ҲАМОИШИ ТОШКАНДӢ БИНОБАР АКСУЛАМАЛ БА ТАМАЪГАРӢ ВА ДАР БОРАИ РӮШОДӢ

3 декабри соли 2021 ҳамоиши тошкандии аксуламал ба тамаъгарӣ ва вобаста ба рӯшодӣ баргузор шуд.

3 декабри соли 2021 ҳамоиши тошкандии аксуламал ба тамаъгарӣ ва вобаста ба рӯшодӣ баргузор шуд.
Дар он роҳбарони оҷонсиҳои зиддикоррупсионии Чин, Малайзия, Словения, Украина, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон, ҳамчунин намояндлагони ҳайатҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналхалқӣ, коршиносони хориҷӣ, вакилони вазорату идораҳо, идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Дар чорабиние, ки дар доираи Ҳафтаи мубориза бо тамаъгарӣ гузаронида шуд, Раиси Сенати Олий Маҷлис Т.Норбоева ширкат ҷуст.
Дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ роҳбари давлат таъкид кард, ки дар Ӯзбекистон муборизаи оштинопазир бо ин иллат ба дараҷаи нав бардошта шудааст, як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими қонунгузорӣ қабул гардиданд ва сохтори мустақил таъсис дода шуд.
Дар кишвари мо бобати аз байн бардоштани монеаҳои бюрократӣ, таъмин сохтани рӯшодӣ ва шаффофият дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлату ҷамъият, коҳиш додани «иқтисодиёти сиёҳ» ва татбиқ намудани лоиҳаҳои «Соҳаи бидуни тамаъгарӣ» чораҳо андешида мешаванд.
Дар ҳар ду палатаи парлумон кумитаҳои махсус бинобар аксуламал ба тамаъгарӣ таъсис ёфтаанд, идораи назорати парлумонӣ пурзӯр карда шуд.
Ғайр аз ин Оҷонсии аксуламал ба тамаъгарӣ ва Шӯрои миллӣ бинобар аксуламал ба тамаъгарӣ ташкил гардиданд.
Дар натиҷаи ислоҳоти мустақим дар соҳаҳои қонунгузорӣ ва маъмурӣ соли 2020-ум Ӯзбекистон ба 125 мавқеъ боло рафт ва дар индекси байналхалқии «Мониторинги маълумоти ошкоро» ҷойи 44-умро ишғол намуд. Таъкид шуд, ки ҳамзамон дар соҳаи идораи давлатӣ низ ба ҳаёт ҷорӣ намудани ифшои нишондиҳандаҳо бинобар 20 самт аҳамияти муҳим дорад.
Ӯзбекистон дар олам яке аз аввалинҳо шуда раванди «ҷараёни шаффофият»-ро мувофиқи Фармони Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ бинобар таъмин сохтани шаффофияти фаъолияти мақомот ва ташкилоти давлатӣ, ҳамчунин самарабахш татбиқ намудани назорати ҷамъиятӣ» пурзӯр намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои аксуламал ва пешгирии тамаъгарӣ, таъмин сохтани рӯшодӣ ва шаффофияти хидматҳои давлатӣ, пешниҳоди таҷрибаи миллӣ ва байналхалқӣ бобати ҷорӣ намудани механизмҳои пешқадами аксуламал ба тамаъгарӣ, ҳамчунин минбаъд такмил додани пойгоҳи ҳуқуқию идоравӣ дар мубориза бар муқобили тамаъгарӣ баррасӣ гардиданд.
Дар доираи Ҳамоиш моҳият ва махсусияти чораҳои зидди коррупсионӣ дар мисоли кишварҳои хориҷӣ кушода дода шуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ ба ҷомеаи байналхалқӣ натиҷаҳои ислоҳот бинобар аксуламал ба тамаъгарӣ дар кишвари мо пешниҳод гардиданд.
Ғайр аз ин вобаста ба қабул намудани чораҳои самарабахш бобати аксуламал ба тамаъгарӣ дар соҳаи идораи давлатӣ, аз ҷумла ҷорӣ кардани низоми «назорати маҷмӯӣ» барои мубориза бо тамаъгарӣ, пешгирии зиддияти манфиатҳо, усулҳои декларатсиякунӣ ва танзими моликияти ашхоси мансабдор, бинобар ҷалби идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои ахбори оммавӣ ба экспертизаи зидди коррупсионии ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва лоиҳаи онҳо мубодилаи афкор ба амал омад.
Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин шумораи нахустини маҷаллаи «Дайджести зиддикоррупсионии Ӯзбекистон» муаррифӣ карда шуд, ки мақсади он хабардоркунии ҷомеаи байналхалқӣ аз хусуси  ислоҳоти ҷории зиддикоррупсионӣ дар Ӯзбекистон мебошад.
Бинобар масъалаҳои баррасишуда барои иштирокдорон таклиф ва тавсияҳо тайёр карда шуданд.

Хабари матбуоти Сенати Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: