Ҳамоиши СҲШ – майдони мусоиди мулоқот барои татбиқи мақсадҳои умумӣ

Бишкек, 14 июн. Мухбири махсуси ӮзА Зиёдулло Ҷонибеков хабар медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки 13-14 июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон буд, дар ҷамъомади нуздаҳуми Шӯрои роҳбарони давлатҳои аъзои  Созмони ҳамкории Шанхай иштирок кард.
Чорабиниҳои асосии Ҳамоиш 14 июн дар қароргоҳи «Ала-арча» ба амал омаданд. Аввал роҳбарони давлатҳо дар ҳайати маҳдуд вохӯрданд.
Дар ҷамъомад, ки таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков гузашт, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок карданд.
Ҷонибҳо оид ба мустаҳкам гардондани равобити байни мамлакатҳо, минбаъд ривоҷ додан ва таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт ва бехатарӣ масъалаҳои муҳими молики байналхалқӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.
Ҳисоботи Саркотиби СҲШ Владимир Норов доир ба фаъолияти созмон шунида шуд.
Дар ҷамъомади ҳайати васеи Шӯрои роҳбарони давлатҳои аъзо баробари мамлакатҳои аъзои ташкилот нозирон, сарони давлатҳое, ки оид ба мулоқот мақоми шарикро гирифтаанд, ҳайати созмонҳои байналхалқӣ иштирок карданд. Дар он бинобар масълаҳои самтҳои муҳими пешомади рушди СҲШ,  минтақавӣ ва байналхалқӣ мубодилаи афкор ба амал омад. Масъалаҳои васеъ гардондани шарикии иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, вусъат додани ҳамкории соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва ҷиҳатҳои дигари кооператсияи бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷамъомад Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нутқ эрод кард.
Вохӯриҳои гуногундараҷае, ки дар доираи СҲШ ташкил карда мешаванд, барои амалӣ гардондани мақсадҳои стратегии Ӯзбекистон майдони қулай ба ҳисоб меравад. Коммуникатсияҳои нақлиёти минтақаи СҲШ бобати ба бозорҳои ҷаҳон баромадани мамлакатамон омили муҳим бошад, равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба рушди иқтисодиёти кишварамон, ташкил кардани корхонаҳои баландтехнологӣ хидмат мекунад. Ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарӣ осоиштагии минтақавӣ ва устувориро мустаҳкам менамояд.
Бинобар ин Ӯзбекистон дар тамоми чорабиниҳои доираи СҲШ иштирок менамояд. Таклифу ташаббусҳои роҳбари давлатамон оид ба рушди ҳамкории бисёрҷониба, ки дар ҳамоишҳои СҲШ-и Остона (2017) ва Синдао (2018) пеш гузошта шуданд, дастгирӣ гардида, пайваста татбиқ мегарданд. 
Хуллас, дар Синдао Муроҷиати муштараки сарони давлатҳо ба ҷавонон қабул шуд, моҳи сентябри соли гузашта дар Тошканд вохӯрии аввалини сарони идораҳои роҳи оҳани мамлакатҳои СҲШ баргузор гардид. Бо қарорҳои Президентамон дар Тошканд Маркази дипломатияи халқии СҲШ таъсис ёфта, дар  Самарқанд Донишгоҳи байналхалқии сайёҳии «Роҳи абрешим» кушода шуд. Дар нимаи дувуми соли ҷорӣ бошад, бо иштироки ташкилоти ҷавонони давлатҳои аъзо бинобар лоиҳаҳои рушди технологияҳои ахбор ва инноватсия инчунин ташаббусҳои Стартап гузарондани форумҳо ба нақша гирифта шудааст. 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар суханрониаш ба масъалаҳои муҳими минтақа эътибор дода, бинобар ҳаллу фасли онҳо пешниҳодҳои амалӣ изҳор намуд. 
Дар хотимаи ҷамъомади Шӯрои роҳбарони давлатҳои аъзо маросими ба имзо расондани ҳуҷҷатҳо ба амал омад.
Изҳороти Бишкек қабул гардид. Байни мамлакатҳои аъзо доир ба рушди шарикӣ дар соҳаҳои гуногун, ҳамкорӣ бо сохторҳои дигари байналхалқии СҲШ 22 ҳуҷҷат ба имзо расид.
Мувофиқи таклифи Президенти Ӯзбекистон консепсияи ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои ахбору коммуникатсияи мамлакатҳои аъзои СҲШ, инчунин барномаи рушди ҳамкории байни минтақаҳо қабул шуданд.
Раисии СҲШ ба Федератсияи Русия гузашт.
Дар вохӯрӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ таъкид гардид, ки ҳамоиш самарабахш гузашта, ҳуҷҷатҳои имзошуда бобати минбаъд ривоҷ додани созмон, дар роҳи пешрафт муттаҳид гардондани мамлакату халқҳои минтақа хидмат мекунад.
Дар доираи ҳамоиш ҷамъомади Шӯрои ҷавонони СҲШ низ баргузор гардид. Дар он Саркотиби СҲШ Владимир Норов, намояндагони иттифоқҳои ҷавонони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Русия ва Тоҷикистон иштирок карданд.
Дар ҷамъомад як қатор масъалаҳо оид ба ҳамаҷониба дастгирӣ намудани ҷавонони минтақа, беҳтар гардондани сифати таълим, фароҳам овардани имконият барои мубодилаи тарафайни таҷриба, кӯмак ба татбиқи лоиҳаҳои соҳибкорӣ ва ғояҳои инноватсионӣ, таъмин намудани шуғл муҳокима гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамон рӯз  ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши Шӯрои Машварати ҳамкорӣ ва чораҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Душанбе рафт.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: