ё худ дар бораи барномаҳои таълими миллии навин ва мазмуни онҳо
Инак, таътили тобистона ҳам дар остонаи анҷомёбӣ асту соли нави таҳсил дар мекӯбад. Падару модарон ҳамин рӯзҳо сари андешаи омодагии фарзандон ба мактаб. Яке ғами сару либос, дигаре аз пайи дарёфти дафтару китобу қалам ва ҳоказо. Вале фоизи ками онҳо мавриди мазмун ва моҳияти таълиму тарбия андеша мекунанд. Ҳол он ки мазмуни таълим ва мақсади тарбия пагоҳ ё пасфардо пеши назари волидайн симои иҷтимоиву инфиродии фарзандашонро таҷассум мегардонад ва ҳамон рӯз баногоҳ, ба ҳайрат рӯ ба рӯ мешаванд, ки чаро чунин шуду чаро ончунин нашуд, бехабар аз он, ки худ ҷойе лоқайд буданд.
Воқеият ин аст, ки яке аз муҳимтарин омилҳои ташаккулдиҳандаи муҳити маънавии ҷомеа низоми таълиму тарбияи ҳукмрон ба шумор рафта, дар ҳама давру замон аҳамияти калон дорад ва агар волидайн ба мазмуни таҳсилоти ҷигарбандон беэътиборӣ зоҳир намоянд, сарфи назар аз соҳиби чӣ касбу чӣ ихтисос гардидани фарзанд, ба муҳити маънавӣ нағунҷидани ӯ ва ҳатто бегонашавии ӯро аз ҷомеа гувоҳ шуданашон аз эҳтимол дур нахоҳад буд.
Бинобарин, дар кишвари мо таълиму тарбияи насли ҷавон ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст. Мусаллам аст, ки аз нахустин рӯзҳои истиқлолият масъалаи зарурати комилан ислоҳ намудани низоми таълиму тарбияе, ки ҷавобгӯи талаботи замон нест, ба миён гузошта шуд. Дар натиҷа масъалаи таълиму тарбия пайваста дар роҳи такмилу тарвиҷ қарор гирифта, то қадри имкон ба беҳтарин намунаҳои таълими самаранок ва тарбияи оҳанги миллӣ дошта муяссар шуда истодааст. Агар ба манзараи ифодаи рақамии корҳои ислоҳот дар соҳаи таълиму тарбия мухтасар назар андозем, дидан мумкин, ки танҳо тайи чанд соли охир доир ба ислоҳоти низоми таълими халқ 2 фармон, 14 қарор аз ҷониби Президент, 16 қарор аз тарафи Девони Вазирон ба тасвиб расидаанд. Дар радифи ин ҳама, қабул карда шудани Консепсияи равнақи низоми таълими халқ то соли 2030, қонун “Дар бораи таълим” аз он далолат медиҳад, ки барои дарёфти мақбултарин низоми таълим, ки барои халқи Ӯзбекистон нафъе оварда тавонад, пайваста ҷустуҷӯ идома дорад.
Дар заминаи чунин ислоҳот ташаккул ёфтани муносибати нав, назари нав ба мазмуни таълиму тарбия тавассути ҳамгиройии арзишҳои миллӣ ва таълими замонавӣ ҳодисаи хурсандибахш мебошад. Чунки маҳз ҳамин тариқ, ба таълими миллӣ рӯҳияти миллӣ ҷой дода мешавад. Дар замони пуртаҳлукаи муосир масъалаи худшиносиву худогоҳии ҷавонон хеле мубрам гардида, дар ҷаҳонбинии онҳо баъзан коҳидани рӯҳияти миллӣ мушоҳида мешавад.
Бояд зикр кард, ки аслан тадриҷан ва зина ба зина ба роҳ монда шудани барномаҳои таълими миллии навин дар Ӯзбекистони Нав боз як шаҳодати мӯътамад бар он аст, ки дар ин сарзамин масъалаҳои таълиму тарбия ҳамеша дар маркази диққати давлат ва ҷамъият мебошад. Соҳаи таълиму тарбия бинобар ҳодисаи ҷамъиятӣ будани худ, баъзан аз дасти давру замонҳо рӯ ба коҳиш оварда, ҳатто гоҳе аз сарҳади моҳияти аслии худ берун мешуданд.
Тавре маълум аст, дар барномаҳои таълимии пештара бештар ба масъалаи додани дониши назарӣ эътибори хос зоҳир мешуд. Зимни он, муаллим ё худ устод ба воситаи усул ва методҳои педагогӣ, ки асосан ба азхудкунонии қисмати назарии дониш такя мекард, худ нақши нуфузӣ дошта, донишомӯз дар мавқеи дуюмдараҷа қарор гирифта, ба изҳори назар ва ифодаи фикру андешаи худ бидуни ризоияти устод ҳуқуқ надошт. Тавре маълумоти расмӣ гувоҳӣ медиҳад, 90 фоизи барномаҳои таълимӣ ба назария пайваста буданд.
Барномаи таълими миллии навин бештар ба афзудан ва рағбатнок намудани фаъолнокии шогирдон нигаронида шуда, таносуби ҳаҷмии назария ва амалиёт аз ҷиҳати фоиз баробар пешбинӣ шудааст. Ин ҷо таъкид кардан лозим, ки айнан зиёд гардидани қисми амалиёти ҷараёни таълим ба боло рафтани фаъолияти мустақилона ва андешаронии озоди донишомӯзон мусоидат хоҳад намуд.
Дар барномаҳои пешин масъалаи арзёбии фаъолияти шогирди мактаб, яъне баҳогузорӣ асосан ба ҳаҷми он донише, ки донишомӯз дар хотир дошта тавонистааст, нисбат дода мешуд. Ҳатто шогирди мактаб кадом қоида ва ё формулаҳои кимиёвӣ, физикӣ, математикиро азёд медонисту, роҳу усулҳои истифодаи онҳоро дар ҳаёти рӯзмарра тасаввур карда наметавонист. Барномаи навин бошад, пешбинӣ мекунад, ки бояд пеш аз ҳама маҳорати донишомӯз арзёбӣ шавад, яъне ба маҳорати дар амалиёт тасаввур кардан ва истифода бурда тавонистани дониши вай бояд баҳо дода шавад.
Дар масъалаи шумораи фанҳои тадрисӣ ва ҳаҷми таълими онҳо ҳам талабот ва рӯҳи замон ба инобат гирифта шуд. Ин дар чӣ ифода меёбад? Баъзе аз фанҳои таълимӣ аз барнома хориҷ шуданд. Баъзе фанҳо ба таркиби дигар фан ворид карда шуданд. Соатҳои таълимӣ низ аз нав баррасӣ шуданд. Муҳимтарин нуктаи ин ҷараён он буд, ки ба донишомӯзон имконияти мувофиқи барномаҳои вариативӣ интихоб намудани фанҳо аз рӯйи шавқу хоҳиши шахсӣ фароҳам оварда шуд, ки дар асоси онҳо шогирди мактаб ба ҳаёт ва фаъолияти касбии оянда омода мешавад. Тибқи барномаи таълими миллии навин фанҳои тадрисӣ дар синфҳои аз поён ба боло идомаи мантиқии ҳамдигар буда, дар асоси тамоили аз сода ба мураккаб омӯзонида мешаванд.
Хуб, аз тарафи давлату ҷомеа ба таълиму тарбия эътибор ва корҳои амалӣ хуб ба роҳ монда шудаанд. Ин неъмати бузург. Аммо дар ҷараёни таълиму тадрис нуқсонҳое низ ба чашм мерасанд, ки нодида гирифтани онҳо рӯзе “мева” хоҳад дод. Гуфтанием, ки имконияти фароҳамовардаи давлатро мақсаднок, сифатнок идора карда ба истеъмолгарон расонидани он ҳам талабҳои ба худ хос дорад. Чунки маҳз омили инсон баъзан ба тороҷу бесифатии маҳсулот сабаб мешавад. Бесифатӣ дар интихоби маводи дидактикӣ, ки аз тарафи муаллифи китоб роҳ дода мешавад, бо кадом роҳҳо ё “ким-чӣ хел” мешаваду аз ҳама озмунҳо гузашта рӯйи мизи мактабии донишомӯз ҷой меёбад. Яъне, онро масъулон нодида мегиранд. Ҳамин аст “омили инсон”. Дар ин мақолаи хурд аз овардану исботи нуқсонҳои фаровон худдорӣ намуда, фақат таъкид бояд кунем, ки мазмуни китобҳои дарсӣ ҳанӯз пурра ҷавобгӯи барномаи таълими миллии навини Ӯзбекистони Нав нестанд. То рӯзе, ки муаллими мактаб ҳамчун фарзанди ҷонсӯзи миллат аз нуқсу камбудиҳои маводи таълим ҳарф назанад, имкониятҳои фаровон ба бод хоҳанд рафт.
Бо назардошти фикрҳои фавқ, ба назари мо, волидайнро ҳам вақти он расидааст, ки ба сифати таълиму тадрис, ба ҷараёни донишомӯзии фарзандон, ба мазмуни таълими миллӣ эътибори бештар зоҳир намуда, худро аз мушоҳидакори одӣ ба ифодагари афкори иҷтимоӣ табдил диҳанд. Ва ниҳоят, бояд ҳамагон кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар мазмуни таълими миллии имрӯза баробари рӯҳияти замон рӯҳияти арзишҳои миллӣ низ муштарак ва ҳамоҳанг ҷой ёбанд.
Зебунисо ФАЙЗУЛЛОЕВА,
доктори фалсафа (PhD) оид ба фанҳои педагогика.