ҲАМОИШИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ШӮРОИ ТУРКӢ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 10 апрел дар ҳамоиши ғайринавбатии Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон дар шакли видеоконфронс барои баррасии масоили пурзӯр гардондани ҳамкорӣ ва муттаҳид кардани саъю кӯшиш дар мубориза бар зидди паҳншавии сирояти коронавирус ширкат варзид.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 10 апрел дар ҳамоиши ғайринавбатии Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон дар шакли видеоконфронс барои баррасии масоили пурзӯр гардондани ҳамкорӣ ва муттаҳид кардани саъю кӯшиш дар мубориза бар зидди паҳншавии сирояти коронавирус ширкат варзид.

Дар чорабинӣ, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев гузашт, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосым-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Ҷээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯған, Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов, Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан, инчунин котиби генералии Шӯрои туркӣ Бағдод Амреев ва Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адхан Гебрейесус  ширкат варзиданд.

Тибқи рӯзнома оид ба чораҳои таъхирнопазири муқовимат бар зидди пандемия, ки дар кишварҳо андешида мешаванд, мубодилаи афкор ба амал омад. Ҷонибҳо инчунин дар бораи тадбирҳои маҷмӯӣ, ки ба таъмини назорати эпидемиологӣ дар давлатҳо, ҳифзи табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор, дастгирии бахшҳои иқтисодиёт ва тиҷорат дар шароити вазнин нигаронида шуданд, хабардор карда шуданд.

Аҳамияти ҳамкории зич бо мақсади табодули таҷриба ва амалиёти беҳтарини мубориза бар зидди коронавирус, пурзӯр гардондани ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ таъкид гардид.

Бояд тазаккур дод, ки кишварҳои Шӯрои туркӣ, ки таърихан бо риштаҳои дӯстӣ ва шарикӣ робитаи ногусастанӣ доранд, дар солҳои охир ҳамкориҳои гуногунҷабҳаро босуръат рушд доданд.

Мутаассифона, инфексияи хавфноки бошиддат паҳншаванда мамлакатҳои моро, ки дар онҳо қариб 160 миллион нафар зиндагӣ мекунанд, дар канор нагузошт.

Пандемия барои тамоми башарият ва иқтисодиёти ҷаҳон ба таҳдиди ҷиддӣ табдил ёфт. Бӯҳрони эпидемиологии ҷаҳонӣ ба назаррас коҳиш додани алоқаи нақлиёт дар ҷаҳон, боздоштани корхона ва соҳаҳои бузург, афзудани бекорӣ оварда, ҳамчунин ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ҳамаи давлатҳо таъсири бузурги манфӣ мерасонад.

Роҳбари давлати мо дар бораи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар ин соҳа сухан ронда, аҳамияти коркарди чораҳои муассир ва ҳамаҷонибаро бинобар пешгирии паҳншавии сироят, мустаҳкам намудани иқтидори низоми тандурустӣ, ба ҳадди аққал расонидани оқибатҳои соҳаҳои асосӣ ва бахшҳои ҳассоси иқтисодиёт, ба роҳ мондани муколамаи кушоди байналмилалӣ таъкид кард.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи муборизаи беамон бар зидди коронавирус дар кишвар маълумот дода, дар бораи чораҳои карантинӣ, ки мутобиқи тавсия ва талаботи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷорӣ карда шудааст, ҳарф зад.

Корҳо оиди бунёди минтақаҳои карантинӣ ва клиникаҳои замонавии модулӣ дар минтақаҳои кишвар, чораҳо оид ба тавсеаи кафолатҳои иҷтимоӣ барои шифокорон, ташкили таҳсили фосилавӣ, инчунин роҳандозии механизмҳои воқеии дастгирии иқтисодиёт ва тиҷорат, ҷорӣ кардани Низоми миллии мониторинг ва пешгӯии вазъи эпидемиологӣ дар Ӯзбекистон ва чорабиниҳои дигар қайд шуданд.

Бо мақсади андешидани чораҳои муассир оид ба самарабахш мубориза бурдан бо оқибатҳои паҳншавии сирояти коронавирус  роҳбари мамлакатамон  як қатор таклифҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Президенти мамлакатамон маърӯзаро ба охир расонда, алоҳида таъкид намуд:

– Ҳамаи мо хуб медонем, ки ягон давлат наметавонад дар танҳоӣ бо ин пандемияи мудҳиш мубориза барад. Барои мо бояд тамоюлҳои ягонагӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки тарафайн дастуруламал бошад. Мо якҷоя ба бисёр корҳо қодирем.

Тамоми пешниҳоду ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳуҷҷати ниҳоии ҳамоиши ғайринавбатии Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон - Эъломияи Боку дохил карда шуданд.

Ин ҳуҷҷати муҳим асоси сиёсӣ ва ҳуқуқии татбиқи созишномаҳои дар доираи мулоқоти сарони давлатҳои туркзабон бадастомада мегардад.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: