ҲАМРОЗИ РӮҲИ БОНУВОН

Яке аз олимаҳои эҷодкор, ки тамоми умр дар ҷодаи илму маърифат заҳмат кашидааст, Маҳбуба Қодирова мебошад.

Яке аз олимаҳои эҷодкор, ки тамоми умр дар ҷодаи илму маърифат заҳмат кашидааст, Маҳбуба Қодирова мебошад. М. Қодирова соли 1919 дар Тошканд дар оилаи зиёӣ чашм ба дунё кушод. Баъди хатми мактаби миёна ба факултети филологияи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон дохил шуда, таҳсилро идома дод. Соли 1931 донишгоҳро хатм намуда, ба аспирантураи Донишкадаи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон дохил шуд. Соли 1961 доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Нодира рисолаи номзадиашро ҳимоя намуд. 
М. Қодирова даставвал ба сифати стенографисти донишкада, дертар ходими хурди илмӣ ва ходими калони илмӣ фаъолият бурд. Аз соли 1967 ӯ дар Осорхонаи адабиёти давлатии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ ҳамчун ходими калони илмӣ ва то охири умр (2002) ба омӯхтани ҳаёт ва мероси адабии шоираҳои шинохтаи Шарқ: Робияи Балхӣ, Зебуннисо, Увайсӣ, Нодира, Дилшоди Барно, Саодатбегим, Муштарӣ, Муслиҳабегим, Анбаротун ва дигарон машғул шуд. Аз оғози солҳои 60-уми асри ХХ осори ӯзбекӣ ва форсӣ-тоҷикии Нодираро дар асоси дастхатҳо омӯхта, аввал “Асарҳои интихобнамудаи Нодира”-ро бо сарсухан, эзоҳ, нишондод ва луғатҳо аз нашр баровард. Аз ҳама муҳимаш, китоб шеърҳои тоҷикии Нодираро, ки ба аҳли илму фан то ҳол маълум набуд, дарбар гирифтааст. Олима маҳорати бадеии санъаткор, жанру мавзӯи шеърҳои дузабонаи Нодираро таҳлили ҷиддӣ намуд. Дар натиҷа, ҳосили меҳнати чандинсолаи ӯ – монографияи “Ҳаёт ва эҷодиёти Нодира” рӯйи чопро дид. Дертар ба забони русӣ низ нашр гардид. Биографияи мукаммали илмии Нодира ба қалами манбаъшинос М. Қодирова мансуб мебошад. 
Маълум аст, ки дар ашъори шоираҳои асри XIX баробари мавзӯи анъанавии ишқ, муҳаббат, фироқ ва ҷудоӣ хислатҳои хуби инсонӣ, маърифатпарварӣ, тарғиби илму ҳунар, шарафи инсон баланд арзёбӣ шудаанд. Манбаъшинос М. Қодирова дар тадқиқотҳои худ ба соҳае, ки мутлақо мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст, эътибори алоҳида дод. “Фалсафаи сиёҳон”, “Собит-ул-башар”, “Таърихи муҳоҷирон” барин ёдгориҳои то ҳол омӯхтанашударо таҳлил намуд. Самараи ҷустуҷӯҳои чандсола буд, ки олима ба забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ даҳҳо мақола навишта, тавассути нашрияҳои даврӣ, маҷаллаҳои соҳа, маҷмӯаҳои илмӣ оммавӣ гардонд, дар асоси далелҳои нав монографияҳо навишта ба дасти чоп супорид. 
М. Қодирова соли 1975 дар ҷамъомади шӯрои илмии ихтисосонидашудаи назди Академияи илмҳои Ӯзбекистон рисолаи докториашро таҳти мавзӯи “Тақдири инсон ва халқ дар ашъори шоираҳои асри XIX”, ки дар ҳар як давру замон мавзӯи муҳим ба шумор мерафт, бомуваффақият ҳимоя намуд. Дар ҷамъомад донишмандони соҳа иштирок намуда, тадқиқоти олимаро муҳокима намуданд ва таъкид намуданд, ки рисола ба талабот ҷавобгӯ аст. Бад-ин тариқ, Маҳбуба Қодирова ба унвони баланд – доктори илмҳои филологӣ мушарраф гардид. Ин дастоварди бузурги илмӣ ба доктори ҷавон ғайрату шуҷоат бахшид. Вай баробари корҳои осорхона ба омӯхтани паҳлуҳои нави ашъори шоираҳо, навиштани мақолаҳои илмӣ, кашф намудани асарҳои нави Нодира пардохт. Дар ин соҳа бо тарҷумонҳои рус аз наздик ошноӣ пайдо кард. Пайи ҳам асарҳои ӯ “Эй сарви равон”, “Муаззамхон”,”Таърихи муҳоҷирон», «Дилшод”, “Маликаи шеър ва муҳаббат” рӯйи чопро диданд. Худи ҳамон солҳо бори аввал ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ мунтахаботи Зебуннисо, Анбаротун, Дилшоди Барно рӯйи чопро диданд. 
Умуман, манбаъшиноси моҳир М. Қодирова яке аз эҷодкорони заҳматкаш мебошад, ки фаъолияти худро ба таҳлили асарҳои тоҷикӣ ва ӯзбекии шоираҳои асри XIX бахшидааст. Тадқиқоти ӯ бахшида ба ашъори Робияи Балхӣ низ яке аз дастовардҳои илмии нодир ба ҳисоб меравад. Хидматҳои олима дар рушди илму фани кишвар аз ҷониби ҳукуматамон муносиб арзёбӣ гардид. Ӯ бо унвони Арбоби хидматнишондодаи илми Ӯзбекистон, бо медал ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонда шудааст. 

Ҳамидҷон ҲОМИДӢ,
доктори илмҳои филологӣ, профессор. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: