«ҲАМРОҲИ БАД МЕБАРАД...»

Ибораҳои “Оила – риштаи муқаддас”, “Оила – неъмати бебаҳои ҳаёт”, “Ватан аз остона сар мешавад”-ро хуб медонем.

 Оила дар асоси ризоияти ду шахс барпо гардида, онҳо баҳри ҳаёти хушбахт қадамҳои мубораки худро мегузоранд. Дар оиладорӣ масъулияти мард бояд зиёдтар бошад. Дар асл фаҳмиши таъмини оила танҳо вазифаи мард аст гуфтан нодуруст. Таъмини маънавии фарзандон бар зиммаи ҳам падар ва ҳам модар бояд бошад. Муҳаммад (с.а.в.) таъкид менамояд: “Беҳтарин ҳадяи падар ба фарзанд одоби зебо мебошад”. (Ривояти Тирмизӣ).
Эътибор ба зан ва тарбияи фарзанд ба мустаҳкамии оила мусоидат мекунад. Падар барои фарзанд ҳамон вақт падари хуб мегардад, ки модари ӯро дӯст дорад, қадр ва ҳифз намояд. Тарбияи кӯдак, ҷаҳонбинӣ ва ҳатто ояндаи вай дар муҳити оила, муносибати падару модар ташаккул меёбад. 
Мутаассифона, имрӯзҳо чунин риштаи муқаддас бо сабабҳои ноарзанда, бо ихтилофи тарафҳо канда шуда истодааст. Ҷудошавӣ ва парокандагии оилаҳо зиёд ба назар мерасанд. Дар натиҷа кӯдакони бегуноҳ азият мекашанд. Ҳол он ки чӣ қадар оилаҳо, падару модарон ба нохуни фарзанд зор ҳастанд. Ҳамаи инро дида ҳар шахси солимфикр ба андеша меравад. Оилаҳое ҳастанд, ки 10-15 сол фарзанд надидаанд, аммо оиларо муқаддас шуморида, ҷудоиро ихтиёр накардаанд. Боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки оилаҳои бефарзанд ятимону бепарасторонро ба фарзандӣ қабул намуда, амалҳои савобро иҷро мекунанд ва сафи чунин саховатпешагон торафт зиёд мегардад. 
Ба мактабҳои ихтисосонидашудаи имконияташон маҳдуд рафта, мебинем, ки онҳо ба ҳаёт, ба оянда чӣ қадар меҳр доранд, шукрона мегӯянд, чашмони умедбахши фарзандонро дида падару модарон низ ашки шодӣ мерезанд. Зеро ҳар як фарзанде, ки дар оилаи осуда ба воя мерасад, албатта боиси рӯсурхии падару модари худ мегардад.
Агар ба таърихи ғании халқамон назар андозем, гувоҳи он мегардем, ки хислатҳои неки инсонӣ: ватанпарварӣ, ҳалолӣ, ростгӯйӣ, меҳнатдӯстӣ аввало дар муҳити оила ташаккул ёфтааст. 
Падару модарон набояд фаромӯш кунанд, ки хулқу атвор ва табиати кӯдак даставвал дар  муҳити оила ташаккул меёбад. Фарзанди солиму солеҳ аз осмон намеафтад, дар назорати волидон тарбия ёфта ба камол мерасад. Агар падару модар ба тарбияи саривақтии фарзанд бепарвоӣ ва беэътиборӣ зоҳир намоянд, кӣ будани рафиқони ӯро надонанд, ба роҳи нодуруст қадам мегузорад, ки дар ин маврид мақоли халқӣ “ҳамроҳи бад мебарад ба роҳи бад” ба хотир меояд. Қалби кӯдак ба коғази сафед монанд аст, дар он ҳар чӣ лозим ояд, менависанд. Барои тарбияи дурусти фарзанд аз ҳамаи имкониятҳо истифода бояд кард. Моҷарову беҳурматии байни падару модар ба тарбияи фарзанд таъсири бад мерасонад, вай дар ин оила бо нафрат ва ғазаб ба воя мерасад ва рӯзе ин нафрат сабабгори ҳолатҳои нохуш шуданаш мумкин. Қалъаи оиларо мустаҳкам ва аз боду борон ҳифз намудан дар дасти худамон.          

Завқибек МАҲМУДОВ,
ходими хурди илмии 
Институти таърихи 
Академияи фанҳои Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: