Вохӯриҳо дар доираи ҳамоиш
Дар чаҳорчӯбаи ҳамоиши ашқободии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.
Сарони давлатҳо бо қаноатмандии амиқ дараҷаи замонавии муносибатҳои дӯстона, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии ӯзбекистониву тоҷикистониро таъкид намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои рӯзмарраи вусъат додани ҳамкориҳои дуҷонибаи амалӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои савдо, кооператсияи саноатӣ, энергетика, нақлиёт, мубодилаи маданиву инсонпарварӣ ва дигар самтҳои бартаринок муҳокима шуданд.
Сарони ду мамлакат ҷадвали мулоқотҳои пешистодаро дар сатҳи олӣ баррасӣ намуданд, ҳамчунин бинобар рӯзномаҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Арманистон Никол Пашинянро пазируфт.
Дар вохӯрӣ муҳимияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои савдову иқтисодиёт ва маданиву инсонпарварӣ таъкид шуд.
Бобати ба роҳ мондани мубодилаҳои тарафайн дар дараҷаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ қарордод имзо шуд.
Ҳамчунин масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи байналхалқӣ ва ҳамкории тарафайн дар доираи созмонҳои бисёрҷониба муҳокима гардиданд.
ӮзА.