Ҳамоиши Ӯзбекистону Қирғизистон пурсамар буд

  • Ҳамоиши Ӯзбекистону Қирғизистон пурсамар буд
  • Ҳамоиши Ӯзбекистону Қирғизистон пурсамар буд
  • Ҳамоиши Ӯзбекистону Қирғизистон пурсамар буд
  • Ҳамоиши Ӯзбекистону Қирғизистон пурсамар буд
  • Ҳамоиши Ӯзбекистону Қирғизистон пурсамар буд

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сурат гирифт, ба анҷом расид.

Дар чаҳорчӯби барномаи дурӯзаи будубош музокироти сатҳи олӣ сурат гирифта, дар поёни он раҳбарон ба Изҳороти муштарак оид ба амиқсозии минбаъдаи густариши шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ имзо гузоштанд.

Маҷмӯи мустаҳками ҳуҷҷатҳои дутарафа қабул шуд. Дар соҳаҳои энергетика, мошинсозӣ ва саноати нассоҷӣ лоиҳаҳои бузурги муштарак оғоз гардиданд.

Сарони давлатҳо дар консерти муштараки устодони санъати Ӯзбекистону Қирғизистон ширкат варзиданд.

Имрӯз дар Хива мулоқоти сарони давлатҳо идома ёфт. Президентҳо бо иқтидори истеҳсолии комбинати қолинбофии  “Хива гиламлари”, инчунин  намоишгоҳи маҳсулот таҳти бренди "Дар Ӯзбекистон истеҳсол шудааст" шинос шуданд.

Роҳбарон якҷоя бо ҳамсаронашон аз марворидҳои таърихию меъмории шаҳри бостонии воҳа дидан карданд.

Дар анҷоми чорабиниҳои сафар Президент Шавкат Мирзиёев бо рафиқааш дар аэропорти байналмилалии шаҳри Урганҷ Садир Жапаров ва ҳамсарашро гусел карданд.

Баъд сарвари давлати мо ба Тошканд парвоз кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: