ҲАМОСАИ ИНТИХОБОТ ПОЁН ЁФТ...

Инак ҳамосаву ҳангомаи пеш аз интихоботиву интихоботӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зоҳиран ба охир расид.

Инак ҳамосаву ҳангомаи пеш аз интихоботиву интихоботӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зоҳиран ба охир расид. Ба охир расид гуфтан эҳтимол чандон ташхиси дуруст набошад, чунки маъмулан дар ин мамлакат ҳар дафъае, ки як давраи интихоботи президентӣ ба поён расад, дигараш шурӯъ мегардад. Дар ҳар сурат, давраи охирини президентӣ чунин буд.
Ҳоло акнун гуфта мешавад, ки охирин маъракаи интихоботи президентӣ дар таърихи сохтори демократии ин мамлакат аз пуршӯртарину касифтарин буд, бо вуҷуди ин ки интихоботҳои пешин низ аз он монданӣ надоштанд.
Сарфи назар аз он ки дар мамлакат ҳизбҳои сиёсӣ зиёданд, мубориза маъмулан ҳам барои президентӣ ва ҳам барои конгресс байни ду қувва – ҳизбҳои ҷумҳурихоҳон ва демократҳо сурат мегирад. Аз ин боис аксарият ҳатто намедонанд, ки дар Амрико қувваҳои дигари сиёсӣ низ вуҷуд доранд.
Ҳамин тариқ, 3 ноябр низ ин ду ҳизби азамат бо тамоми ҳастӣ ва ҳашамати худ  пас аз як соли муборизаи шадиди номуросокорона ниҳоят ин марҳиларо анҷом доданд. Агарчи аксарияти интихобкунандагон – қариб 100 млн. нафар – пешакӣ овоз дода буданд, натиҷагирии дақиқ ва ҳисобу китоби овозҳо дар ягона рӯзи муқарраргардида сурат мегиранд, яъне ғалбер аз об бардошта мешавад.
Бояд гуфт, ки ин давраи президентӣ ва маъракаи интихоботӣ бо далели авҷи пандемияи коронавирус ва шиддат гирифтани вазъияти дохилӣ бо иллати низоъи байнинажодии сафедпӯстону сияҳпӯстон бештар тезутунд гузашт. Бо вуҷуди он ки ҳоло беш аз шаст сол ҳуқуқи сафеду сиёҳҳо баробар аст, дар ҷиҳати ҳимояи иҷтимоӣ ва баъзе бархурдорӣ аз имтиёзот афроамрикоиҳо дар нисбати сафедҳо бартарӣ доранд. Яъне онҳо барои давраи ғуломӣ ва поймолии ҳуқуқашон беш аз ним аср аст, ки гӯё аз ҳукумат товон мегиранд. Гуфта мешавад, ки бо вуҷуди ин то ҳанӯз сафи бекорон аз ҷумлаи сиёҳҳо нисбатан зиёд аст. Худашон ҳатто ҳамин падидаро низ чунин қаламдод менамоянд, ки ин нобарориашон ба туфайли ранги пӯсташон бошад. Соли ҷорӣ аз ҷониби политсия ногаҳон ҳалок гардидани сиёҳпӯсте бо номи Ҷорҷ Флойд сабаб гардид, ки дар тамоми мамлакат ҷунбиши сартосарӣ бо номи «Ҳаёти сиёҳҳо арзиш дорад» авҷ гирифта, тамоми алами ғуломии чорсадсолаи сиёҳҳо тоза гардида, ҳар ному нишону ёдгорие, ки он даврҳоро ба ёд меоварданд, нобуду шикаставу хароб карда шуданд. Дар ин ҷараён ҳатто муҷассамаи Христофор Колумби кишваркушову баҳрнавард, ки бо қасди фатҳи Ҳиндустон ба баҳр баромада, иштибоҳан ба заминҳои кураи барои аврупоиҳо номаълум, ки баъдан Амрико номгузорӣ гардид, афтида буд, амон намонд. Дар баъзе шаҳру штатҳо роҳбарон ба шиддати намоишгарону исёнҳо тоб оварда натавониста, худашон қарорҳоро имзо карда, муҷассамаи онҳоеро, ки дар замони худ барои аз Африқо овардани сиёҳҳо ва баъдан чун ғулом истисмор намудани онҳоро ба роҳ гузошта буданд, аз байн бурданд. Насли имрӯзаи ҷабрдидагони пешин бо ин ҳама қаноат карданӣ нестанд. Онҳо ҳоло дар ҳолатҳои оддӣ густохона метавонанд сафедпӯстонро таҳқир намоянд, ба иззаташон расанд, ҳатто дукону мулкашонро ғорат кунанд. Ҳамаи ин чунин маънидод карда мешавад, ки «давраи мо омад, ҳар чӣ хоҳем мекунем».
Агарчи суханони обшустаи «дар пеши қонун – ҳама баробар» дар ин мамлакат низ мисли ҳама ҷо маънидод карда мешавад, сиёҳҳо инро мехоҳанд ба таври худ талқин намоянд – «қонун ба мо дахл надорад». Аз ин рӯ қариб ҳар як боздошт шудани сиёҳпӯсте ва ё аз дасти политсия ҳалок шудани он чунон ғалат талқин мегардад, ки аз дасти муҳофизони қонуну тартибот гӯё фақат сиёҳҳо ҷабр медида бошанд. Аммо ҳисобу китоб аз ин фикрҳо фарқ мекунад, зеро соли 2019 аз тарафи политсия қариб 270 нафар афроамрикоӣ ҳалок гардида бошад, сафедпӯстони қурбоншуда беш аз 400 нафаранд. Бояд гуфт, ки дар ҳамин давра аз ҷумлаи ходимони политсия беш аз 200 нафар дар чунин ҳолатҳо ҳалок гаштаанд.
Хуллас, дар ин мамлакат ҳоло ҳама қувваҳои сиёсиву мазҳабӣ, нажодиву ҷинсӣ, гурӯҳҳои махсуси силоҳбадаст, сиёсатҳои «чапгаро»-ву «ростгаро» ба ҳам печидаанд. Пурсишҳои пешазинтихоботӣ нишон дода буданд, ки каму беш аз 40 фоизи ҷонибдорони ҳарду ҳизби сиёсӣ дар ҳар гуна сурат мағлубияти худро намепазиранд ва ба кучаҳо хоҳанд рехт, ки ба василаи намоиш ва боз кадом як шаклу шеваи номаълум ва ҳаросангез «адолат» талаб намоянд. Дар мамлакате, ки миқдори силоҳ аз саршумории аҳолиаш хеле зиёд аст, тасаввураш ваҳмангез аст, ки ҷонибҳои муқобил барои «адолат» ба силоҳ даст зананд. Аз манзараҳои бозгӯикунандаи шабакаҳои телевизионӣ маълум мегардид, ки дар бисёр шаҳру шаҳракҳо ба сифати чораи эҳтиётӣ дукондорону соҳибони қаҳвахонаву дигар мулкдорон дар арафаи интихобот ин бинову идораҳои равшану оинабанди худро аз берун тахтабанд мекарданд – чунки нигаронии онҳо аз ғорату шикастурехти баъди интихобот беасос набуд.
Чунин таҳаввулоти сиёсӣ дар як мамлакати абарқудрати ҷаҳон ба хориҷ аз он бетаъсир намемонад. Аз ин боис дар арсаи байналхалқӣ низ вобаста ба таваҷҷӯҳу бархурдашон ба ин ё он номзад нигаронӣ вуҷуд дошт, зеро назари номзадҳо ба ин ё он масъалаи арсаи ҷаҳон ва ё давлати алоҳидаву ҷараёнҳои онҳо гоҳо куллан фарқ мекард. Дар муносибат бо ин ё он ташкилоту иттиҳоди байналхалқӣ манфиати мамлакати худро афзал донистани номзади ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп дар зарфи чор соли президентии ӯ ба баъзе чунин созмонҳо латма ворид намуд. Ва акнун, ки рақиби ӯ аз ҳизби демократӣ Ҷозеф Байдени 77-сола дар интихобот пирӯз гардида, ба чор соли дигар интихоб гардид, табъан ин тамоил ва ҷараён тағйир хоҳад ёфт. Чун баъзе аз ин назарҳои барои Вашингтон ғайримуқаррарӣ ба худи ҷойгоҳ ва мақоми мамлакат дар корҳои ҷаҳон алоқаманданд, вобаста ба он тағйир хурдани андоза ва нуфузи онҳо ва дар натиҷа дигаргун гардидани қутбҳои сиёсати ҷаҳон аз эҳтимол дур нест. Ба қавли маъруф, ҳарчи дарахти бузургу сершох афтад, дарахтакони майдаи зераш низ амон намемонанд. Инро мо аз таърихи начандон дурамон – пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ хуб медонем.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
шореҳи сиёсии 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: