ҲАМСАРАМ

Занам маро дӯст дорад ё на, аз ман не, аз ҳамсоягонам пурсед.

 Рӯзе нест, ки бо ман  муомилаи хуб  ё мусолиматомезона  суҳбат  кунад. Аз  ким-кадом  ҷойҳо суханҳои дурушту хомро ёфта, нисбати  ман  истифода  мекунад.  Муроҷиаташ ба  ман  бо суханҳои даъвогаронаю дуруштхӯй:  «хез», «рав», «бас», «шин», «қап», «хӯр» ва  ғайра  сар шуда,  бо  «аз дастат  ягон  чиз  намебиёяд»  тамом  мешаванд. Ягон  коре  карда  набошам,  ки  мувофиқи  табъи  дилаш бошад.  То ҳатто тоқиамро дар сарам  гӯё  нодуруст  мемонам. Ҳар  як  сухани  ӯ  чун халаи  найза  гӯё  дар пушти  ман  бошад. Чунин  муносибати  ӯ  маро ба  ташвиш  овард.  Аз  ӯ гурехтан  ҳам  наметавонам,  маро, аз  як  тараф,  гӯё  бо занҷир  баста  раҳо  намекунад,  аз  тарафи  дигар,  бе ӯ  ман зиндагиро  ба  худ  тасаввур  карда наметавонам.   
Рӯзе  мехостам  дар  дилаш раҳму  шафқатро  бедор  кунам  ва  худро дар  ҷои  хобам  партофта,  дар  ҳолати  ниммарг  андохта,  вой-вой  «Ковид-19»  гуфта, хоб кардам.  Занам  омада,  ба  ҷои он,  ки  «ба  ту  чӣ  шуд» гӯён  пурсад,  болиштамро аз зери сарам  бо  шиддат як сӯ партофта, пӯписа кард: – «Хез,  ҳама  мурданд,  ту  ҳам  мемурӣ,  гусфандонро  об  деҳ». Ман,  ба  назарам,  одами  танбал  нестам,  кори  хонаро хуб  ба ҷо  меоварам,  масъулияти  баланди  хонаводагӣ  ҳам  дорам,  занамро  дӯст  медорам,  ба  ланго-ланг  гаштани  ӯ  ҳам  диққат  намекунам,  зеро  барояш зебанда  аст.  Аммо бо  вуҷуди  ин  чунин муносибат… рафтори  таҳқиромез  ва  нешзании  ҳаррӯзаи  занам  маро  то  ҳадде  ба изтироб овард,  ки  мехостам  ба  мутахассиси калони  руҳӣ муроҷиат  кунам.  Фикр  кардам,  ки  шояд занам  ба  бемории руҳӣ  мубтало шуда  бошад,  зеро фишору  таҳдиди беасосаш манро ба  тарки  хонаву  оила  водор  намуд. Занҳо  як  асрори  барои  мардон  даркнашавандае  доранд. Онҳо кадом  фикру  зикре,  ки дар  дилу каллаи  мардон пайдо нашавад,  ба  осонӣ  бо гувоҳии дили худ  хонда  метавонанд  ва  тибқи  он  рафтор  мекунанд.
Ман  чанде  пеш  дар қалбам  дилбастагии  бисёре  бо духтари  ҷавоне  ихтиёр  кардам.  Ин  духтар  қалбамро,  чуноне ки  мегӯянд,  «забт»  карда, зикри  занамро  аз  дилам  берун  бароварданӣ  шуд.  Занам бо  гувоҳии дили  худ  ин  ҳолати  диламро  дарк карда,  бешуурона ба  «мубориза»  хест.  Ӯ  аввал хост  маро  аз дилбастагӣ  бо  ин  духтари  ҷавон  маҳрум  намояд,  баъд  чорае  барои  зиндагии  ояндаи  худ  дида  барояд.
Майли бевафоии  ман  нисбат  ба  ӯ  дар  дилаш  алангаи  хиёнатро  барангехт.  Рашк  ӯро  беқарор  намуд.  Ман  бо  як  мушкилӣ  бошад  ҳам,  инро  пай  бурдам. Дилбастагии  худро  бо  ин  духтари  ҷавон аз  қалбам  соқит кардам.  Андешаҳои  ҳаррӯзаи  худро  аз  тарҳи  рӯяш  ва  нашъаи  ӯ  пок  кардам.  Нохост занам  якбора  мисли  гул  шукуфт,  мехост  худро зери  поям  партояд,  тамоми буду вуҷудаш ба  ихтиёри ман  гузошт,  аз чашмонаш  нури  меҳр  пошидан  гирифт.  Мисли он ки  бо болҳои  зебои  малоик  дар  осмон  парвоз кунад.  Агар пеш дар  назарам  «аз  дастат  чизе  намеояд»  мегуфт,  акнун  ба  «Султони  қалбаш»  табдил  ёфтам.
Ё  парвардигори  олам,  гуфтам.  Шумо  дар  қалби  мард  танҳо  як зан  ва  дар  қалби  зан танҳо  як  мард  ҷойгузин  кардаед. Ин  ҷойи муқаддас,  агар  пайваста  иваз  шавад,  аз  ихлос  орӣ  бошад,  зиндагӣ  лаззат  ва  саодати  худро,  ки  дар  зери  пардаи  дил  ниҳонанд,  гум  мекардааст.  
Саргузашти  зиндагии  якҷояи  зану  шавҳар,  бо  тамоми  пасту  баландиҳояш,   дар  шакли чин  (ожанг)  дар  чеҳраашон  гиреҳбандӣ  мешавад ва ин гиреҳбандиҳо  барои  фарзандонаш, набераю  аберагонаш,  чун  дарси  аёнии  зиндагӣ  хоҳанд  шуд.
Дар  оиладорӣ  бо  зан  зиндагӣ  кардан  ҳам  як  намуди  санъат будааст.  Агар нақши худро  дуруст,  бо  ихлос  бозӣ  карда  натавонӣ,  пушаймонӣ,  танҳоӣ,  ҷанҷолу  хархаша,  муҷаррадӣ  як  умр  домангират  мешаванд. 

Ҳақназар 
ҚУРБОНМАМАДОВ,

ш.ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: