ҲАМОИШИ ЗАНОНИ РОҲБАРИ ПАРЛАМЕНТҲОИ КИШВАРҲОИ ҶАҲОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Ин нишасти 14-уми занони роҳбари парламентҳои кишварҳои ҷаҳон мебошад, ки бо ширкати намояндагони СММ, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Ассамблеяи парлумонии САҲА, вакилони парлумони 17 кишвари ҷаҳон ба вуқӯъ пайваст.

Ҳамоиши мазкур, ки дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи байнипарламентӣ ва Сенати Олий Маҷлис ташкил шудааст, таҳти унвони «Роҳбарии парлумонӣ: арзёбии хатарҳо дар таъмини самарабахши субот ва шукуфоӣ» сурат гирифт ва ду рӯз давом кард.
Дар оғози ҳамоиш  Паёми Президент Шавкат Мирзиёев ба иштирокчиён аз тарафи котиби матбуоти Президент Шерзод Асадов қироат гардид.
Ҳадафи асосии ин нишаст муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва амалҳои парлумонҳо оид ба тавсеъаи  ҳуқуқи занон барои таъмини босамари субот ва шукуфоӣ бо дарназардошти оқибатҳои пандемияи COVID-19 ва бӯҳрони марбут ба он мебошад. Барои ҳамин ҳамаи мавзӯъҳои рӯзномаи нишаст ниҳоят муҳим буда, барои сарнавишти ояндаи тамоми кишварҳои ҷаҳон аҳамияти бузург доранд.  
Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева дар ин маврид изҳор кард, ки ҳамкории зичи СММ ва Иттиҳоди байнипарламентӣ, аз ҷумла татбиқи тавсияҳои Қатънома оид ба се принсипи ҳадафҳои рушди устувор, яъне масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ бояд идома дода шаванд. Ба гуфтаи ӯ дар ин ҳуҷҷат ба баробарии гендерӣ ва роҳбарии занон дар ҳалли тамоми масъалаҳои рушди миллӣ ва чолишҳои глобалӣ афзалият дода шудааст. 
Раиси Иттиҳоди байнипарлумонӣ Дуарте Пачеко зимни суханронӣ зикр намуд, ки  масъалаҳои баррасишуда ва хулосаҳои баёнгардида ба таъмини самаранокии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии занон хизмати босазо хоҳад кард. Ба гуфтаи мавсуф масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи самтҳо, аз қабили тарғиби арзишҳои демократӣ, дастгирии ҷавонон, робита бо Маркази инноватсионии Иттифоқ ба манфиати пешбурди кор хоҳанд буд.
Ноиби аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад аз тариқи онлайн ба иштирокчиёни нишасти 14-уми занон-роҳбарони парлумонҳо дар Тошканд мухтасар паём фиристод.  
Ин нишаст дар чаҳорчӯби ду иҷлосия мавзӯъҳои «Бартараф кардани хатарҳое, ки ба суботи глобалии пас аз пандемия халал мерасонанд» ва «Пешгирии хатарҳои марбут ба технологияҳо ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ дар ҷаҳони технология»-ро ба доираи баҳсу баррасӣ кашид.
Аз ҷумла, дар ҷаласаи аввал, ки ба он Кристиан Муттонен – коршиноси байналмилалӣ ва шарики идоракунандаи Central East Connect модераторӣ намуд,  ширкаткунандагон роҷеъ ба татбиқи чораву тадбирҳое ибрози ақида намуданд, ки ба роҳи эҳёи иқтисод, хосатан ба дурнамои рушди устувор дар асоси баробарӣ, фарогирӣ ва ҳифзи муҳити зист, коҳиш додани осебпазирии духтарон ва занон бахшида шудааст. 
Дар ин иҷлосия муовини мудири умумии Созмони ҷаҳонии меҳнат ва мудири дафтари минтақавии СҶМ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ҳайнс Коллер, роҳбари дафтари зерминтақавии Барномаи СММ оид ба муҳити зист дар Осиёи Марказӣ Айдай Қурманов (ҳарду онлайнӣ), муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Галина Карелова, раиси Шӯрои намояндагони Баҳрайн Фавзия Зайнал, раиси Маҷлиси миллии Озарбойҷон Соҳиба Гафорова ва дигарон баромад карданд.
Иҷлосияи дуюм ба ташаббусҳо оид ба пешбурди навовариҳои технологӣ дар иқтисодиёти рақамӣ ва меҳнат, ҳамзамон бартараф кардани нобаробарии рақамӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ дар робита ба пандемияи COVID-19 таваҷҷуҳ нигаронд. 
Нишасти 14-уми занони роҳбари парламентҳои кишварҳои узви Иттиҳоди байнипарламентӣ 9 сентябр бо қабули Қатъномаи Тошканд ба кори худ хотима бахшид.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: