Хуҷандро ҳамеша дӯст медорем, чунки зодгоҳи Шайх Камоли Хуҷандӣ аст, ба Хуҷанд ҳамеша бо чашми эҳтиром менигарем, зеро маликаи шеъри форсии кунунӣ – Фарзонаро дар оғӯши хеш парвардаву ба камол расонид.
Хуҷандро ҳамеша дӯст медорем, чунки зодгоҳи Шайх Камоли Хуҷандӣ аст, ба Хуҷанд ҳамеша бо чашми эҳтиром менигарем, зеро маликаи шеъри форсии кунунӣ – Фарзонаро дар оғӯши хеш парвардаву ба камол расонид. Шаҳр дар инкишоф ва тақвият бахшидани робитаҳои адабӣ нақши калон мебозад, аз ҷумла, барои мустаҳкам гардидани робитаҳои адабии мардуми Ӯзбекистону Тоҷикистон саҳми муносиб дорад. Гузашта аз ин, дар ин шаҳри бостонӣ баргузор шудани бисёр ҳамоиши илмиву адабӣ гувоҳи он аст, ки мардуми маърифатпарвар дорад ва ҳамеша фарҳанги аҷдоди худро ҳифз кардаву идома мебахшанд.
Ҳамоиши байналхалқии онлайнии бахшида ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно, ки бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, махсусан, бо саъю талоши мудири кафедраи адабиёти классики тоҷики донишгоҳ, адабиётшиноси пуркор Шарифҷон Тоҷибоев роҳандозӣ шуда буд, бисёр хотирмон гузашт ва чанд афзалият дошт: аксари гузориши онҳое, ки маърӯза карданд, бар замми мӯҷазу пурмуҳтаво будан, ба яке аз паҳлуҳои вижаи мавлоношиносӣ ё маҳбубияти осори Мавлоно дар ин ё он кишвари дунё рабт дошт, аз ин хотир, матолиби шуниданӣ буданд; ҷуғрофияи иштирокдорони ҳамоиш хеле васеъ буд, ки шоири ҷаҳонӣ будан ва маҳбуби ҳамаи миллатҳо гардидани ҳазрати Мавлоноро собит мекард; иштирокдорони ҳамоиш чунон мафтуни осору шахсияти Мавлоно буданд, ки бо як завқи алоҳида гузориши мутахассисону устодони адабиётро мешуниданд.
Мутахассисони машғул бо пажӯҳиши афкору осори Мавлоно дар ин ҳамоиш шоири барҷаста ва мумтоз будани Ҷалолиддини Балхиро эътироф карда, зикр намуданд, ки ӯ шахсияти бузурги ҷаҳонист. Агар инсофан зикр шавад, ҳеч шоире дар адабиёти ҷаҳон ба андозаи Мавлоно дар шеъри ирфонӣ ба комёбӣ нарасидааст ва ҳар як фикри ӯ як гиреҳи мушкили маънавияти моро боз мекунад. Ҳамоиши мазкур собит мекард, ки адабиёту фарҳанг, махсусан, осори ҳазрати Мавлоно сарҳаду миллат намешиносад ва тамоми афкору осораш ба кулли башарият нигаронда шудааст. Устод Шарифҷон Тоҷибоев бо он ҳама донишу маълумоти фарогир роҷеъ ба паҳлуҳои мухталифи осор ва шахсияти Мавлоно тавонист бо ишора ба зиндагиву осори шоир порчаҳое аз зиндагии ӯро дар хотири иштирокдорони ҳамоиш зинда созад. Гӯё ин дафъа Мавлоно ба Хуҷанд омада бошад.
Воқеан, файзи сухани Ҷалолиддини Балхӣ буд, ки ҳамоиш бошукӯҳе дигар оғозу анҷом гирифт. Гузориши олимони соҳа аз Русия, Ҳинд, Туркия, Озарбойҷон, Бангладеш, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва ғайра дар бобати тарҷума, таҳқиқ ва шарҳи осори ин бузургмарди фарҳангу адаб арзиши баланд доштанд. Аз ҷумла, гузоришу суҳбатҳои хонум Наталя Пригарина (Русия), Алӣ Темизел (Туркия), Аҳмади Иштиёқ (Ҳинд), Тоҷибой Султонӣ (Тоҷикистон) ва ғайра ҷолиб буданд. Дар ҳамоиши онлайнӣ аз Ӯзбекистон роқими ин сатрҳо ширкат дошт ва оиди манобеи ҳикоятҳои «Маснавии маънавӣ» гузориш дода шуд. Зеро ин масъала яке аз муҳимтарин паҳлуҳои омӯзиши осори Мавлоно ба шумор меояд. Зимнан бояд таъкид намуд, ки осори Ҷалолиддини Балхӣ дар Ӯзбекистон низ тарҷумаву тадқиқ мегардад ва хонандагони худро дорад. Қироати шеърҳо аз осори Муллои Рум аз ҷониби донишҷӯёни хуҷандӣ хеле зебову таъсирбахш буданд. Аз тариқи бархат (онлайн) дидорбинӣ бо олимони адабиётшиноси хуҷандӣ мисли Шарифҷон Тоҷибоев, Тоҷибой Султонзода, Саидумрон Саидов, Фирӯза Қайюмова ва дигар устодону дӯстони сокини мамолики дигар, ки дар ҳамоиш ширкат доштанд, хеле масарратбахш буд. Чунонки дар ҳамоиш мукарраран садо дод, гувоҳи қалби ҳамаи мо байти зерини ҳазрати Мавлоно буд ва ҳаст:
Мо барои васл кардан омадем,
Не барои фасл кардан омадем.
Агарчи иштирокдорони ҳамоиш намояндаи миллату қавмҳои гуногун буданд, аммо ҳама бо забони осори Мавлоно суҳбат мекарданд ва «аз ҳамзабонӣ беҳтар будани ҳамдилӣ» бараъло эҳсос мешуд.
Умед аст, ки минбаъд низ рӯҳу осори ҳазрати Мавлоно дар роҳи башаргароиву инсондӯстӣ муаллими мардуми асри мо мегардад ва ҳамагонро ба сӯйи ваҳдати инсонӣ ҳидоят мекунад. Дар воқеъ, ӯ шоире буд, ки дар «орзуи инсон» мегашт ва ин дарсро барои мо мерос гузошт, то аз ҷустуҷӯйи инсони комил ҳеч гоҳ фориғ набошем.
Хусрав ҲАМИДОВ,
доктори фалсафа оид ба илмҳои филология.