиндагӣ дар мавқеи муносиб кор фармудан санъати бузург. Аз ҷумла, гӯяндае аз замони ноороми худ, ҳаёти танг, талхии рӯзгор, бемакон мондан шикоят кардааст:
Мурғи бе болу паре дидам 
дилам омад ба ёд,
Нолаи ҷуғзе шунидам 
манзилам омад ба ёд...
Муаллифи китоби «Фолклори деҳаи Нанай» зодаи ҳамин деҳаи ноҳияи Бӯстонлиқ  Равза Азметова мебошад. Китоб таҳти таҳрири Асадулло Шукуров интишор гардидааст. Дар китоб маълумоти мухтасар перомуни деҳаи Нанай ва атрофи он, расму оин, фолклор, эҷодиёти шифоҳии мардуми он оварда шудааст. 
Равза Азметова чун донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз солҳои донишҷӯйӣ ба гирд овардани фолклори деҳаи худ камар баста буд. 
Дар китоб аз эҷодиёти шифоҳии халқ суруду тарона, зарбулмасалу мақол, нақлу ривоят, чистону масал гирд оварда шудааст. Гуфтугӯ ва лаҳҷаи деҳаҳои тоҷикнишини ноҳияи Бӯстонлиқ то андозае аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Муаллиф менависад: “Дар Нанай баҳор дер омада, зимистон барвақт сар мешавад. Аввали баҳор борон бисёр меборад. Зимистонаш сербарф буда, аз ҳад зиёд хунук аст, оби ҷӯйҳо ях мекунад... Аз барфи зиёд роҳгузарҳо метавонистанд бо болои бом роҳ гарданд. Рӯзҳои гарми тобистон барои зимистон гандум, ҷуворимакка, дӯлона, қоқи себ, зардолу, олуча, тутмавиз ва ғайраро захира мекарданд. Хонаи мардум аз чӯбу қамиш сохта шуда, ба баъзеи онҳо дар рӯзҳои боронгарӣ об медаромад. Дар миёни хона як сӯрохӣ, ки онро “танучча” (танӯрча) мегуфтанд, алав карда, гарм мешуданд. Дуд аз сӯрохии туйник (равзана)-и бом мебаромад. Ба болои тунучча сандалӣ монда гарм мешуданд. Ҳамаи ин баъди Инқилоби октябр барҳам хӯрдааст.”
Суруд ва лапарҳои халқӣ, ки дар тӯйҳо, никоҳ, гаҳворабандон, аллахонӣ ва дигар маросимҳо иҷро мешуданд, хеле шавқовар аст. Мисол:
Мол ҳай кардам далава,
Дастам расид лолава.
Апа-додом наметияд,
Нағз дидагӣ ёрамба.
Ба қарибӣ дар мактаби рақами 44-уми ҳамин деҳа тақдимоти китоб ба амал омада, ташкилотчии он, директори мактаб Муллабой Норматов, фаъолони Маркази миллӣ-мадании тоҷикони шаҳри Чирчиқ «Суғдиён», фаъолони маҳалла ва хонандагони мактаб иштирок карданд. 
– Муаллиф барои ҷамъоварии маводи китоб заҳмати зиёд кашидааст. Чунин китобҳо барои ҷавонон, баҳри худшиносии онҳо хеле аҳамиятнок ҳастанд, – гуфт дар маҳфил фаъоли Маркази «Суғдиён» Р. Эсанбоев.
Шоир фармудааст:
Ҳамнишине беҳ аз 
китоб махоҳ,
Ки мусоҳиб бувад гаҳу бегоҳ.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: